Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?

Соли 2025 дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 422 оила ба маблағи 6,6 млн сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод. Ӯ, ки 13-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дафнпулӣ нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1,1 млн […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Соли 2025 дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 422 оила ба маблағи 6,6 млн сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ, ки 13-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дафнпулӣ нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1,1 млн сомонӣ камтар пардохт шудааст ва теъдоди онҳое, ки ин маблағро дарёфт кардаанд 931 нафар кам шудааст.

Сабаби коҳиши пардохти дафнпулиро Абдураҳмон Ҳалимзод чунин шарҳ дод:

“Пеш аз ҳама баланд бардоштани некӯавҳолии мардум мебошад, яъне кам шудани шумораи камбизоатҳо. Сабаби дуюм корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ, аз ин ҳисоб коҳиш ёфтанд”, – гуфт Ҳалимзода.

Аммо ӯ шарҳ надод, ки “корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ” чӣ аст ва он а коҳиши пардохти дафнпулӣ чӣ гуна таъсир расонидааст.

Ба қавли Ҳалимзод дафнпулӣ баробар ба 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.

Соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 78 сомонӣ муқаррар шудааст ва дафнпулӣ 1 ҳазору 560 сомонӣ мешавад.

Соли гузашта як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва барои дархост пешниҳод кардаҳо 1 ҳазору 500 сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дафнпули як навъ пардохт ё кӯмакпулии иҷтимоӣ аст, ки ба оилаҳои камбизоат дода мешавад. Оилаҳои камбизоатро мақомоти маҳаллӣ муайян ва сабт мекунанд. танҳо бо пешниҳоди маълумотнома аз ин ниҳод, метавон дафнпулӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.