Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон хабар дода, онро боиси ташвиш хонд. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта миёни ноболиғон 715 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли пеш 41 ҳолат бештар будааст. Ин теъдод дар соли 2024 ба 674 баробар буд. “Ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон хабар дода, онро боиси ташвиш хонд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта миёни ноболиғон 715 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли пеш 41 ҳолат бештар будааст. Ин теъдод дар соли 2024 ба 674 баробар буд.

“Ин хеле боиси ташвиш, боиси ташвиши падару модарон, омӯзгорон ва тамоми ҷомеа мебошад”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Дар ин баробар, вазир аз камшавии ҷиноят миёни ҷавонон иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соли 2025 аз сӯйи ҷавонон 3 ҳазору 116 ҷиноят сабт шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 848 ҳолат камтар аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 3 ҳазору 964 ҷиноят бо иштироки ҷавонон сабт шуда буд.

Чанд рӯз қабл Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон аз афзоиши ҷиноят миёни наврасон изҳори нигаронӣ карда буд.

“Навраси имрӯза ҷавони оянда аст. Агар дар синни наврасӣ ба ин кор даст занад, теъдод зиёд шавад, онҳо ҷавон мешаванд ва барои тамоми соҳа мушкил эҷод мешавад”, – гуфта буд Гулаҳмадзода.

Бояд гуфт, ки то кунун даҳҳо хабар дар бораи ҷанҷол ва ҳатто одамкушии ноболиғону ҷавонон дар расонаҳо интишор шудаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ҳам гоҳо ҷузъиёти ҷинояткории ноболиғону ҷавононро ташреҳ медиҳад.

Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2025 пулиси Душанбе ҷузъиёти ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷрӯҳ шудааст, расонаӣ карда буд. Ин ниҳод он вақт гуфта буд, ки ҳодиса дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...