Ҷанҷоли наврасон дар Душанбе боиси марги як ноболиғ шудааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ доданд

Пулиси Душанбе ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст, шарҳ дод. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷолро ду нафар – Н.  Раҳматшозода ва А. Раҷабов ташкил кардаанд. […]

Asia-Plus

Пулиси Душанбе ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғонро дар ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи он як наврас кушта ва як тани дигар маҷруҳ шудааст, шарҳ дод. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса рӯзи 9-уми ноябр дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷанҷолро ду нафар – Н.  Раҳматшозода ва А. Раҷабов ташкил кардаанд. Дар пайи ин муноқиша, Н. Раҳматшозода “бо корд” ба бадани А. Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Ҳамчунин, дар ин муноқиша як ноболиғи дигар бо номи Ш. Шарифов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Мақомот дар пайи ин ҳодиса Н. Раҳматшозодаро боздошт ва алайҳаш бо иттиҳоми одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Маълум нест, ки гумонбар ноболиғ аст ё болиғ. Бар асоси иттиҳоме, ки алайҳи Н. Раҳматшозод эълон шудааст, ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мешавад.

Назари ҷонибҳо ё пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.

Мақомот гуфтаанд, нисбати дигар ширкатдорони ин муноқиша ва сабабу омилҳои сар задани он тафтишот идома дорад. Вале маълум нест, ки чанд нафар дар робита ба ин қазия боздошт шудаанд. Дар ду аксе, ки пулиси Душанбе нашр кард, 15 нафар дида мешавад.

Навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳси зиёдро барангехт.

Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон, ки аксаран аз баҳс дар шабкаҳои иҷтимоӣ оғоз мешавад,  рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Қаблан, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январ як ноболиғро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.