Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон зиёд шуд

Дар зарфи 9 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 3,7 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки 512,1 ҳазор тонна ё худ 15,8% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз идомаи афзоиши истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 9 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 3,7 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки 512,1 ҳазор тонна ё худ 15,8% бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз идомаи афзоиши истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд. Дар соли 2026 истеҳсоли 4 млн 620 ҳазор тонна ва соли 2027 – 4 млн 819 ҳазор тонна семент ба нақша гирифта шудааст.

Нархи семент низ боло рафт: аз оғози соли 2025 он ба андозаи 9,4% боло рафт, ки ба болоравии талабот ба масолеҳи сохтмон вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 16 корхонаи истеҳсоли семент амал мекунанд. Зиёда аз 80%-и истеҳсол ба се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин рост меояд: «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент».

Дар баробари ин сохтмони иқтидорҳои нав ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ширкати “Ориён инвест” корхонае сохта истодааст, ки аз лиҳози иқтидор бузаргтарин дар минтақа мешавад (1,8 млн тонна дар як сол). Айни замон корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар кишвар “Тоҷиксемент” (1,2 млн тонна дар як сол) маҳсуб меёбад, ки соли 2023 каме дуртар аз Душанбе сохта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.