11 соли маҳрумият аз озодӣ барои куштори ноболиғ

Як сокини ноболиғи пойтахт барои куштори ноболиғи дигар айбдор ва ба 11 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, 17-уми майи соли 2022 дар маркази дилхушии “Беҳин”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, байни ноболиғ Ҳ.Ҳ. ва […]

Як сокини ноболиғи пойтахт барои куштори ноболиғи дигар айбдор ва ба 11 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ, аз озодӣ маҳрум шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи сомонаи ин ниҳод, 17-уми майи соли 2022 дар маркази дилхушии “Беҳин”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, байни ноболиғ Ҳ.Ҳ. ва 10 нафар хонандагони синфи 8-и мактаби №15-и ин ноҳия муноқишаи лафзӣ cap задааст. Ба муноқиша ҳамчунин 5 нафар ноболиғи дигар, ки тавассути яке аз иштирокчиёни муноқиша даъват шуда буданд, ҳамроҳ шудаанд.

Ин ниҳод менависад, ки миёни ин гуруҳ ҷангу занозанӣ сурат мегирад ва дар ҷараёни он Ҳ.Ҳ. бо истифода аз корди сайёҳӣ ба қафаси синаи К.А. мезанад. Дар натиҷа К.А ҳангоми интиқол ба Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ бинбар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан, ба ҳалокат расидааст.

Дар пайи ин ҳодиса, Ҳ.Ҳ. бо ҳукми Суди Олӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳоии 11 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.