Кормандони гумруки Панҷи Поёни Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як далели интиқоли ғайриқонунии молу ашёҳҳои дорои хусусияти таърихиву фарҳангии миллиро ошкор ва пешгирӣ карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, шаҳрванди Афғонистон Гулбиддини Муҳобиддин мехост бидуни ҳуҷҷатҳои лозима ва иҷозатномаи махсуси Вазорати фарҳангӣ Тоҷикистон 12 адад матоъҳои тариқи дастии гулдӯзиро, ки болопӯши болиштҳо буда, арзиши тахрихиву миллӣ доштанд, ба кишвараш интиқол бидиҳад.
Гуфта мешавад, ҳолати мазкур пешгирӣ карда шуда бо дастрасии моддаи 570-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Гулбидини Муҳобиддин парвандаи маъмурӣ оғоз гардид.



