Телевизору аудиосистемаҳои нави LG ELECTRONICS барои кишварҳои ИДМ

Имрӯз  дар меҳмонхонаи Lotte ширкати  LG Electronics (LG) қатори нави техникаи соли 2016-ро, ки  OLED- телевизорҳои  беназири экранаш 2,5 мм-и ба панели шишагӣ насбшуда, SUPER UHD ва UHD –телевизорҳо бо диагонали  аз 43 то 86 дюйм ва қатори  азнавшудаи Full HD телевизорҳоро дар бар мегирад, ба маъраз баровард. Ҳамчунин қатори маҳсулоти  аудио ва видео якҷоя […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз  дар меҳмонхонаи Lotte ширкати  LG Electronics (LG) қатори нави техникаи соли 2016-ро, ки  OLED- телевизорҳои  беназири экранаш 2,5 мм-и ба панели шишагӣ насбшуда, SUPER UHD ва UHD –телевизорҳо бо диагонали  аз 43 то 86 дюйм ва қатори  азнавшудаи Full HD телевизорҳоро дар бар мегирад, ба маъраз баровард.


Ҳамчунин қатори маҳсулоти  аудио ва видео якҷоя бо  минисистемаи пурқуввати DJ-эффектдори  X-Boom, хати азнавшудаи  моделии саундбарҳо, шабакаи нави мусиқӣ ва баландгӯякҳои беноқили сайёр барои намоиш пешкаш карда шуданд.


OLED


ва SUPER UHD ТЕЛЕВИЗОРҲОИ 


LG

Ширкати LG бори дигар тасдиқ намуд, ки бо пешниҳоди моделҳои нави OLED- телевизорҳои  55-, 65- и 77-дюйдор бо экранҳои ҳамвору камоншакл, ягона истеҳсолкунандаи OLED-телевизорҳо барои доираи  васеи истифодабарандагони бозори  Русия  ба ҳисоб меравад. Ҳамаи моделҳои   OLED-телевизорҳо бо интиқоли олии  рангҳояшон фарқ мекунанд. Ҳамаи моделҳои   OLED-телевизорҳои     қатори  нав  меъёрҳои навтарини HDR – Dolby Vision  ва HDR10-ро дастгирӣ намуда, ҳамчунин шаҳодатномаи мувофиқати   Dolby Laboratories ва  UHD Альянсро доро мебошанд. Ҳамчунин OLED-телевизори  LG бо аудиосистемаи  бисёршабакавӣ муҷаҳҳаз аст, ки  якҷоя бо  ширкати harman/kardon® коркард гардидааст.

Дар қатори  телевизорҳои SUPER UHD  4K, ширкати  LG  моделҳои бо дисплеи    IPS 4K Quantum муҷаҳҳазшударо низ пешкаш намуд, ки бо интиқоли дақиқ ва мавҷудияти гаммаи васеи рангҳо фарқ мекунад. Моделҳои пешсафи ULTRA HD- телевизорҳои  LG бо системаи бисёршабакавии  пахши садои ULTRA Surround System ва баландгӯякҳо таҷҳизонида шудаанд, ки низ якҷоя бо  ширкати   harman/kardon® коркард гардидааанд. Моделҳои нави телевизорҳои LG-и соли 2016 дар заминаи системаи такмилёфтаи webOS 3.0. кор мекунанд.

Системаҳои нави

LG X-BOOM

Қатори  навкардашудаи минисистемаҳои  X-Boom бо  воситаву вазифаҳои нав, ки  барои ташкили шабнишинии калон пешбинӣ шудаанд, муҷаҳҳаз мебошанд. Воситаи «Акселератори шабнишинӣ» имконият медиҳад, ки тавоноӣ  то ба 4800  Вт зиёд  ва дурахшонии равшанидиҳанда то сатҳи ниҳоӣ баланд бардошта шавад. Модели CM9960  дорои вазифаи  Cross Fader аст, ки  барои сохтани  микс аз ду оҳанг пешбинӣ шудааст. Имсол ширкат қатори маҳсулоти  X-Boom Solo-ро пешниҳод  намуд. Тамоми системаи функсионалии  X-Boom-   ин   аудиосистемаи тавонои   ба шакли    амудӣ  насбшуда, дар як қисмат ҷойгир карда шудааст.


 

А

УДИОСИСТЕМАи  FH6

Боз як навгонии конфронси гузашта аудиосистемаи мусиқии FH6 бо имконияти насби амудӣ  ва ё уфуқӣ буд. Садои пурқуввати 600 вт, 2 сабвуфер бо имконияти равшанидиҳӣ ба ҳар баландгӯяк, мавҷудияти караоке   ва  диҷей-имкониятҳо- ин фақат чанде аз имкониятҳои системаи  FH6 мебошад!


Саундбарҳои


LG


Катори нави  саундбарҳои  ширкати LG бо дизайни минималистӣ ва истифодаи масолеҳи  баландсифат  фарқ менамояд. Технологияи ASC (назорати адаптивии садо), ки аз ҷониби   LG коркард шудааст, сифати садопахшкуниро беҳтар  мекунад. Технологияи  LG Auto Sound Engine мувозинати суръати  садоро  муносиб менамояд. Хамаи навгониҳои имсола ба телевизор тавассути Bluetooth-и беноқил пайваст карда мешаванд.


Мониторҳои  нав ва проекторҳои


LG


Ширкати  LG Electronics IT-навигариҳояшро  тавассути  монитори камоншакли UltraWide бо формати   21:9-и экран ва  иҷозати тасвири QHD, IPS-монитор бо иҷозати тасвири    Ultra HD 4K ва IPS-монитори   дисплеяш Infinity  ба маъраз баровард.

Ба ғайр аз ин, дар намоишгоҳи LG    ултра LED-проектори фокускутоҳ барои кинотеатри хонагӣ бо ТВ-тюнери  рақамии насбшуда барои тамошо   пешкаш гардид.

Муфассал дар сомонаи

http://www.lg.com/kz/press-releases/01042016pressrelease

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.