Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд, ки мутобиқи онҳо, муҳлати супурдани имтиҳони тахассусӣ ё худ касбӣ барои бархе аз дараҷаҳои адвокатҳо боз ба муддати се моҳ дароз карда шуд.
Қобили зикр аст, ки муҳлати супурдани имтиҳони тахассусӣ барои адвокатҳои Тоҷикистон рӯзи 27 марти соли равон ба итмом расида, тибқи маълумоти Вазорати адлия, аз 2 ҳазор адвокати то имтиҳон фаъолиятдошта ҳамагӣ ба 312 нафар муяссар шуд, ки ин имтиҳонро муваффақона супурда, ба сертификати дахлдор соҳиб шаванд.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, вакил Мавлуда Қаландарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳукумат тамдиди муҳлати супурдани имтиҳонҳоро танҳо барои он адвокатҳои пешниҳод мекунад, ки беш аз 10 сол собиқаи корӣ дар фаъолияти адвокатӣ ё беш аз 15 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносиро дошта бошанд.
Имтиҳоноти тахассусӣ аз ҷониби комиссияи касбӣ мутобиқи қонун «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки 28 марти соли 2015 қабул шудааст, гузаронида шуда, дар моддаи 14-и он – «Роҳ додан ба имтиҳони тахассусӣ» тартиби роҳ додани довталаб ба имтиҳон саҳеҳ зикр шудааст.



