Сохтмони терминали Дӯстӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист

Сохтмони терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»- и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода рӯзҳои наздик пурра ба итмом расонида мешавад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, сохтмони иншооти мазкур 3- уми майи соли 2014 оғоз гардида, ягона терминале ба шумор хоҳад рафт, ки ба тамоми талаботҳои муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад […]

ASIA-Plus



Сохтмони терминали наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ дар назди дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»- и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Турсунзода рӯзҳои наздик пурра ба итмом расонида мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ, сохтмони иншооти мазкур 3- уми майи соли 2014 оғоз гардида, ягона терминале ба шумор хоҳад рафт, ки ба тамоми талаботҳои муосири байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд.

«Терминали «Дӯстӣ» ба соҳибкорон шароити мусоид фароҳам меоварад, то ки расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бехароҷоти зиёдатӣ дар як ҷо анҷом диҳанд», – таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, масоҳати қаламрави терминал 5 гектарро фаро гирифта, он аз якчанд бино, аз ҷумла бинои дуошёнаи маъмурӣ барои гумрукчиён, ошхона, меҳмонхона, хобгоҳ барои ронандагон (беш аз 200 нафар бо ҷойи хоб таъмин карда мешаванд), анбори нигаҳдории маҳсулот, сардхона, ҷойи махсус барои таъмири мошинҳо, таваққуфгоҳ, нуқтаи мубодилаи асъор, нуқтаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва сабукрав, тарозуи рақамӣ, ҳавзи оташнишонӣ, нуқтаҳои алоҳидаи шустушӯӣ (душ), қаҳвахона, нуқтаи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ ва истгоҳи обтаъминкунӣ иборат аст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.