Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 апрел ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили омодагӣ ба иҷлосияи навбатии санаи 14 апрел таъиншудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Тавре аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» хабар доданд, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ бобати иҷрои қарор «Дар бораи омодагӣ […]

Аваз Юлдошев



Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 4 апрел ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили омодагӣ ба иҷлосияи навбатии санаи 14 апрел таъиншудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Тавре аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» хабар доданд, М.Убайдуллоев ба сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ бобати иҷрои қарор «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» дастуру супоришҳо додааст.

Раиси пойтахт ҳамчунин дастур додааст, ки зимни ивази номи кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳо дар навбати аввал пешниҳодҳои аҳолӣ ва мутобиқати он ба талаботи таъриху фарҳанги миллӣ ба инобат гирифта шавад.

Дар ҷаласа бори навбатӣ масъалаи марбут ба фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баррасӣ ва ба директори МД «Душанбенақлиётхидматрасон» Абдулҳақ Алиев ва сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт Файзиддин Камолов барои баратраф кардан камбудиҳо дар ин самт як моҳ муҳлат дода шуда, ба онҳо танбеҳи охирин эълон шудааст.

Раиси пойтахт дастур додааст, ки дар муҳлати як моҳ оид ба таъмини ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ бо сарулибоси ягона ва хотима бахшидан ба истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти аудио ва видео дар нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Зимни ҷаласа дар дастгоҳи раиси пойтахт як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бо қарори раиси пойтахт, Анвар Шарифов – муовини раиси дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ Саъдулло Қаюмзода  – мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии дастгоҳи раиси пойтахт, Отамурод Бекмуродов – мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ва Шаҳноза Раҳматуллоева – директори КВД Пажӯҳишгоҳи «Душанбешаҳрсоз» таъин шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.