Парвандаи адвокат Бузургмеҳр Ёров ба суд ирсол шуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намуд. Хешону наздикони адвокат ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба парвандаи Б.Ёров муҳри махфӣ гузошта шуда, баррасии он пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр […]

ASIA-Plus



Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокати тоҷик Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Хешону наздикони адвокат ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба парвандаи Б.Ёров муҳри махфӣ гузошта шуда, баррасии он пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307

1

(Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.