Мурофиаи 13 узви ҲНИТ шояд рӯзи шанбе ба итмом расад

ASIA-Plus



Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки пушти дарҳои пӯшида ҷараён дошт, шояд рӯзи шанбе, 9 апрел ба итмом расад.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи шанбе, 9 апрел суд ба кори худ идома медиҳад. «Ахиран ҷаласаи суд бояд санаи 29 март доир мегардид, аммо бо сабабҳои номаълум он баргузор нашуд, – гуфт ӯ. – Имрӯз ба мо гуфтанд, ки мурофиа рӯзи шанбе идома меёбад. Шояд ин мурофиаи охирин бошад. Ба ман ваъда доданд, ки пас аз содир шудани ҳукми суд, ба дидорбинӣ бо ҳамсарам иҷозат медиҳанд».

Аммо Билол, яке аз писарони узви боздоштшудаи ҲНИТ Зубайдулло Розиқов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки мурофиаи судӣ нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст. «Ба мо санаи мурофиаи навбатиро хабар надоданд ва мо чизеро намедонем. Ба мо дидорбинӣ бо падарамонро иҷозат намедиҳанд, танҳо баъди содир шудани ҳукм вохӯриро ваъда доданд», – иброз дошт номбурда.

Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ 24 феврали соли 2016 шурӯъ шуда, он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. 

Нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ низ наздикони боздоштшудагон

хабар дода буданд

, ки Суди олии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баррасии парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 13 нафар аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавқуф гузошта мешавад.

Радиои Озодӣ бо истинод ба раиси мурофиаи мазкур судяи Суди олии

иттилоъ медиҳад

, ки мурофиаи 13 узви баландпояи ҲНИТ ба поён расида, ҳайати додгоҳ ба хотири судури ҳукм дар хонаи машваратӣ қарор дорад.

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд. ҲНИТ ва роҳбари онро ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) санаи 4 сентябр амалӣ карданӣ буд. Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шудаанд.

Аъзои боздоштшудаи ҲНИТ инҳоянд:

1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;

2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №5 0;

3. Давлатов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;

4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;

5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;

6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;

7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;

8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;

9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;

10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;

11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;

12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;

13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10.

Бино ба маълумоти 

Радиои Озодӣ

, рӯзи 8 феврал Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ даъват кард, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи  ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...