Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазъи ҷанги Амрикову Исроил зидди Ҷумҳурии исломиро тавзеҳ дод ва гуфт, ки Теҳрон дар шароити кунунӣ тамоми диққати худро ба дифоъ аз кишвар равона кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Амрико ва Исроил мехостанд, ки дар зарфи 48 соат низоми Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе вазъи ҷанги Амрикову Исроил зидди Ҷумҳурии исломиро тавзеҳ дод ва гуфт, ки Теҳрон дар шароити кунунӣ тамоми диққати худро ба дифоъ аз кишвар равона кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Амрико ва Исроил мехостанд, ки дар зарфи 48 соат низоми Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва ҳузури мардум дар саҳна ин нақшаро вайрон кард.

Ба қавли ӯ, дар ин ҷанг беш аз 1 ҳазору 200 ғайринизомӣ ҷон бохтанд, вале “душман ба ҳеҷ як аз ҳадафҳои худ нарасид”.

Дар бораи вазъ дар Эрон муфассал аз забони сафири ин кишвар дар Тоҷикистон огоҳ шавед:

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Алиризо Ҳақиқиён аввалин бор ба “Азия-Плюс” мусоҳиба дода, перомуни шароити кунунии кишвараш ва ояндаи ин ҷанг гуфтугӯ карда буд, ки дар ин пайванд метавонед бубинед ва бихонед.

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.