Рӯзи 7 майи соли равон маросими ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мутсақим миёни шаҳри Лоҳури Покистон ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе доир мегардад.
Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро имрӯз дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти Покистон дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни ин шаҳрҳо ба пешбурд ва рушди савдо миёни кишварҳо ва боз ҳам наздиктар шудани робитаҳои мардуми ҳарду давлат мусоидат мекунад.
Сафир қайд кард, ки ба амалисозии ифтитоҳи ин хатсайр ширкати хусусии тоҷикистонии «Сомон Эйр» иқдом варзида, ӯ ба раҳбарияти ин ширкат изҳори сипос кард. «Умедворам, ки минбаъд баҳри иқдомоти нав дар самти наздикшавии халқҳоямон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем», – гуфт сафир.
Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта зимни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон дар бораи ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон тавофуқ ҳосил шуда буд. Созишнома дар бораи мухобироти ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳанӯз соли 2010 ба имзо расида буд.
Он замон зикр гардида буд, ки «ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Покистону Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, воридоти сармоя ба кишварҳо, фаъол шудани ташаббусҳои кориву созанда ва болоравии талабот ба хизматгузориҳои сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард».





