Home Blog

Аз муборизаи сиёсӣ то эҳёи Рӯдакӣ. Нақши устод Айнӣ дар ҳувиятсозӣ ва худшиносии миллии тоҷикон

Имрӯз, 15-уми апрел, дар Тоҷикистон зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ таҷлил мешавад. Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси “ҳастиву нестӣ” чун наҷотбахш зуҳур мекунанд. Барои мо, тоҷикон, Садриддин Айнӣ маҳз ҳамин гуна шахсият аст: касе, ки хишти аввалини бинои худшиносии моро дар асри XX гузошт. Миллатсозӣ ва ташаккули тафаккури миллии тоҷикӣ барои устод Айнӣ на танҳо як ҳадафи эҷодӣ, балки масъалаи кору пайкор ва ҳаёту мамот будааст.

Мо назари адабиётшиносон ва айнишиносони кишварро дар бораи нақши устод Айнӣ дар ҳувиятсозиву худшиносии миллии тоҷикон пурсидем.

Бо қалами оташбор ба муборизаи сиёсӣ бархест

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, айнишиноси шинохтаи тоҷик, дар ҳамоише, ки дар зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, гуфт, дар аввали солҳои бистуми садаи бист, замоне ки тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна бо шиддат авҷ мегирифт, ҳифзу ҳимояи ҳастии халқи тоҷик ба як баҳси доманадор ва пур аз ихтилоф табдил ёфта буд.

Ба қавли ӯ, маҳз дар ҳамин давраи ҳассос устод Айнӣ ва ҳамфикронаш ба майдони муборизаи сиёсию иҷтимоӣ бархостанд ва ҷони худро дар хатар монда, дар миёни зиёиён ва ҷомеа аз худшиносиву бедории миллӣ мегуфтанд.

“Устод Садриддин Айнӣ ба зулми ноодилонаи таърих таҳаммул накарда, аз қадимият ва ҳастии халқи тоҷик дифоъ мекард ва фикру мулоҳизаҳояшро рӯйирост дар матбуоти даврӣ баён менамуд. Устод ҳамчун ҷонфидои халқи тоҷик ба муборизаи сиёсӣ бархоста, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҷасурона аз забон ва фарҳанги тоҷикӣ дифоъ мекард ва пеши роҳи тундгароёни миллатгарои ашаддиро гирифта, бар зидди онҳо тавассути қалами оташбор, мақолаҳои асоснок ва афкори илмӣ ҷавоби саҳеҳ менавишт”, – гуфт Раҳмонзода.

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Акс аз муаллиф

Вай афзуд, устод Айнӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр, ба мисли “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Дониш ва омӯзгор” ва ғайраҳо мақолаҳои зиёде интишор карда, бо исрор таъкид мекард, ки тоҷикон дар ин қаламрав мардуми омада ва омехта набуда, балки соҳиби таърих, забон ва фарҳанги қадимиву соҳибони аслии ин диёранд.

Эҷоди “Намунаи адабиёти тоҷик”

Муҳимтарин хидмати устод дар ин давра, ба андешаи ин айнишинос, таълифи тазкираи бунёдии “Намунаи адабиёти тоҷик” буд.

Раҳмонзода гуфт, ки устод Айнӣ дар муддати 7 моҳ (аз марти соли 1925 то октябри ҳамон сол) тамоми маводи илмӣ ва таърихиро шабонарӯз заҳмат кашида ҷамъоварӣ намуд ва соҳиби хат, забон ва адабиёти оламшумул будани тоҷиконро ба таври қатъӣ исбот кард.

Ба қавли ӯ, чопи ин тазкира дар соли 1926 рақибони сиёсӣ ва миллатгароёни бадхоҳро дар шигифт гузошта, боиси баланд шудани рӯҳияи зиёиёни тоҷик ва дилгармии мардум шуд.

Кашфи оромгоҳи Рӯдакӣ

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси шаҳири тоҷик, бар ин назар аст, ки барои устод Айнӣ миллатсозӣ ва доштани тафаккури миллии тоҷикӣ муҳим буд.

Ӯ ҳам таъкид кард, ки омода кардани асаре мисли “Намунаи адабиёти тоҷик” дар зарфи 7 моҳ кори саҳл набуд ва “фақат Айнӣ метавонист ин корро анҷом диҳад, зеро донишманде мисли ӯ, ба дараҷаи ӯ огоҳ дар он замон вуҷуд надошт”.

Аммо Сатторзода ба як ҷанбаи дигари ҳувиятсозии Айнӣ ишора мекунад: “Ҷустуҷӯҳое, ки устод Айнӣ дар ёфтани қабри устод Рӯдакӣ карданд, бемислу монанд аст! Айнӣ тамоми манбаъҳоро санҷида, ба хулосае омад, ки Рӯдакӣ бояд дар атрофи Самарқанд ва Панҷакент бошад”.

Абдунабӣ Сатторзода
Акс аз муаллиф

“Бо мактубнависӣ ба котиби ҳизби коммунисти Панҷакент ва пурсуҷӯ аз мардикорони деҳаи Фороб, ӯ деҳаи Панҷрӯдро пайдо кард. Баъдан, бо пешниҳоди устод Айнӣ дар Академияи илмҳо ҳайати ҷустуҷӯ ташкил шуд ва инсоншиноси машҳур Герасимов устухонҳои шоирро ёфта, чеҳраи ӯро аз рӯйи сарчашмаҳои мантиқие, ки Айнӣ фароҳам оварда буд, барқарор кард. Ин кашфиёти муҳими устод Айнӣ буд, ки Рӯдакиро дубора зинда кард”, – гуфт адабиётшинос.

Аз исботи “тоҷик” то сохтани Тоҷикистони нав

Қадами дигари муҳим дар худшиносӣ, ба гуфтаи профессор Сатторзода, навиштани мақолае дар бораи истилоҳи тоҷик дар сарчашмаҳо аст. Ба қавли ӯ, ин мақолаи таҳқиқотӣ исботи мавҷуд будани қавми муаззаме ба номи тоҷик буд, то ба даҳони онҳое, ки мегуфтанд тоҷикон гӯё эрониҳои гумном ҳастанд, муҳри хомӯшӣ занад.

Сатторзода ҳамчунин аз нақши устод Айнӣ дар бунёди Тоҷикистони нав ва овардани зиёиёни Самарқанду Бухоро ба Душанбе ёдовар мешавад. Бо таъсиси ҶМШС ва дертар ҶШС Тоҷикистон устод Айнӣ сабабгори ба кишвари навтаъсиси тоҷикӣ омадани даҳҳо чеҳраҳои адабии машҳури мо шуд, ки ҳамаи онҳо ҳам барои худшиносии миллии тоҷикон саҳми бориз гузоштанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ба қавли Сатторзода, муҳимтарин коре, ки дар роҳи худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии мо анҷом дод, эҷоди асарҳои мондагор аст.

“Устод Айнӣ дар солҳои сиюм бо романи “Ғуломон” ва қиссаи “Одина” замони пешро сиёҳ карда, бартариҳои Шӯравиро нишон дод, вале дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ “Қаҳрамонии халқи тоҷик – Темурмалик”-ро навишт ва дар охири умр шоҳасари худ “Ёддоштҳо”-ро ба вуҷуд овард, ки беҳтарин асар дар шинохти таърихи миллат аст”, – мегӯяд профессор Сатторзода.

Пайванди ориёӣ, дифоъ аз забон ва сипоҳи маънавӣ

Рустами Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон ва устоди донишгоҳ, бар ин бовар аст, ки ҳеҷ як аз осори устод Айнӣ, хоҳ адабӣ, хоҳ забоншиносӣ ё таърихӣ бошад, ҳаргиз аз мавзӯи худшиносии миллӣ бебаҳра нест.

Дар ин баробар, ин ҳамсуҳбати мо ба масъалаи ҳувиятсозӣ аз зовияи жарфтар нигоҳ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “худи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бо таъкид ба нуқтаи мабдаъ ва асли худшиносии тоҷикон шуруъ мешавад, ки он ёдоварии мансубияти ин қавми муаззам ба ирқи орӣ (асли ориёӣ) ҳаст”.

Ӯ таъкид мекунад, ки “то замони ба ин мавзӯъ баргаштани академик Бобоҷон Ғафуров, маҳз устод Айнӣ бори аввал дар матни таърихиву адабии мо аз истилоҳи “ориёӣ” ҳамчун маншаи ирқи тоҷикон ишора кардааст”.

Рустами Ваҳҳоб бо овардани як хотираи ҷолиб шахсияти устод Айниро чунин тасвир мекунад: “Устод Айнӣ бисёр босалобату бовиқор будаанд ва ҳамеша суҳбаташон орому бо таанниву мӯътадил анҷом меёфтааст. Вале агар касе бихоҳад, ки устод Айниро аз ин ҳолат хориҷ кунад, баҳсро дар бораи забон сар мекард… Дигар устод ба шӯр меомад”.

Рустами Ваҳҳоб
Акс аз муаллиф

“Барои устод Айнӣ забон асли гавҳари худшиносӣ ба шумор мерафт ва дар мақолаи дар бораи истилоҳи тоҷик метавон қиёми маънавӣ ва рӯҳии ӯро дар ин роҳ мушоҳида кард”, – иброз дошт Рустами Ваҳҳоб.

Ба қавли ин донишманд, устод Айнӣ гарчанде мутаассиб набуд, хуб пай бурда буд, ки “вуҷуди кишвари ӯ, вуҷуди кишваре бо номи Тоҷикистон ба таъйид ва тасдиқи илмӣ ва воқеии ҳувияти тоҷикӣ вобаста ҳаст ва ин барояш масъалаи маргу зиндагӣ буд”.

Рустами Ваҳҳоб ҳам аз ҳамроҳ овардани “сипоҳи маънавӣ” аз Самарқанду Бухоро ва атрофи он ба Тоҷикистони навтаъсис ишора карда, мегӯяд, ки онҳо аз равшанфикрон ва аҳли саводи замони худ буданду маҳз ба хотири сухани устод Айнӣ озими Сталинободи вақт шуданд.

Ба гуфтаи ин донишманд, устод Айнӣ дар ҷашни 75-солагиаш ба равшанфикрони ҳамроҳ овардааш муроҷиат карда, гуфтааст, ки тасмим дорад адабиёти нави тоҷикро бунёд кунад ва ривоҷ диҳад ва аз онҳо хостааст дар ин роҳ ба ӯ мусоидат кунанд, то “ин тифли нозпарвар”-аш дарбадар нашавад.

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад…

Ба ҷойи хулоса

Тавре аз таҳлил ва дидгоҳи ин се донишманди тоҷик бармеояд, нақши устод Садриддин Айнӣ дар худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллати тоҷик фарогир ва бунёдӣ будааст.

Аз муборизаҳои шадиди матбуотӣ дар аввали қарни гузашта барои ҳифзи номи тоҷик ва эҷоди “Намунаи адабиёти тоҷик”, то ҷустуҷӯ ва кашфи қабри сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ; аз пайванд додани решаҳои таърихӣ ба ирқи ориёӣ, то эҷоди асарҳои мондагори таърихӣ ва гирд овардани нерӯҳои зеҳнӣ дар пойтахти кишвар – ҳамаи ин далолат бар он мекунанд, ки устод Айнӣ на танҳо як адиб, балки меъмори ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистони муосир мебошад.

Ин се донишманди тоҷик муътақиданд, ки хидматҳои устод Айнӣ дар дифоъ аз забон ва фарҳанги миллӣ чун сипаре буд, ки ин миллатро аз гирдбодҳои таърихи садаи бист эмин нигоҳ дошт, то мо ба Тоҷикистон соҳибистқлол расем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

70% хариду фурӯши манзил дар пойтахт: “Somon.tj” бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистонро барои семоҳаи аввали соли 2026 арзёбӣ кард

“Somon.tj” – пойгоҳи №1 дар соҳаи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили бозорро барои семоҳаи якуми соли 2026 (Q1 2026) нашр кард. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бозор ҳамоно фаъол боқӣ монда, қисми асосии талабот ба пойтахт рост меояд.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳо, 71,4%-и хариду фурӯши манзил шаҳри Душанберо фаро мегирад, яъне қариб аз ҳар чор фурӯш сетояш маҳз дар пойтахт сурат мегирад. Ин нишондиҳанда бори дигар мақоми пойтахтро ҳамчун маркази асосии талабот, сармоягузорӣ ва шаҳрнишинӣ тасдиқ мекунад.

Шаҳри Хуҷанд бо 13,8% дар мақоми дуюм буда, дар зинаҳои баъдӣ шаҳру навоҳии зер қарор доранд:

 • Рӯдакӣ — 4,9%

 • Бохтар — 2,6%

 • Ваҳдат — 2,5%

 • Турсунзода — 2,1%

Мутахассисони “Somon.tj” қайд мекунанд, ки бозори минтақаҳо низ марҳила ба марҳила рушд мекунанд, аммо пойтахт ҳамоно муҳаррики асосии бозори амволи ғайриманқул боқӣ мемонад.

Нархи хона дар Тоҷикистон чанд аст?

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши манзил дар шаҳри Душанбе гаронтарин буда, нархи миёнаи хона тақрибан 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар як қатор минтақаҳо низ нишондиҳандаҳои наздик ба ин ба қайд гирифта шудаанд:

 • Ванҷ — 830 ҳазор сомонӣ;

 • Нуробод — 600 ҳазор сомонӣ;

 • Варзоб — 560 ҳазор сомонӣ;

 • Хоруғ — 540 ҳазор сомонӣ;

 • Ховалинг — 500 ҳазор сомонӣ;

 • Хуросон — 490 ҳазор сомонӣ;

 • Мӯъминобод — 460 ҳазор сомонӣ;

 • Исфара — 440 ҳазор сомонӣ;

 • Бӯстон — 430 ҳазор сомонӣ.

Тавре ки шарҳ медиҳанд, арзиши воқеии манзил аз масоҳат, ҳолати бино, таъмир ва ҷойгиршавии дақиқ вобаста аст.

“Somon.tj” то ҳол бузургтарин пойгоҳи эълонҳо дар кишвар боқӣ мемонад ва нишондиҳандаҳояш чунин аст:

 • зиёда аз 2 млн истифодабаранда;

 • беш аз 18 млн боздид дар як моҳ;

 • зиёда аз 500 ҳазор эълони фаъол ҳар рӯз.

Пойгоҳ бахшҳои гуногун – аз амволи ғайриманқул ва нақлиёт то ҷойи кор ва техникаро фаро мегирад.

Эълонҳои нав ва пешниҳодҳои муҳиму саривақтӣ оид ба амволи ғайриманқул дар саҳифаи асосии пойгоҳи “Somon.tj” дар бахши “Амволи ғайриманқул дар Somon.tj” дастрас аст.

Боздошти 6 ҷавон дар Душанбе бо гумони содир кардани ҷинояти сайберӣ бо истифода аз корти бонкӣ ва симкорт

0
Коллажи АП бо истифода аз намогирифт аз гузориши РВКД

Пулиси Душанбе аз ошкор кардани чанд ҷинояти сайберӣ бо истифода аз корти бонкӣ ва симкорти телефон хабар дода, гуфтааст, ки дар пайи ин 6 ҷавонро боздошт кардаанд. Гумонбарон аз номи шаҳрвандон аз бонкҳои гуногун корт гирифта, аз интернет ғайриқонунӣ пул ба даст меовардаанд.

Раёсати корҳои дохилӣ (РВКД) дар Душанбе, рӯзи 15-уми апрел дар як гузориш аз саркардаи ин гурӯҳ Муҳаммадҷон Маҳмадализода, сокини 24 солаи пойтахт ном бурда, гуфтааст, ки аз ӯ 615 корти бонкӣ, 20 телефони мобилӣ ва шумораи зиёди ҳамёни электронӣ дарёфт кардаанд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ӯ аз номи шаҳрвандон аз бонкҳои гуногун корт дарёфт карда, ҳамёнҳои электронӣ ба қайд мегирифт ва корту ҳамёнҳоро “дар ихтиёри казинои сомонаҳои интернетӣ гузошта, аз ин ҳисоб маблағи калон ба даст меовард”.

Аз Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки гумонбарон бо роҳи “ба иҷора додани кортҳо ва дар ихтиёри казиноҳои интернетӣ гузоштани ҳамёнҳои рақамӣ, маблағ ба даст меоварданд”.

Маҳмадализода дар гузориши РВКД ба гуноҳи худ иқрор мешавад, вале маълум нест, ки ин иқрор таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Пулиси Душанбе аз дигар гумонбарон, Фариш Тайбуншоев, Муллошариф Мақсудов, Шодмон Зокиров, Соҳиб Турсунов ва Мавлуда Ахмедова ном бурда гуфтааст, ки охирӣ корманди маркази “деллерӣ” (хидматрасонӣ) аст. Вале, мақомот аз ин марказ ва бонкҳое, ки гумонбарон кортҳоро дарёфт кардаанд, ном набурдаанд. Бештари бонкҳо дар кишвар бе ҳузури шахсе, ки аз номи ӯ корт дарёфт мешавад, суратҳисоби бонкӣ намекушоянд.

“Муайян шуд, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ бо роҳи пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ шиносномаҳои шаҳрвандонро ба даст оварда, бе ризояти онҳо кортҳои пластикӣ ва симкортҳоро ба номи онҳо ба расмият даровардаанд. Бо ин роҳ онҳо мехостаанд, ки ҷиноятҳоро пинҳон доранд”,-зикр шудааст дар гузориши РВКД дар пойтахт.

Мақомот гуфтаанд, ки Муллошариф Мақсудов барои дарёфти корти бонкӣ ба ин гурӯҳ кӯмак мекард ва аз ӯ 1 ҳазору 315 корт гирифтаанд. Дар умум мақомот аз гумонбарон 1 ҳазору 910 адад корти бонкӣ дарёфт кардаанд, ки дар раванди ҷиноятҳои сайберӣ истифода мешудаанд.

Алайҳи гумонбарон бо иттиҳоми тайёр кардан ё ба муомилот баровардани кортҳои сохтаи бонкӣ (моддаи 282, қисми 2, банди “а”-и КҶ), парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то 8-соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбарони дигавр дар пайванд ба ин қазия дастрас нест.

Бояд гуфт, ки қалобии сайберӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, мақомоти интизомии кишвар низ борҳо сокинонро аз ин ҳолат, огоҳ карда буданд. Чанд бонк низ дар пайи шикояти шаҳрвандон аз рабудани пули онҳо аз кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои рақамӣ, вокуниш нашр карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2025 вобаста ба ҷинояҳои сайберӣ 45 парванди ҷиноятӣ алайҳи 114 тан боз шудааст.

Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд ва барои пешгирии он чӣ бояд кард? дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

0

Имрӯз, 15-уми апрел, зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, олим ва аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон мебошад. Ба ин хотир, мо пурсишеро дар қолаби 10 саволи ҷолиб омода кардем, то дониши худро дар бораи ҳаёт ва мероси мондагори устод Айнӣ санҷед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Хайрулло Саидов, писари соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов, бо нашри муроҷиатнома дар саҳифаи Фейсбуки худ гуфт, мақомоти масъули иҷрои қарори додгоҳ, тасмим доранд охирин манзили истиқоматии онҳоро дар маркази пойтахт мусодира кунанд ва нигаронӣ кард, ки дар ин ҳолат, фарзандони онҳо бидуни сарпаноҳ мемонанд. Қарори мусодираи хона аз сӯйи додгоҳ чанд сол пеш содир шудааст.

Хайрулло Саидов навишт, дар хонае, ки тасмими мусодирааш гирифта шудааст, дар умум, 23 нафар, аз ҷумла 17 кӯдаки хурдсол зиндагӣ мекунанд ва дар сурати иҷрои қарори додгоҳ ҳамаи онҳо бесарпаноҳ хоҳанд монд.

“Инак, охирин сарпаноҳи фарзандони Зайд Саидро гирифтанианд ва фарзандону наберагони ӯро дар кӯча гузоштанианд. Хуб, ҳукми маъруф ба “Тақозои замон” падарамро ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кард ва тамоми молу дороии ӯ ва фарзандону наздиконашро ба ҳабс гирифт. Оё ягон қонун иҷозат медиҳад, ки амволу дороии гуноҳкор бе исбот ва далели ин ки ғайриқонунӣ ба даст омадааст, мусодира карда шавад? Гузашта аз ин, чаро бояд амвол ва дороии зану фарзандони ӯ мусодира шавад? Ҳабс кардан – маънои бе исботу далел мусодира кардани амволро дорад?”, – навишт Хайрулло Саидов.

Писари соҳибкори зиндонӣ ишора кард, ки замони сохтмони ин хонаҳо дар маҷмааи “Пойтахт-80”, фарзандони Зайд Саидов аллакай дар синни балоғат буданд, фаъолияти соҳибкорӣ доштанд ва бо даромади шахсии худ дар бунёди ин биноҳо саҳм гузоштанд.

Хайрулло Саидов аз мақомоти дахлдори кишвар хоҳиш кардааст, ки “ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед, нагузоред, ки оби чашми ин тифлакон бирезад ва дар ин рӯзҳои сахти ҳаётамон сарсону ҳайрон дар кӯча монанд”.

Биное, ки хонаи ҳабсшудаи пайвандони Зайд Саид ҷойгир аст
Акс аз Радиои Озодӣ

“Мо дар мулки бегона не, дар Ватани худ дучори чунин муносибат шудаем. Мо бояд ба куҷо равем, дар куҷо зиндагӣ кунем? Агар падарамон “гунаҳкор” аст, бояд мо фарзандону набераҳо ҳам муҷозот шавем?”, – омадааст дар матни муроҷиатнома.

Аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳукм нисбат ба Зайд Саидов ва мусодираи амволи ӯ “барвақт қувваи қонунӣ гирифтааст, вале мусодираи амвол дар доираи он бар дӯши ниҳодҳои дигари дахлдор асту ҳанӯз идома дорад”.

Бояд гуфт, иҷрои дастури додгоҳ ба зиммаи Хадамоти иҷро аст ва амволи ба фоидаи давлат мусодирашуда ба идораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вогузор мешавад.

Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон ва пас аз барканорӣ аз ин мақом, ба тиҷорат машғул буд. Соли 2013 баъди талоши таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва баъдан бо иттиҳоми “суистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, сохтакории санад, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз)” ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан ба ҳукми ӯ 3 соли дигар илова шуд. Худи ӯ ва созмонҳои ҳуқуқи башар ин парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

0

Дирӯз, 14-уми апрел дидори мустақими Йехиэл Лейтер ва Надо Ҳамодаҳ, сафирони Исроил ва Лубнон дар Амрико бо ҳадафи поён додани ҷанги Исроил дар Лубнон бо миёнҷигарии Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Вашингтон баргузор шуд ва ду соат идома ёфт.

Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, ду кишвар аз соли 1983 ба ин сӯ чунин мулоқоти рӯ дар рӯе надоштаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико эълон кард, ки Исроил ва Лубнон пас аз мулоқоти сеҷониба бо Амрико ба мувофиқа расиданд, ки музокироти мустақимро дар вақт ва маконе, ки ба таври муштарак муайян мешавад, оғоз кунанд.

Сафири Исроил пас аз мулоқот бо ҳамтоии лубнонияш гуфтааст, ки “марзҳои байни ду кишвар ба таври возеҳ ва дақиқ муайян карда мешаванд” ва ягона далели воридшавии сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар” ё бо либоси корӣ ё бо либоси шиноварӣ барои истироҳат” хоҳад буд. Ӯ иддао кардааст, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон “беш аз ҳарвақта заиф шудааст” ва Исроил талошҳои худро барои “поксозии” ин гурӯҳ идома хоҳад дод.

Йехиэл Лейтер
Акс аз ТАСС/AP

Йехиэл Лейтер афзудааст, ки ҳукумати Лубнон акнун метавонад ба “давраи нави сулҳ” ворид шавад.

Сафири Лубнон дар Амрико ҳам гуфтугӯҳои аввалия бо ҳамтои исроилияшро “созанда” хонда, бар “зарурати фаврӣ иҷрои пурра”-и созишномаи қатъи дарагириҳо дар моҳи ноябри соли 2024 таъкид кардааст. Ин созишнома пас аз 13 моҳи низоъ байни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” ба даст омада буд, вале пас аз он ҳам ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон идома дошт.

Сафири Лубнон илова кардааст, ки ӯ, инчунин, хостори оташбас ва бозгашти овораҳои лубнонӣ ба хонаҳояшон шудааст.

Вале ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, Исроил аз баррасии оташбас бо Лубнон худдорӣ карда, ба ҷои ин аз Бейрут хостааст, ки “Ҳизбуллоҳ”-ро халъи силоҳ кунад. Вале ин гурӯҳ чунин талабро намепазирад.

Надо Ҳамодаҳ

“Ҳизбуллоҳ” мухолифи музокироти мустақим буд ва дар намояндааш дар он ҳузур надошт. Наим Қосим, раҳбари ин гурӯҳ қабл аз баргузории гуфтугӯҳои Исроил ва Лубнон хостори бекор кардани он шуда, музокираро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Ҳамлаҳои идомаёбандаи Исроил дар Лубнон созиши оташбаси шиканандаеро, ки рӯзи 8-уми апрел барои қатъи даргирӣ ба муддати ду ҳафта миёни Амрико ва Эрон ба даст омада буд, зери суол бурд. Эрон ва миёнҷигари оташбас Покистон гуфтанд, ки Лубнон дар оташбаси аввалия шомил буд, дар ҳоле ки Амрико ва Исроил иддао доранд, ки ингуна нест.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки то кунун боиси куштани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шудааст.

“Ҳизбуллоҳ” дар даргириҳо бо Исроил дасти кам 12 сарбози ин кишварро кушт.

Ҳоло даргириҳои ду тараф идома доранд ва Исроил ба Лубнон ҳамлаҳои сангини ҳавоӣ анҷом медиҳад. Рӯзи 8 апрел, каме пас аз эълони оташбас Миёни Амрико ва Эрон, Исроил беш аз 100 ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари Лубнон, аз ҷумла дар Бейрут, пойтахти он анҷом дод, ки дар натиҷа беш аз 350 нафар кушта шуданд. Ин яке аз рӯзҳои пурқурбонитарини ҷанги Исроил ва Лубнон то ба ҳол будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ФФТ тасдиқ кард, ки Горан Стеванович аз мақоми сармураббии тими миллӣ канор рафтааст

0
Горан Стеванович

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасдиқ кард, ки Горан Стеванович, мутахассиси 58-солаи сербистонӣ аз вазифаи сармураббии тими миллии кишвар канор рафтааст. Ин ниҳод 15-уми апрел сабаби тарки даста кардани Стевановичро ба тамом шудани муҳлати шартномааш рабт дод.

“Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Горан Стеванович барои саҳм дар рушди дастаи миллӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи мураббигӣ барору комёбиҳо орзу мекунад”, – гуфтааст ФФТ.

Ба гуфтаи манбаъ, “дар мавриди таъйини сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон маълумот дертар нашр мешавад”.

Қаблан расонаҳо аз рафтани Стеванович аз тими миллии Тоҷикистон хабар дода, сабаби онро ба созиш нарасидани мураббӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи тамдиди шартнома гуфта буданд.

Стеванович тирамоҳи соли 2025 сармураббии тими миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифта буд. Таҳти роҳбарии ӯ даста чор бозӣ анҷом дод, ки дар се бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Бо ин натиҷа даста соли оянда ба Ҷоми Осиё -2027 меравад.

Дар бораи корномаи Стеванович дар ин маводи мо маълумот гиред: Горан Стеванович чӣ корнома дорад?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

0
Акси марбут аз телевизиони "Тоҷикистон"

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон 49,6 млн евро қарзу грант медиҳад. Аз ин, 28 млн евро қарз ва боқимонда кумаки бебозгашт ё грант мебошад. Фоизи солонаи қарз 0,5% буда, бояд давоми 20 сол баргардонида шавад.

Созишномаи қарзиро вакилони Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи парлумон, рӯзи 1-уми апрел ба тасвиб расонданд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молия зимни муаррифии созишнома гуфтааст, ки ҳадафи он коҳиши талафот, беҳтаркунии тартиби пардохти пули барқ ва ҷамъоварии маблағ аз истифодаи барқ мебошад.

Аз Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 14-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар доираи лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯ”, аз БАТР 49,6 млн евро ҷалб шудааст, ки 28 млн евро қарз, 15 млн евро грант ва 6,6 млн евро кӯмаки техникӣ дар шакли грант мебошад.

“Ҳадафи асосии он иваз кардани инфрасохтори кӯҳна, коҳиши талафот, ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ, беҳтарсозии тартиби пардохт ва ҷамъоварии маблағ мебошад”,-гуфтанд аз Вазорати молия.

Аз ин ниҳод зикр карданд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур, навсозии шабакаҳои тақсимоти барқ дар 9 филиали шабакаҳои тақсимоти барқ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар назар буда, татбиқи он аз декабри соли 2025 оғоз шуда, то 30-юми майи соли 2030 идома мекунад.

Ба иттилои вазорат, фоизи солонаи қарзи ҷалбшуда 0,5%+ Eurobir буда, дар 20 сол бояд баргардонида шавад. Аз Вазорати молия гуфтанд, ки 6 соли аввал танҳо фоизи қарз пардохт карда шуда, дар 14 соли оянда қарзи асосӣ бо фоизи он ҳисобӣ карда мешавад.

Тавре аз ин ниҳод шарҳ доданд 0,5%+Eurobir, маънои онро дорад, ки вобаста ба биржаи ҷаҳонӣ дар вақти пардохти қарз ба он фоизи мушаххас илова мешавад. Фоизи Eurobir дар биржа ҳамарӯза иваз мешавад. Масалан агар фоизи қарзи додашуда 0,5% + Eurobir бошад ва рӯзи қарздиҳӣ фоизи  Eurobir 0,2% бошад, пас меъёри фоизи қарз 0,7% хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки созишномаи мазкурро, рӯзи 4-уми декабри соли гузашта Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Холгер Вифел, намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон имзо карда буданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни ироаи паёми худ дар парлумон гуфт, ки  талафоти нерӯи барқ дар кишвар давоми 11 моҳи соли 2025-ум 3 миллиард кВт соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500 миллион кВт соат кам шудааст.

Раисҷумҳур таъкид кард, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд”.

Коршиносон талафоти нерӯи барқро ба таъмирталаб будани тронсформатору зеристгоҳҳо ва симчӯбҳо рабт дода мегӯянд, ки бояд иваз шаванд то дар интиқоли нерӯи барқ мушкилӣ ба вуҷуд наояд. Ҳарчанд масъулин мегӯянд сатҳи талафоти нерӯи барқ дар каишвар ба 13% кам шудааст, вале коршиносон мегӯянд, ки талафот ба маротиб зиёд аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳафтуми шашуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

0
Акс аз хабаргузории Анадолу

Дар гузориши Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гуфта мешавад, бар асари оқибатҳои иқтисодӣ ва шиддат гирифтани низоъ дар Ховари Миёна ҳудуди 32 млн нафар дар саросари ҷаҳон метавонанд дар сатҳи фақр қарор гиранд.

Идомаи муқовимат ба даҳҳо миллион одамон дар 62 кишвар таъсир мерасонад. Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Дар Барноми рушди СММ таъкид мекунанд, ки ҳато дар сурати созиши муваққатӣ, буҳрон аз марҳилаи “шадид” ба “тӯлонӣ” мегузарад. То кадом вақте ки ин вазъият боқӣ монад, ҳамон қадар хавфи афзоиши фақру камбизоатӣ афзуда, дар ҳолати манфӣ ҷараён гирифтани вазъият, боз то 32 млн нафар одамон метавонанд дар сатҳи пасттар аз фақр қарор гиранд.

Ҳарчанд зарбаи асосӣ ба кишварҳои бевосита ҷалбшуда ба низои ҳарбӣ ва кишварҳои вобаста ба воридоти нерӯ ва сӯзишворӣ рост ояд ҳам, коршиносон оқибатҳои дарозмуҳлатро барои кишварҳои нисбатан камбизоат ва ҳатто дур аз минтақаҳои даргирӣ пешгӯӣ мекунанд.

“Ҷанг қадам ба қафо аст. Дар ҳафтаҳои башумор он метавонад натиҷаҳои кори чандинсоларо барҳам диҳад. Таҳлили мо нишон медиҳад, ки низоъ дар Ховари Миёна на танҳо ба кишварҳои бевосита ҷалбшуда дахл мекунад, балки бахусус ба онҳое, ки барои мутобиқат ва болоравии нарх ба нерӯ ва ғизо захираҳои кам доранд, зарба мезанад. Онҳо сари интихоб қарор мегиранд: нигаҳдории нарх дар айни замон ё сармоягузорӣ ба тандурустӣ, маориф ва ҷойҳои корӣ дар оянда. Ин қобили қабул нест ва метавон аз он канорагирӣ кард. Тадбирҳои саривақтӣ нақши калидӣ мебозанд”, – изҳор доштааст маъмури Барномаи рушди СММ ва муовини Дабири кулли Созмон Александр Де Кро.

Барои сабуксозӣ ва нармкунии оқибатҳои буҳрон Созмон як қатор тадбирҳо пешниҳод мекунад. Аз ҷумла, ин ҷо сари ҷорисозии пардохтҳои таъинотӣ ва муваққатии пулӣ барои оилаҳои камбизоат ва осебпазир сухан меравад, ки барои ин то 6 млрд доллар маблағ лозим аст.

Ҳамчунин ҷорисозии пардохти кумакпулиҳои муваққатӣ ва додани ваучерҳо ба истифодаи заминавии нерӯи барқ ва газ тавсия дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориш даст кашидан аз кумакпулиҳои умумии энергетикӣ, ки нархҳоро аз бозор паст нигоҳ медоранд, пешниҳод мешавад. Чунин тадбирҳо бисёр вақт дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта истифода шуда, бештар барои қишри таъмингардидаи аҳолӣ фоидаоваранд ва дар дурнамои дарозмуҳлат аз лиҳози молиявӣ ноустувор ба назар мерасанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.