95% сокинони шаҳри Душанбе аз норасоии оби нушокӣ азъият мекашанд? (садо)

Тибқи шикояту дархостҳои сокинони шаҳри Душанбе дар сомонаи «www.mometavonem.tj», ки ба хизматрасониҳои коммуналии сокинон равона шудааст, маълум гардид, ки 95% сокинони пойтахт аз норасоии оби нушокӣ азъият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки бо пешниҳоди президанти Тоҷикистон  Эмомоалӣ Раҳмон дар кишвар соли  2013-2015 соли «Оби тоза» эълон гардид ва мақсади асосии он таъмини оби тоза ва […]

Ниҳонӣ Қадамова, Муштарӣ Саидҷафарова



Тибқи шикояту дархостҳои сокинони шаҳри Душанбе дар сомонаи «www.mometavonem.tj», ки ба хизматрасониҳои коммуналии сокинон равона шудааст, маълум гардид, ки 95% сокинони пойтахт аз норасоии оби нушокӣ азъият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки бо пешниҳоди президанти Тоҷикистон  Эмомоалӣ Раҳмон дар кишвар соли  2013-2015 соли «Оби тоза» эълон гардид ва мақсади асосии он таъмини оби тоза ва рафъи норасоии об дар ҳудуди кишвар мебошад.  

Аз рўйи нишондодҳои омории ин сомона маълум гашт, ки аз сентябри соли 2012 то ҳамин давраи соли 2013 танҳо дар шаҳри Душанбе ба миқдори 200 аризаю шикоят ба Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ворид шудаанд. Сокинони шаҳр бар он назаранд, ки мушкилоти норасоии об дар саросари кишвар вуҷуд дорад, аммо, ба андешаи оно,  ҳадди ақал дар ҳудуди пойтахт он боядрафъ гардад.

Барои бештар равшанӣ андохтан ба ин масъала Хабаргузории «Азия-Плюс» ба чанд тан сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат кард. Шаҳиди Алишер, истиқоматкунандаи кӯчаи Неъмат Қарабоев дар суҳбат изҳор дошт, «муддатест, ки ҳамсоягони мо аз набудани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Фишори об паст аст ва он бо реҷаи муайян – дар як рӯз 3 соат дода мешава. Фурсати ҷудошуда барои  анҷом додани корҳои хона намерасад. Аз ин рў, мо чанд маротиба ба КВД-и «Обу корези Душанбе» муроҷиат кардем, аммо мушкиламон ҳалли худро наёфт.

Алишер Шаҳидӣ амчунин бо ёдоварӣ аз Форуми байналмиллалии «Оби тоза», ки чанде пеш дар пойтахти кишвар баргузор гашт, қайд кард, ки об аслан он рӯзҳо тоза набуд. Аз ин рӯ, зарурати баргузории форуми мазкурро таҳти суол монд.

Истиқоматкунандаи маҳаллаи Гипрозем-36 П.А. (аз зикри номаш худоркард), ки борҳо ба КВД «Обу корези Душанбе» муроҷиат кардаст, ҳамчунин дар суҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» аз норасоии об шикоят карда гуфт, вақте кормандони ин сохтор мушкили мазкурро ҳал накарданд, маҷбур шуд, ки дастгоҳи обтаъминкунӣ (насос) харад.

«Чун ин дастгоҳ танҳо бо барқ кор мекунад, дар интиҳои моҳ маблағи барқи истифодашуда якбора баланд мешавад. Масалан, агар ман  пештар барои истифодаи об дар як моҳ 40 сомонӣ месупоридам, ҳоло ҳаҷми маблағи пардохтшаванда то ба 80 сомонӣ мерасад», – шикоят кард ҳамсӯҳбатамон.

Аммо раиси КВД «Обу корези Душанбе» Фозилхон Исупов бо итминон мегуяд, ки аҳолии пойтахт бо гуноҳи худ аз норасоии об танқисӣ мекашанд. «Самаранок истифода набурдани об ва ба қубурҳои обгузар партофтани ашёи нолозимӣ боиси камбуди об дар биноҳои истиқоматӣ мегарданд», – таъкид дошт Исупов.

Ӯ гуфт, чанде пеш дар вохӯрӣ бо хабарнигорон ҳам ин масъаларо таъкид дошта буд ва зикр дошт, ки аз теъдоди умумии аҳолии пойтахт танҳо 2% бо проблемаи камбуди об дучор мешаванд.


Тавре дар сомонаи www.mometavonem.tj омадааст, аризаву  шикоятҳо оиди мушкилоти об бештар аз сокинони  маҳаллаҳои  Ҳ. Шерозӣ, С.Шерозӣ, С. Айнӣ ва Неъмат Қарабоев, ба назар мерасад.

Тибқи омори сомонаи мазкур, ба КВД «Обу корези Душанбе»  аз 2 феврали соли 2012 то 19 сентябри соли ҷорӣ  696 адад аризаю шикоят ворид гашта, 695-тои он иҷро шуд. Ҳама гуна мушкилие, ки ба  об вобаста аст, моҳҳои июлу августи соли ҷорӣ афзоиш ёфта, дар моҳи сентябр роҳи ҳалли худро ёфтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.