«Пойбанди нафрат» ва таъсири он ба хонандагони мактаби 87 (садо)

Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №87-и пойтахт хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо дидани яхмоси сурх дар фарши бино ба даҳшат афтоданд, чунки пиндоштанд, мактаббачае кушта шудааст. Волидайн мегуянд, ин тарсу ваҳм дар кӯдакон пас аз тамошои филми телевизионии «Пойбанди нафрат» пайдо шудааст. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» падари хонандаи синфи 1-и ҳамин мактаб М.Қаландаров гуфт, ҳафтаи сипаришуда кӯдаке […]

Ниҳонӣ Қадамова, Муштарӣ Саидҷафарова

Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №87-и пойтахт хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо дидани яхмоси сурх дар фарши бино ба даҳшат афтоданд, чунки пиндоштанд, мактаббачае кушта шудааст. Волидайн мегуянд, ин тарсу ваҳм дар кӯдакон пас аз тамошои филми телевизионии «Пойбанди нафрат» пайдо шудааст.


Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» падари хонандаи синфи 1-и ҳамин мактаб М.Қаландаров гуфт, ҳафтаи сипаришуда кӯдаке дар долони мактаб яхмоси сурхеро, ки ба замин афтода буд, дид ва бо дахшат фиғон бардошт, ки касеро дар мактаб куштанд.


«Худи ман ин воқеаро аз забони фарзандам шунидам. Ӯ бегоҳ, пас аз тарс нақл кард, ки ҳама хонандагони синфи поёнӣ аз дидани ранги сурх дар замин тарсиданд. Ҳама бовар доштанд, ки одамкуше дар мактаб пайдо шудааст. Рӯзи дигар сарвари мактаб волидайни хонандаҳоро барои сӯхбат даъват кард ва гуфт, ки ба кӯдакон тамошои филмҳои даҳшатборро иҷоза надиханд. Дар ҳамин ҳол яке аз волидон гуфт, ки сабаби аслии тарсу ваҳми кӯдакон барномаи «Пойбанди нафрат» аст, ки тавассути ТВ «Баҳористон» чанде пеш пахш шуд ва аксари кӯдакон онро диданд», – нақл кард М.Қаландаров.  

Муаллимаи синфҳои болоии мактаби мазкур (ки аз зикри номаш бо сабабҳои муайян худдорӣ кард) гуфт, ки дар ҳақиқат дар мактаб чунин воқеа рух дод ва бештар хонандагони синфҳои поёнӣ дар таҳлука афтода буданд.

«Шумо метавонед аз сарвари мактаб ҳам пурсед, ӯ ба шумо гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад», – пешниҳод кард муаллима.

Аммо сарвари мактаби №87 Гулистон Собирова ин воқеаро беасос хонд ва онро “як овоза” номид. Аммо дар баробари ин зикр кард, ки ҳоло кӯдакон филмҳои даҳшатнокро на танҳо аз “Бахористон”, балки аз шабакаҳои дигар ва ё дискҳое, ки дар фурӯш ҳастанд низ тамошо мекунанд.

“Волидайн дар ҳузури фарзандҳояшон филмҳое, ки хушунату зӯровариро нишон медиҳанд, тамошо мекунанд. Ба ин филми туркии “Ҳомиён” мисол шуда метавонад. Яъне як филми “Пойбанди нафрат” заминаи таъсир ба мафкураи кӯдакон шуда наметавонад. Ман тарафдори онам, ки барои огоҳ сохтани кӯдакон аз хабарҳои ҷаҳон ва чашми кӯдакро кушодан оиди хушунату зӯроварӣ намоиши чунин барнома ба манфиати кор аст. Инчунин падару модар низ бояд дар ин мавзӯъҳо, яъне рафтори баду нек бо фарзандонашон бештар сӯҳбат кунанд ва роҳи интихобкардаи фарзандашонро донанд”, – гуфт Собирова.




Равоншинос Маҳмадулло Давлатов бар он назар аст, ки наворҳои хусусияти зӯроваридошта ё филмҳи талқинкунандаи фисқу фуҷур барои кӯдакон набояд аслан намоиш дода шаванд. Зеро ин метавонад ба рафтору кирдори насли наврас таъсири манфии худро расонад ва самараи талх диҳад. Ба андешаи ӯ, чунин филмҳо гурӯхи муайяни тамошобини худро дорад, ки синну солашон аз 18 болост.

Ёдовар мешавем, барномаи «Пойбанди нафрат», ки 20 сентябри соли ҷорӣ тариқи телевизониҳои давлатии Тоҷикистон ва алалхусус аз шабакаи кӯдакону наврасон «Баҳористон» ба намоиш гузошта шуд, миёни аҳли ҷомеа баҳсҳои пурҷўшеро ба бор овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахши барномаи мазкурро дар «Баҳористон» шадидан танқид карданд. Филми мазкур дар бораи кушта шудани кӯдаки 8-сола аз ҷониби сокини 20 солаи ноҳияи Тоҷиикобод Сомон Муҳаббатов нақл мекунад. 

Аммо муовини аввали раиси Кумитаи телевиизону радиои Тоҷикистон Саидалӣ Сиидиқов чанде пеш дар сӯҳбат бо Хабаргузории «Азия-Плюс» гуфт, ки «баъзан метавон чунин барномаҳоро дар шабакаҳои телевизионии кӯдакон пахш намуд, то ки кӯдакони мо шахсони хубу накӯкор ба воя расанд».


Ба ақидаи ӯ барои фарқ кардани хубу бад кӯдакон бояд донанд, ки дар ҷое ки хубӣ ҳаст бадӣ низ вуҷуд дорад. “Баъзан барои хубро аз бад фарқ кардан мушкил мешавад, хусусан дар он мавриде, ки одами бад худро хамчун одами хуб нишон медиҳад ва риш дароз мекунаду ба масҷид меравад. Ин барои тамошобин муҳим аст  ва бигзор кудакони мо низ аз он огоҳ бошанд”, – қайд кард Сиддиқов.

 Дар ин миён 28-уми сентябр хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар изҳороти худ аз намояндагони васоити ахбори умум даъват кардааст, ки нисбат ба барномарезӣ, интишор ё намоиши ҳама гуна маълумоти муассир барои кӯдакон таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Чанде пеш созмонҳои журналистии Тоҷикистон ҳам бо пахши як изҳорот филми мазкурро интиқод карданд ва алалхусус пахш гардидани онро дар ТВ “Баҳористон” зидди меъёрҳои ахлоқии журналистӣ хонданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.