Home Blog Page 3

Боз як пардохти нав. Дар Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ пардохти экологӣ ситонида мешавад

Акси марбут, аз сомонаи rus.lsm.lv

Дар Тоҷикистон ба қонуне тағйирот ворид карданд, ки тибқи он ҳангоми ворид кардани сӯзишвории маъданӣ (нафт, гази табиӣ, ангишт) ва маҳсулоти коркардшуда аз он, аз ҷумла бензин пардохти экологӣ ситонида мешавад. Ҳарчанд ҳоло меъёри он маълум нест, вале вакилони парлумон рӯзи 8-уми апрел тағйиру илова ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро ба тавсиб расониданд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар зимни муаррифии лоиҳа дар ҳузури вакилони гуфт, ки пардохтҳои экологӣ барои воридоти cўзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ пешбинӣ шудааст.

“Пардохти экологӣ барои истифодаи сӯзишворӣ аз ҳар як намуди воситаи нақлиёт, новобаста аз тамға, қувваи муҳаррик ва ҳаҷми партови он ба муҳити зист, ситонида мешавад”, – гуфтааст ӯ.

Аммо ба қавли ӯ, барои сода кардани раванди ҷамъоварии ин пардохт, пешниҳод шудааст, ки он “аз ҷониби воридкунандагони молу маводи номбаршуда бевосита ҳангоми воридоти сўзишворӣ ба қаламрави Тоҷикистон” ситонида шавад.

Ҳамин тариқ, маълум нест, ки раванди ҷамъоварии маблағ чӣ гуна сурат мегирад.

Қаҳҳорзода ҳадафи ин тағйиротро “такмили низоми пардохтҳои экологӣ ва дастгирии ихтироъкорон” унвон дода, гуфтааст, таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони рушд ба назар гирифта шудааст.

Аммо меъёри пардохт маълум нест ва ба қавли вазир, он аз ҷониби ҳукумати кишвар муқаррар карда мешавад. Маблағи пардохти экологӣ аз воридкунандагон ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Пардохти экологӣ маблағест, ки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ба буҷет ё фондҳои махсус пардохт мекунанд. Ин пардохт ҳамчун ҷуброн барои ифлос кардани муҳити зист ё истифодаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон барои ворид кардани сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо аксиз ситонида мешавад. Соле пеш меъёри андози аксиз барои ин маҳсулот 70 евро барои як тонна муайян карда шуд. Пештар ин меъёр 55 евро буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

0
asia+

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шасту шашуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

0
Юношеская сборная Таджикистана фото ФФТ

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) пас аз мусовӣ бо Ӯзбекистон, қаҳрамони мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар соли 2026 шуд. Набарди дастаҳо дирӯз, 13-уми апрел дар доираи даври охири мусобиқа дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и Тошканд баргузор шуда, бо натиҷаи 0:0 поён ёфт.

Мусобиқаи CAFA бо ширкати 5 даста – Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шуд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон, зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов дар 4 бозӣ 3 ғалаба ва як мусовӣ карда, бо 10 имтиёз қаҳрамониро дар мусобиқаи CAFA ба даст оварданд: Тоҷикистон – Туркманистон (5:1), Тоҷикистон – Қирғизистон (4:0) ва Тоҷикистон – Афғонистон (3:2).

Ӯзбекистон имсол ҷои дуюм ва Қирғизистон мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Ин панҷумин қаҳрамонии дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст. Пештар тими мо дар солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 низ зинаи аввалро гирифта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1951 – Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он дар аввал панҷ шуъба дошт: физика ва математика, геология ва химия, биология, забону адабиёт ва таърих ва иқтисодит ва фалсафа. Нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Сипас дар солҳои мухталиф донишмандони маъруф Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Собит Неъматуллоев, Ӯлмас Мирсаидов, Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ президентҳои Академия буданд. Аз 16 январи 2024 то кунун президентии акадамияро Қобилҷон Хушвахтзода бар уҳда дорад.

Бояд гуфт, ба муносибати таъсиси АМИТ ин сана рамзан “Оғози ҳафтаи илм” дар кишвар пазируфта шудааст. Аммо тибқи Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” якшанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвар Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад. Имсол ин рӯз ба 19-уми апрел рост меояд,

Соли 2002 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики тоҷик муқаррар гардид, ки ҳар сол 22 сентябр таҷлил мешавад.

Соли 2010 – Дар маҷлиси намояндагон Кумитаи парлумонӣ оид ба масъалаҳои экология таъсис ёфт.

Соли 2011 – Дар деҳаи Самсолики ноҳияи Нуробод, дар натиҷаи амалиёти махсус Абдулло Раҳимов (маъруф бо номи Мулло Абдулло) ва 16 узви гурӯҳи ӯ кушта шуданд.

Соли 2018 – Ба муносибати ҷашни 140-солагӣ ва ба хотири гиромидошти  Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон осорхонаи адиб дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Сулаймон Юдаков, муаллифи мусиқии Суруди миллии Тоҷикистон.

Сулаймон Юдаков яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги мусиқии Осиёи Марказӣ ва аз поягузорони мусиқии касбии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1916 дар шаҳри Қӯқанд ба дунё омада, қобилияти мусиқии худро ҳанӯз дар овони кӯдакӣ зоҳир намудааст.

Фаъолияти эҷодии Юдаков ба марҳилаи ташаккули мусиқии касбии миллӣ дар Осиёи Марказӣ рост меояд. Ӯ яке аз аввалин композитороне буд, ки ба жанрҳои мусиқии саҳнавӣ, аз қабили опера, балет, романс, кантата ва квартет рӯ овард. Асарҳои ӯ, аз ҷумла операи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” ва балети “Найрангҳои Насриддин” дар таърихи мусиқии театрии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим доранд. Ин асарҳо нахустин намунаҳои жанрҳои номбурда дар театрҳои мусиқии минтақа ба шумор мераванд.

Юдаков муаллифи оҳанги Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон (шеър: А. Лоҳутӣ) ва баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ва муаллифи мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шеър: Г. Келдӣ) мебошад.

Сулаймон Юдаков 8 ноябри соли 1990 вафот кардааст. Осори ӯ то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва манбаи омӯзишӣ дар равияи таърих ва назарияи мусиқии тоҷик мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Соли 1945 – Зодрӯзи Муродулло Шерализода, рӯзноманигор, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”.

Муродулло Шерализода

Муродулло Шерализода хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти адабиашро аз рӯзномаи “Маориф ва маданият” оғоз кардааст. Ӯ солҳо дар Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон – филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС кор кардааст.

Беш аз даҳ сол дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият дошт ва баъди даъват ба КМ ПК дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Муродулло Шерализода аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” буда, соли 1990 бо таъсиси он дар ин вазифа фаъолиятро оғоз намуд. 5 майи соли 1992 дар замони вазъи муташанниҷи кишвар кушта шуд.

Бо корномаи Муродулло Шерализода дар ин маводи мо ошно шавед: “Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд.

Соли 1946 – Мавлуди Шоҳзамон Раҳмонов, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор.

Соли 2002 – Савсан Бандишоева, ҳунарпеша ва сароянда, яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон дар 80-солагӣ даргузашт.

Савсан Бандишоева

Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.

Нақшҳои  Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хос дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.

Соли 2021 – Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт.

Қиёмиддин Чақалзода,

Қиёмиддин Чақалзода фаъолияти ҳунариашро дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод оғоз намуда, сипас солҳо дар театри ноҳияи Файзобод ба ҳунарнамоӣ машғул будааст.

Соли 1975 баъди хатми факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор оғоз намуда, то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр будааст. Дар саҳнаи ин театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши Холмат дар “Бой ва Хизматгор”, Қаровул дар “Худкардаро даво нест”, Ӯрмонқамиш дар “Мардҳо намегирянд”, Тешабой дар “Лайлатулқадр”, Ширинкор дар “Шоҳ Лир”, Маҳкам дар “Исёни арӯсон”, Гумоштаи сиёсӣ дар “Алломаи Адҳам” аз ин қабиланд.

Дар синамо бошад, нақши сияҳсавор дар “Ашк ва шамшер”, қассоб дар “Ҷазира, муаллим дар “Муҷассамаи ишқ” ва директории совхозро дар “Сароби хунин” иҷро кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14 апрели соли 1927 аввалин мошини “Волво” дар шаҳри Гетеборги Шветсия истеҳсол шуд. Дар паси таъсиси ин ширкат ду муҳандис – Ассар Габриэлссон ва Густаф Ларсон қарор доштанд, ки он замон дар ширкати SKF (истеҳсолкунандаи подшипникҳо) фаъолият мекарданд.

 

Бино ба ривояте, тобистони соли 1924 дар тарабхонаи “Sturehof”-и шаҳри Стокҳолм, онҳо бо як пиёла пиво идеяи сохтани мошинро матраҳ намуданд. Ҳамон ҷо яке аз онҳо номи Volvo-ро пешниҳод кард, ки аз феъли лотинии “volvere” гирифта шуда, маънои “ғелидан” ё “чархидан”-ро дорад.

Аз ҳамон рӯз таърихи саноати автомобилсозии Шветсия оғоз ёфт. Ҳамзамон, рамзи ширкат – рамзи Марс (доира бо тирча) низ тарҳрезӣ шуд, ки то имрӯз дар маркази радиатори мошинҳои он ҷой дорад.

Имрӯз Volvo Aktiebolaget як ширкати бузурги шведӣ маҳсуб мешавад, ки мошинҳои боркаш, автобусҳо, муҳаррикҳо, техникаи хоҷагии деҳқонӣ ва ҷангалдорӣ, инчунин таҷҳизоти гуногуни саноатӣ истеҳсол мекунад.

Истеҳсоли мошинҳои сабукравро Volvo соли 1999 ба ширкати Ford фурӯхт, ки он соли 2010 онро ба ширкати Geely супурд.

14 апрели соли 1961 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии “Ҳавонаварди кайҳонии ИҶШС” таъсис ёфт. Аввалин нафаре, ки ин унвонро гирифт, албатта, Юрий Гагарин буд.

 

Минбаъд ҳамаи кайҳоннавардони шӯравӣ, ки ба кайҳон парвоз мекарданд, соҳиби ин унвон мешуданд. То охири соли 1991, 72 шаҳрванди ИҶШС ба кайҳон парвоз карданд ва ҳамаи онҳо бо ин унвони фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Охирин нафаре, ки ин унвонро дарёфт кард, Токтар Аубакиров буд. Ӯ соли 1991 бо киштии кайҳонии “Союз ТМ-13” ба истгоҳи “Мир” парвоз анҷом дод ва соҳиби унвони 72-юм гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 22+24º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Волидайн аз “пӯшонидани тоқӣ” ба фарзандашон шикоят доранд, масъулин мегӯянд, “ихтиёрӣ” аст

Чанд волидайни хонандагони мактаб дар Душанбе мегӯянд, ба фарзандонашон дастур шудааст, бо тоқӣ ба дарс ҳозир шаванд. Ба қавли онҳо, ин тартиб аз оғози фасли баҳор ҷорӣ шуда, иҷрои он ҳатмӣ будааст. Мудири яке аз ин  мактабҳо мегӯяд, “ин тавсия барои ба тартиб даровардани зоҳири бархеи онҳо дода шудааст”. Вазорати маориф ва илм низ таъкид мекунад, ки гузоштани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои  кишвар “тавсия аст”.

Хабарнигори “Азия-Плюс” чанд рӯз пеш дар назди даромадгоҳи мактаби №66 дар ноҳияи Синои пойтахт саҳнаи хариди тоқӣ аз сӯйи хонандагон ва роҳбарони синфи онҳоро мушоҳида кард.

“Бе тоқӣ намегузоранд ба дарс дароянд”

Савдогаре, ки дар рӯ ба рӯи ин мактаб дӯкон дорад, гуфт, бо назардошти талаботи хонандагон тоқӣ оварда, ба фурӯш гузоштааст. Нархи як тоқӣ 35 сомонӣ будаааст. Аз суҳбати хонандагон шунида мешуд, ки бидуни тоқӣ онҳоро ба мактаб роҳ намедиҳанд.

“Бе тоқӣ ба мактаб роҳ намедиҳанд. Онҳо маҷбуранд то дари мактаб дар ҷувздон тоқӣ баранду баъд ба сар монда, вориди мактаб шаванд”, – гуфт модари яке аз хонандагон.

Дар назди фурӯшанда чанд роҳбари синф ҳам буданд, ки барои хариди тоқӣ ба талабаҳояшон талош доштанд ва мегуфтанд, ки “аз пушти онҳое, ки тоқӣ надоранд, гап мешунавем”. Аз кӣ гап мешунаванд, нагуфтанд.

Ду хонандаи мактаб, ки тоқӣ мехариданд
Акс аз муаллиф

Мушоҳида нишон дод, ки баъзе хонандагон дар даромадгоҳи мактаб ба сар тоқӣ гузошта, пасон вориди муассиса мешуданд. Бархе низ бидуни тоқӣ аз роҳи дигар ба мактаб мерафтанд.

“Гап сари тоқӣ нест, мушкил дар он аст, ки пӯшидани он маҷбурӣ аст. Тоқӣ гузоштан ё нагузоштан кори ҳар хонанда аст ва ба таҳсил рабт надорад”, – мегӯяд модари хонандаи дигар.

“Гуфтем зоҳири духтаронро ба тартиб орем”

Зулфия Солиҳова, мудири мактаби №66 рӯзи 10-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба духтарон тавсия додаанд, то сару вазъи худро ба тартиб оварда, муяшонро бофта, тоқӣ гузоранд.

Номбурда афзуд ин тадбир “дар пайи шикояти падару модари хонандагон аз либоспӯшӣ ва ороиши мӯйи духтаронашон гирифта шуд”.

“Мӯйи сарашонро ҳар хел ранг карданд, бо муйҳои боз меомаданд, баъд тавсия додем, ки тоқӣ гузоранд. Вале ин ихтиёрӣ аст. Аксари волидон мегӯянд, либоспӯшии фарзандашонро назорат кунем”,- гуфт Солиҳова.

Модари ду хонандаи мактаби №90, ки дар як кӯдакистони давлатӣ ба ҳайси мураббӣ кор мекунад гуфт, дар ин муассиса низ супориш шудааст, то духтарон бо тоқӣ ба дарс раванд.

“Муйяшонро дуто бофта, ба дарс раванд, хуб аст. Ҳар рӯз гузоштани тоқӣ хуб нест, вале дар ҷашну идҳо, зеби дигар дорад”, – иброз дошт ӯ.

Шаҳноза Восидова, мудири мактаби №90 ба “Азия-Плюс” гуфт, “духтаронро барои пӯшидани тоқӣ ҳеҷ кас маҷбур намекунад”.

“Як ду нафаре, ки тоқӣ доранд, бо хоҳиши худ, агар ҳаво гарм бошад онро мегузоранд. Ягон бор барои гузоштани тоқӣ духтаронро маҷбур накардем”,-гуфт номбурда.

Дар назди даромадгоҳи ин мактаб, тавре мушоҳида кардем, воқеан теъдоде аз хонандагон бе тоқӣ вориди мактаб мешуданд.

Пеш аз вуруд ба мактаб, духтарҳо ба сар тоқӣ мегузоранд
Акс аз муаллиф

Вазорати маориф: Гузоштани тоқӣ танҳо тавсия аст

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки гузоштани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои кишвар ҳатмӣ нест ва танҳо тавсия аст.

“Гузоштани тоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ дастури ҳатмии Вазорати маориф ва илм нест. Дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гузоштани тоқӣ танҳо тавсия шудааст. Директор ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳуқуқ надоранд, ки хонандагони мактабро барои гузоштани тоқӣ маҷбур кунанд”,-гуфтанд аз ин ниҳод.   

Намояндаи ин ниҳод гуфт, шикояти хонандагонро дар робита ба ин масъала баррасӣ мекунанд.

Бояд гуфт соли гузашта низ падару модарон аз маҷбур кардани духтарон, ки бо тоқӣ ба мактаб биёянд,  шикоят карда буданд. Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар мактаби №66 духтаронро бидуни тоқӣ роҳ намедиҳад.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, меъёри либоси тавсиявӣ барои писарон ва духтарони мактабҳоро нашр карда буд.

Тибқи ин меъёр, пӯшидани ҳиҷоб, шими ҷинси танг ва дарида, пешдоманҳои кӯтоҳ ва танг, инчунин зиёда аз як гӯшвора дар як гӯш ва ороиши равшан ба духтарони мактабхон манъ аст. Ба мактаббачагон пӯшидани либоси варзишӣ бо шиорҳои таблиғотӣ ё тасвири рамзҳои кишварҳои дигар низ манъ аст.

Бастани рӯймолҳои миллӣ ва гузоштани тоқӣ иҷоза иҷозат дода мешавад.

Тибқи қонун “Дар бораи маориф” риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимӣ аз ҷониби хонандагон бояд таъмин ва назорат карда шавад.

Пештар низ волидайни хонандагон шикоят карда буданд, ки дар бархе мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки кӯдаконашон бо ҷузвдон ва пойафзоли якхела ба мактаб биёянд. Вазорати маорифи кишвар дар вокуниш ба ин шикоятҳо гуфта буд, ки ин ҳама ихтиёрӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маркази тиҷоратӣ дар ҷои “Зелёний бозор”. Онро кӣ месозад ва чӣ гуна хоҳад буд?

0
Аз саҳифаи Инстаграми "Cool Design"

Ширкати “Сool Design” тарҳи Маркази тиҷоратӣ ва савдо, ки дар ҷои бозори пешини “Шоҳмансур”, маъруф ба “Зелёний бозор” сохта мешавад, нашр кард. Яке аз биноҳо 55-ошёна хоҳад буд.

Ин ширкат, ки зоҳиран масъули омода кардани тарҳи ин марказ аст, навиштааст, ғайр аз ширкатҳои тоҷикистонӣ, дар сохтмони ин тарҳ ҳамчунин, ширкатҳои махсус аз Ӯзбекистон, Русия ва Имороти Муттаҳидаи Араб низ иштирок мекунанд.

“Ин маҷмаа дар кӯчаҳои А. Дониш, Н. Муҳаммад, А. Деҳлавӣ, А. Лоҳутӣ (ҷое, ки “Зелёний бозор” ҷойгир буд), А. Адҳамов, Ф. Аттор ва С. Шедрина ҷойгир хоҳад шуд”, – навиштааст ширкат.

Тибқи маълумоте, ки дар низоми ягонаи рақамӣ “memor.pro”-и Сарраёсати меъмории пойтахт нашр шудааст, фармоишгари ин лоиҳа ҶДММ “Тас Интернейшнл Груп” аст.

Дар ин сомона, дар шарҳи номи ширкат гуфта шудааст, ки “То омода шудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад!” Тибқи иттилои манбаъ, ин ширкат танҳо қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба лоиҳакаширо дарёфт кардаасту халос.

Дар асоси ин қарор, дар ин минтақа биноҳои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ 28, 31, 35, 40,  55 – ошёнагӣ, биноҳои истиқоматӣ бо марказҳои савдову хидматрасонӣ, утоқҳои нозири минтақавӣ, дармонгоҳи оилавӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётии дусатҳа бунёд мешавад.

Инчунин тибқи лоиҳа, дар ин ҷо бунёди мактаб барои 1 ҳазору 200 хонанда, кӯдакистон барои 300 нафар ва таъмиру тачдиди намои берунаи бинои бисёрманзилаи №65-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар шафати ин минтақа аст, дар назар аст.

Корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд маълум нест. Як манбаъ аз Сарраёсати меъмории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло корҳои лоиҳакашӣ идома дорад. Тавре мушоҳида кардем, маҳкамкунии гирду атрофи замин ба охир расидааст.

Қаблан, Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “дар ҷои бозор, ки 30 гектар заминро дарбар мегирад, маҷмаа иборат аз меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурию ҷамъиятиву хидматрасонӣ ва ғайра бунёд мешавад”.

Ӯ он вақт номи ширкати сохтмониро ифшо накарда, танҳо гуфта буд, ки баъди лоиҳакашии иншоот қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи сохтмон дода мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳашт сол пеш, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори маъруф ба “Зелёний бозор” дар пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.

Ҳамон сол аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти вақт дар ҷойи бозор ягон иншоот сохта нашуд ва замини он холӣ монда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба кор оғоз кард. Маросими тантанавӣ кормандони ширкат, шарикон ва меҳмонони аввалинро ба ҳам овард — онҳоеро, ки на танҳо барои тамошо, балки барои дарки як нуктаи муҳим омадаанд: суғуртаи ҳаёт чист ва чаро маҳз ҳозир он зарур аст?

BIMA Life хидматрасониҳои хос дорад. Яке аз онҳо суғуртаи пасандозии ҳаёт аст. Ин, дар асл, як “кӯзачаи ҳушманд” аст, ки пардохти маблағро дар ҳар гуна вазъияти зиндагӣ кафолат медиҳад. Агар шумо то анҷоми муҳлати шартнома саломат бимонед, тамоми маблағи ҷамъшударо бозпас мегиред. Дар сурати рӯй додани ҳолатҳои пешбининашуда бошад, ширкат фавран барои дастгирии молиявии оилаи шумо маблағ пардохт мекунад.

Фарқияти асосӣ дар он аст, ки маблағи пардохткардаи шумо “намесӯзанд”. Ягона василаи молиявие, ки дар он шумо ҳамзамон ҳам сармоя ҷамъ мекунед ва ҳам таҳти ҳимоя мебошед.

Ташкилот ҳафт пешниҳод мекунад: “Пешрафт”, “Ояндасоз”, “Мерос”, “Малика”, “Кафолат”, “Шарики Ҳаёт” ва “Шарики Кӯдакона”. Ҳар кадоме барои вазъияти гуногуни зиндагӣ ва синну соли мухталиф пешбинӣ шудаанд. Шартҳо низ фарқ мекунанд: “Мерос” то 77, “Ояндасоз” то 21-солагӣ. Интихоб хеле васеъ аст.

Яке аз маҳсулоти маъмултарин – “Ояндасоз” мебошад. Усули кори он оддӣ аст: муштарӣ мунтазам давраҳои муайяншуда маблағ мегузорад, то дар ҳолатҳои пешбининашуда онро бар нафъи худ ё фарзандаш истифода кунад. Ё баъд аз анҷоми мӯҳлати шартнома бозпас гирад.

Суғуртаи ҳаёт — ин на дар бораи тарс, балки дар бораи боварӣ аст. Боварӣ ба он ки фардо – чӣ гунае ки набошад – шумо ва оилаи шумо ба он омода ҳастед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пулиси Душанбе алайҳи 43 падару модар барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст

0
Акс аз Идибеки Саид, asia+
Акс аз Идибеки Саид, asia+

Пулиси пойтахт дар се моҳи соли равон 43 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили хонандагонро ошкор карда, алайҳи 43 падару модар парвандаи ҷиноӣ оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.

Аз Раёсати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки алайҳи ин афрод бо гумони монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ (моддаи 164 КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин ниҳод дар бораи шахсияти онҳо маълумот надодааст. Ҳамчунин, назари онҳо дар робита ба иттиҳоми мақомот маълум нест.

Бар асоси ин иттиҳом, ба волидайн, аз 78 ҳазор то 93 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима (аз 1000 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), аз 180 то 240 соат корҳои ҳатмӣ ё то ду соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Пулиси Душанбе ба афзоиши ҳолатҳои монеъ  шудан ба таҳсили хонандагон таъкид карда, аз падару модарон хостааст, то нисбати таълиму тарбия ва таҳсили фарзандонашон ҷиддӣ муносибат кунанд.

“Барои ба ҳар шакле монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ қонунгузорӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ кардааст”,-навиштааст манбаъ.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон дар соли 2025 ин ниҳод барои аз таҳсил дур кардани фарзандон нисбати волидайни онҳо 331 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Чанде қабл Додгоҳи шаҳри Исфара алайҳи ду сокини ин шаҳр барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон  ҷазо дар намуди беш аз 200 соат корҳои ҳатмӣ, таъин кард. Ин ниҳод гуфт, ки ҳарду волидайн кӯдаконашонро ба Русия бурдаанд, ки дар натиҷа, онҳо чанд сол аз таҳсил дур мондаанд.

Бояд гуфт, соли 2024 дар пайи тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба таҳсили хонандагон дар мактабҳои миёна, ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шуд. Барои ин кирдор то 93 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ё ду соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як соҳибкор дар Истаравшан боздоштгоҳи муваққатии нав сохтааст

0
Акс аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

Ягона боздоштгоҳи муваққатӣ ё (СИЗО)-и шаҳри Истаравшанро, ки дар маркази шаҳр қарор дошт, ба ҷамоати деҳоти Зарҳалол, даромадгоҳи ин шаҳр кӯчонидаанд. Бинои нав аз сӯи як соҳибкор, ки фарзандаш дар ин муассиса нигоҳдорӣ мешуд, сохта шудааст.

Бинои Боздоштгоҳи муваққатии ЯТ9/5 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан рӯзи 10-уми апрел бо ширкати Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Абдусаттор Қодирӣ, раиси шаҳри Истаравшан ба истифода дода шуд.

Акс аз Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд

Муовини раиси шаҳри Истаравшан имрӯз, 13-уми апрел ба “Азия-плюс” гуфт бинои нави муассиса, “бо маблағгузории як соҳибкори хайрхоҳ сохта шуд”.

“Аз сохтмони бинои куҳна, ки дар маркази шаҳр, дар поёни  Қалъи Муғ ҷойгир буд, беш аз 100 сол гузаштааст. Аз сабаби  кӯҳнагии бино ва намнокии зиёд, гирифторӣ  ба  сил  миёни боздоштшудаҳо зиёд шуд. Писари яке аз соҳибкорони шаҳр замоне дар боздошт буд. Ин соҳибкор вақте ба “СИЗО” меояд, шароиташро мебинад ва иқдом мекунад, ки як бинои навро бо тамоми шароиташ бунёд кунад”, – гуфт муовини раиси шаҳр.

Ӯ гуфт, дар назар аст, ки давоми ҳафта боздоштшудагонро ба бинои нав, ки бо фарши гарм ва тамоми шароити лозима муҷаҳҳаз аст, кӯчонанд.  

Ба иттилои номбурда, ба ҷойи бинои пештараи боздоштгоҳи муваққатӣ бинои баландошёна сохта мешавад.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Тибқи иттилои охири Ваколатдори ҳуқуқи инсон, зиёда аз 15 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои кишвар  адои ҷазо мекунанд. Вале омори онҳое, ки дар боздоштгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд, маълум нест.

Нигаронӣ аз зиёд будани маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон борҳо садо додааст. Аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2024 чанд зиндон ва боздоштгоҳи вобаста ба Вазорати адлияро барои аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо танқид карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Парлумон созишномаи ҷалби гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик ба Русияро ба тасвиб расонид. Дар санад чӣ гуфта шудааст?

Акс аз ТАСС

Вакилони парлумони Тоҷикистон санадеро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он минбаъд Вазорати меҳнату муҳоҷират шаҳрвандони кишварро ба таври гурӯҳӣ ба муҳоҷират дар Русия мефиристад.

Тағйиру иловаҳо ба “Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия” аз сӯи вакилон рӯзи 8-уми апрел баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Тибқи ин санад, минбаъд Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар қисми зиёди расмиёти пеш аз сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русияро дар дохили кишвар анҷом дода, онҳоро ба таври дастҷамъона ба Русия мефиристад. Дар ин сурат, муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки баъди ворид шудан ба ҳудуди ин кишвар танҳо иҷозатномаи корӣ (патент) гирифта, ба кор оғоз кунанд.

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни муаррифии санад, ҳадафи онро ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик гуфтааст.

“Протокол имкон медиҳад, ки шаҳрвандон қисми зиёди расмиёти зарурӣ, аз қабили гирифтани маълумотнома оид ба муоинаи тиббӣ, изи ангушт, супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русияро пеш аз сафар дар дохили кишвар анҷом диҳанд”, – гуфтааст ӯ дар суханронии худ.

Дар доираи созишнома, муҳоҷирон пеш аз сафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуд, ба талаботи бозори меҳнати Русия мутобиқ кунонида мешаванд.

Қаблан, байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар Созишнома дар бораи гузаштан аз муоинаи тиббӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки дертар аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон тавсиб шуда, ахиран раисҷумҳури Русия низ онро имзо кард. Ҳамчунин, вакилон арзиши гузаштан аз муоинаи тиббиро низ муайян карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои муҳоҷирон ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Ахиран, Думаи давлатии Русия тарҳеро пешниҳод кард, ки рӯйхати асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро қариб ду баробар зиёд мекунад. Агар ин тағйирот пазируфта шавад, аз ҷумла, ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳар гуна ҳарф зидди артиши Русия боиси ихроҷи муҳоҷирон мешавад.

Бояд гуфт, созишномаи байниҳукуматӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандон барои кор дар Русия соли 2019 ба имзо расида буд. Вале коршиносон бар ин назаранд, ки ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон аксаран бесамар аст ва “муҳоҷирон ба он начандон бовар доранд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.