Қолибоф ҳангоми бозгашт аз Исломобод дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “ин таҳдидҳои рӯи миллати Эрон таъсире надорад ва мо собит кардем, ки ин як шиор нест ва дунё инро бо чашми худ дид… Агар ҷанганд, меҷангем ва агар бо мантиқ пеш оянд, бо мантиқ бархурд мекунем. Мо зери бори ҳеҷ таҳдиде намеравем: бори дигар иродаи моро имтиҳон кунанд, то дарси бузургтаре ба онҳо диҳем”.
Зимнан, расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки баъди таҳдиди муҳосираи тангаи Ҳурмуз аз ҷониби Трамп, се нафткаш бо парчами Эрон аз ин гулугоҳ гузашта, ба дарёи Араб ворид шудааст.
Гуфта мешавад, як нафткаши бузурги Эрон бо ду миллион бушка нафт пас аз ҳафт сол аввалин бор ба тарафи Ҳинд равон шудааст. Ба навиштаи “ББС”, ин иқдом пас аз дастури бекор кардани таҳримҳо аз ҷониби дафтари назорат ва идора дороиҳои хориҷии Амрико анҷом шудааст.
Дар ҳоле, ки музокира миёни Эрону Амрико дар Исломобод бе натиҷа анҷом ёфт ва Доналд Трамп дастури муҳосираи тангаи Ҳурмузро додааст, нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ дубора аз 100 доллар барои як бушка боло рафтааст.
Музокироти Эрон ва Амрико 11-12-уми апрел дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон сурат гирифт ва беш аз 20 соат давом кард, вале ҷонибҳо ба созише даст наёфтанд.
Ҷей Ди Вэнс, ноиби раисҷумҳури Амрико, ки ҳайати кишварашро роҳбари мекард, изҳор дошт, “мо ба вазъияте нарасидем, ки эрониҳо омода бошанд шартҳои моро қабул кунанд”. Аммо Эрон мегӯяд, “ин музокирот пас аз 40 рӯзи ҷанги таҳмилӣ ва дар фазои бадгумонӣ ва шубҳа баргузор шуд. Табиӣ аст, ки аз оғоз ҳам набояд интизор медоштем, ки дар як ҷаласа ба созиш мерасем”.
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии муштзании Осиё, ки аз 30-юми март то 10-уми апрел дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор шуд, се медал – як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар рӯзи охири мусобиқа Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Ӯ дар даври ниҳоии ин мусобиқа бо Ҳалимҷон Мамасолиев аз Ӯзбекистон рақобат карда, бо қарори якдилонаи доварон бо натиҷаи 5:0 мағлуб ва аз медали тилло маҳрум шуда, барандаи ҷои дуюм ва медали нуқра гашт. Парвиз Каримов муборизаро аз марҳилаи нимниҳоӣ оғоз карда, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ бо ҳисоби 4:1 Харш Чоудхари аз Ҳиндустонро шикаст дода буд.
Парвиз Каримов. Акс аз Федератсияи муштзании Тоҷикистон
Ин муштзани тоҷик бори дуюм аст, ки аз қаҳрамонии Осиё медали нуқра мегирад. Ӯ соли 2024 низ аз ин мусобиқа дар Тайланд соҳиби нишони нуқра шуда буд.
Пеш аз Парвиз, муштзанҳои дигари тоҷик – Некрӯз Салимов дар вазни то 80 кг байни мардон ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг миёни занон соҳиби зинаи сеюм ва нишони биринҷӣ шуда буданд. Барои Салимов ин аввалин нишони биринҷӣ аз қаҳрамонии Осиё буд. Самадова бори дуюм медали биринҷӣ гирифт.
Некрӯз Салимов. Акс аз Федератсияи муштзании ТоҷикистонМиҷгона Самадова. Акс аз Федератсияи муштзании Тоҷикистон
Имсол Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон 9 муштзан (7 мард ва 2 зан) намояндагӣ карданд. Шаш муштзани тоҷик – Руслан Ғафуров, Шамшер Саидов, Анушервон Фозилов, Акмал Убайдов, Муҳаммад Аброриддинов ва Бибинашастамо Холова дар марҳилаҳои гуногун мағлуб ва аз медалҳо маҳрум шуданд.
Ба иттилои манбаъ, интизорӣ меравад, ки соли 2026 суръати рушд дар минтақа 2,1%-ро ташкил диҳанд. Дар Русия рушди иқтисод то 0,8% суст шуда, дар дигар кишварҳои минтақа – то 2,9% поин меравад, ки ба нархҳо ва бахши сармоягузорӣ таъсир мерасонад, вобаста аст.
“Устувории минтақа мавриди озмоиш қарор мегирад, зеро як қатор кишварҳо ба воридоти газу нафт ва нуриҳои минералӣ вобастаанд”, – гуфтааст Антонелла Бассани, ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ дар масоили Аврупо ва Осиёи Марказӣ .
Дар оғози солҳои 1960, сабки нав – поп-рок пайдо шуд. Гурӯҳи The Beatles, маъруф бо номи “чаҳоргонаи Ливерпул” бо таронаҳояш “эпидемия”-и “битломания”-ро ба ҷаҳон муаррифӣ кард. Соли 1964, гурӯҳи The Rolling Stones бо сабки хосаи худ вориди саҳна шуд. Солҳои 1970 ба давраи роки психоделик табдил ёфт, ки намояндагони намоёни он Pink Floyd, Deep Purple, Led Zeppelin ва Black Sabbath буданд. Ин даҳсола асри тиллоии рок ба ҳисоб меравад.
13 апрели соли 1895 ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ дар Помпей як скелет ёфт шуд, ки онро “савтори бухили антиқӣ” номиданд, зеро он аз миёни ганҷинаҳои зиёд ва тиллою ҷавоҳирот дарёфт гардид.
Он ҷо дастпонаҳои зебо, ангуштариҳо, занҷирҳои тиллоӣ ва як қатор чизҳои қиматбаҳо ёфт шуданд. Ганҷҳои ёфтшуда махфӣ ба хонаводаи Ротшилди фаронсавӣ фурӯхта шуданд. Вале вақте ин воқеа фош шуд, як моҷарои бузург сар зад. Аммо мақомоти Италия дигар наметавонистанд ин ганҷинаро баргардонанд ва тамоми ин ганҷҳо баъдтар ба осорхонаи Луври Фаронса интиқол дода шуданд.
13 апрели соли 1902 дар Санкт-Петербург аввалин троллейбуси Русия, ки он вақт онро “автомобили барқӣ” меномиданд, аз озмоиш гузаронида шуд. Вазни троллейбус 820 килограмм буд.
Механизми гирифтани нерӯи барқ (барққабулкунанда) ба асоси тарҳи ихтироъкори фаронсавӣ – Ломбар-Жерен асос ёфта буд ва аробачаҳои барққабулкунанда аз болои симҳо ҳаракат мекарданд.
Дар соли 2025 рушди бештар дар иқтисоди Қирғизистон (11,1%) ва пасттарин, дар Туркманистон (2,3%) ба қайд гирифта шуд. Дар идома Тоҷикистон (8,4%), Ӯзбекистон (7,7%) ва Қазоқистон (6,5%) қарор гирифтаанд. Аз лиҳози ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақа Тоҷикистон дар мақоми охир ҷойгир шудааст.
Иқтисоди бузургтарин дар минтақа Қазоқистон (300 млрд доллар) маҳсуб меёбад. Дар зинаҳои баъдӣ Ӯзбекистон (152,5 млрд доллар) ва Туркманистон (72,1 млрд доллар) қарор гирифтаанд. Қирғизистон (22,6 млрд доллар) ва Тоҷикистон (19 млрд доллар) дар зинаҳои охиранд.
“Мо бо як пешниҳоди бисёр содда инҷоро тарк мекунем. Равише барои ҳамдигарфаҳмӣ, ки ин беҳтарин ва ниҳоитарин пешниҳоди мост. Мо хоҳем дид, ки оё эрониҳо онро қабул мекунанд, ё не”, – гуфт ноиби раисҷумҳури Амрико.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳам ҳоло ва ҳам дар оянда, “ҳадафи асосӣ”-и Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст. Вэнс иддао кард, ки “барномаи ҳастаии Эрон аз байн рафтааст”, вале гуфт, “мо бояд як аҳди равшанеро бинем, ки Эрон ба дунболи ислоҳи ҳастаӣ ва ба дунболи воситаҳое, ки ба онҳо имкон медиҳанд, чунин силоҳро зуд ба даст оранд, набошанд”.
“Мо ҳанӯз чунин чизеро надидем, аммо умедворем, ки шоҳиди он бошем”, – илова кард ӯ.
Мошине, ки ба назар мерасад Ҷей Ди Вэнсро ба фурудгоҳ мебарад.
Акс аз AFP
Эрон ҳамвора таъкид мекунад, ки ҳадафи барномаи ҳастаияш сулҳомез аст ва аз он даст нахоҳад кашид.
Вэнс гуфт, ки Амрико бо “нияти нек” ба музокира омада буд ва дар ҷараёни гуфтугӯҳо борҳо бо Трамп суҳбат кардааст. Трамп қаблан гуфта буд, ки натиҷаи музокироти ИМА ва Эрон дар Покистон барои ӯ аҳамият надорад.
Ноиби президенти ИМА изҳор дошт, ки дар бораи озодсозии дороиҳо Эрон ҳам, ки аз пешшартҳои ин кишвар барои музокира бо Амрико буд, суҳбат шудааст. Вале ҷузъиёти дигар ироа накард.
Вэнс дар мавриди гулугоҳи Ҳурмуз, ки аз аслитарин мавзуъҳои музокирот буд, чизе нагуфт. Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” аз қавли мақомоти эронӣ, ки аз музокирот огоҳ буданд, хабар додааст, ки Вашингтон аз Теҳрон талаб кардааст, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро фавран боз кунад, аммо ҳайати Эрон бидуни тавофуқи ниҳоӣ аз боз кардани он худдорӣ варзидааст.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Акс аз Getty Images
Дар ҳамин ҳол, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, ки дар Исломобод қарор дошт, гуфт, ки дар мавриди бархе мавзуъҳо ба тафоҳум расидем, аммо бар сари 2-3 мавзуи муҳим дидгоҳҳо фосила дошт ва ниҳоятан гуфтугӯҳо боиси созиш нашуд.
“Ин музокирот пас аз 40 рӯзи ҷанги таҳмилӣ ва дар фазои бадгумонӣ ва шубҳа баргузор шуд. Табиӣ аст, ки аз оғоз ҳам набояд интизор медоштем, ки дар як ҷаласа ба созиш мерасем. Ҳеҷ кас ҳам чунин интизорӣ надошт”, – илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Бақоӣ, бархе мавзуъҳои нав ба монанди танаги Ҳурмуз дар музокирот ҳамроҳ шуд, ки ҳар кадоми он печидагии худро дорад. Ӯ изҳор дошт, ки “дипломатия ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад ва он воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст”.
Қабл аз шурӯъи музокирот ҳайатҳои эронӣ ва амрикоӣ бо раҳбарии Муҳаммадбоқир Қолибоф ва Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико дар алоҳидагӣ бо Шаҳбоз Шариф дидор карданд. Вале ба ҷуз чанд акс ҷузъиёти дигаре аз ин мулоқотҳо нашр нашуд.
Ҷей Ди Весн ва Шаҳбоз Шариф. Акс аз Дафтари сарвазири Покистон
Ҳамчунин, пеш аз музокирот Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ки дар Исломобод қарор дорад, гуфтааст, ки “мулоҳизаҳо ва талабҳои Эрон бар асоси бастаи пешниҳодшудаи 10-бандӣ ба тарафи покистонӣ интиқол шуд”. Ӯ илова кард, ки “музокирот аз лаҳзаи расиданашон ба Исломобод оғоз ёфт” ва “Қолибофу Ароқчӣ бо ҷониби покистонӣ тақрибан ду то дувуним соат гуфтугӯ карданд”.
Бақоӣ изҳор доштааст, ки ҳайати эронӣ “дидорҳои зиёде бо нахуствазир ва фармондеҳи Артиши Покистон” доштааст.