Home Blog Page 5

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

0

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” (“Dushanbe Grand Slam 2026”) эълон шуд. Ин мусобиқа аз 1 то 3-юми май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 25 варзишгар, 21 мард ва 4 зан намояндагӣ мекунанд:

  • Меҳрзод Суфиев, Лоиқ Қутбиддинов, Икром Шамсов, Рамзиддин Азизов (ҳама дар вазни то 60 кг);
  • Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов, Искандар Маҳмадхоҷазода (ҳама дар вазни то 66 кг);
  • Муҳиддин Асадуллоев, Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф, Бинёмин Назиров (ҳама дар вазни то 73 кг);
  • Сомон Маҳмадбеков, Бахтиёр Бозоров, Абубакр Боқиев (ҳама дар вазни то 81 кг);
  • Муҳаммад Абдуҷалилзода, Умед Раҷабов (ҳама дар вазни то 90 кг);
  • Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳсин Малаев (ҳарду дар вазни то 100 кг);
  • Мансур Раҳмон, Некрӯзшох Некбахтзода (ҳарду дар вазни +100 кг).
  • Аҳлия Муъминова (дар вазни то 48 кг);
  • Мадина Қурбонзода (дар вазни то 52 кг);
  • Александра Кан (дар вазни то 57 кг);
  • Виктория Киселёва (дар вазни +78 кг).

Дар ин мусобиқа барандаҳои медалҳои тилло 5 ҳазор евро, соҳибони медалҳои нуқра 3 ҳазор евро ва онҳое, ки медали биринҷӣ мегиранд, 1 ҳазору 500 евро ба даст меоранд. Як қисми ин пул ба мураббиёни варзишгарон тақдим мешавад.

Илова бар ин, ҷудокорон аз “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” барои беҳтар кардани мавқеи худ дар радабанди Федератсияи байналмилалии ҷудо имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”, ки моҳи майи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуд, ҷудокорони тоҷик бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ мақоми аввалро касб карда буданд. Дар он 36 варзишгари тоҷик, 28 мард ва 8 зан ширкат карда буданд.

Дар он мусобиқот 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тахриби ду оромгоҳ дар Душанбе. Чаро мекӯчонанд ва дар ҷойи онҳо чӣ месозанд?

0

Дар шаҳри Душанбе ду оромгоҳро тахриб карда, мурдаҳои дафншударо берун ва дар дигар оромгоҳҳо дубора ба хок супориданд. Мақомот мегӯянд, дар ҷойи яке аз ин оромгоҳҳо масҷид ва дар дуввумӣ бинои нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохта мешавад.

“Азия-Плюс” аз ин ду оромгоҳ дидан кард ва бо сокинону масъулин дар ин маврид ҳамсуҳбат шуд. Бештар дар гузориши мо бинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш дар 10 рӯзи аввали маъракаи даъват 80,1% иҷро шудааст.

Ин ниҳод рӯзи 11-уми апрел гуфт, ки то кунун Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар 10 рӯз вилояти Хатлон 96,2%, вилояти Суғд 57,5% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 68,3%-и нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳро иҷро кардаанд.

Мавсими баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон аз 1-уми апрел оғоз шуда, то 31-уми май идома меёбад. Бар асоси фармони раисҷумҳур, ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) ба артиш даъват мешаванд.

Қаблан, Вазорати мудофиа эълон карда буд, ки дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Ҳамчунин, ҳар сол бо оғози мавсими даъват ба хидмати ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои латукӯби сарбозон паҳн мешуд ва аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Ҳамчунин, дар ин матлаби мо ба муҳимтарин саволҳо дар бораи хидмати ҳарбӣ посух ёбед: Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

0

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад. Бар асоси фармони президент, ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) дар ин мавсим ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.

Тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ё пеш аз муҳлат ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд. Соли гузашта, “Азия-Плюс” бо Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки аз ҳуқуқи сарбозон дифоъ мекунад, суҳбат ва ба саволҳои муҳим дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кард, ки онро дубора бознашр мекунад.

 

Чӣ гуна метавон худро ба рӯйхати шахсони дорои квота ба хидмати пулакӣ номнавис кард ва ҳозир он чӣ қадар нарх дорад?

– Барои ба ин рӯйхат дохил шудан, ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат бодя кард. Дар он ҷо ба шумо дар бораи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тарзи қабули ариза маълумот медиҳанд. Маъмулан шиноснома, шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мақоми шуморо муайян мекунанд, талаб карда мешавад.

Арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисобро ташкил медиҳад. Як нишондиҳанда барои ҳсиобҳо дар соли равон 78 сомонӣ аст ва тибқи он аризиши хидмати ҳарбии имсола 58 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.

То замони нашри мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар бораи шумори квотаҳои ҷудошуда маълумот гирад.

 

Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, метавонанд ба артиш даъват шаванд?

– Донишҷӯёне, ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, барои ба таъхир гузоштани хидмат ҳақ надоранд. Барои ба таъхир гузоштани хидмат танҳо ба донишҷӯёни риштаҳои рӯзона ҳуқуқ дода мешавад. Аз ин рӯ, агар шумо фосилавӣ таҳсил дошта бошед, шуморо метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд.

 

Муаллимони деҳот ҳам ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд?

– Соли 2025 барои ҳифзи мақоми омӯзгор қонуни нав қабул шуд ва дертар дар асоси он ба қонуни хидмати ҳарбӣ тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбии бархе омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони деҳот имтиёз дода шуд. Акнун танҳо он омӯзгороне, ки ду шарти зеринро доранд, аз хидмати ҳарбӣ дар давраи фаъолият озод мешаванд:

– якум, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, мактабҳои президентӣ ва мактаб-интернатҳо) кор мекунанд;

– дуввум, дар равияи омӯзгорӣ таҳсил кардаанд.

Дигар категорияҳо, аз ҷумла омӯзгорони коллеҷҳо ва донишгоҳҳо, ки бо дипломҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарҷумон ё дигар соҳаҳо дар мактабҳо кор мекунанд, ҳатто агар солҳо тадрис кунанд ҳам, ба сафи хидмати сарбозӣ ҷалб карда мешаванд.

Мард ду зан дошт, зани якумаш вафот кард. Аз зани якум якум писар ва аз зани дуюм 2 писар монданд. Писаре, ки модараш вафот кард, писари ягона шуморида мешавад? Ӯро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ даъват кунанд?

– Не, ин писар ягона писари падараш шуморида намешавад, зеро ӯ аз зани дуюмаш боз ду фарзанд дорад. Ӯ метавонист барои модараш писари ягона ҳисобида шавад, агар пас аз ҷудошавӣ дигар фарзанд намедошт, вале чун ӯ вафот кард, наметавонад барои ҳеҷ кас ягона дониста шавад.

Ба ин тариқ, барои ба таъхир гузоштани хидмати ҳарбӣ ба ин писар ҳеҷ асосе нест.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Агар писар ба ҷойи хидмат ҳозир нашуда бошад, комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ дорад, ки волидони ӯро ба ҳабс гирад?

– Комиссариати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, ки волидонро барои ба хидмат ҳозир нашудани фарзандшон ба ҳабс гирад ё ба ҷавобгарӣ кашад. Қонун талаб мекунад, ки волидон даъватномаро гирифта, бояд ба писарашон диҳанд. Агар ӯ дар хориҷи кишвар бошад, онҳо бояд ӯро дар бораи даъватнома огоҳ кунанд, масалан сурати онро фиристанд ё скан карда, онро ирсол намоянд.

Қобили зикр аст, ки маҷбур кардани волидон ё истифодаи таҳдид бо мақсади ба бозгашт маҷбур кардани писарашон ғайриқонунӣ буда, метавонад ҷиноят шуморида шавад. Волидон барои амалҳои фарзандони баркамол ҷавобгар нестанд.

 

Ман бемории сил дошта, дар Русия қарор дорам. Агар барои табобат ба Тоҷикистон равам, маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

– Ин ба вазъи солимӣ ва навъи бемории сил вобаста аст. Агар шакли кушодаи бемории сил бошад, дар ин ҳолат шуморо ба хидмат даъват намекунанд, зеро чунин беморӣ барои атрофиён хатарнок буда, муолиҷаро талаб мекунад.

Дар шакли пӯшидаи бемории сил даъват карданашон имкон дорад, вале ба вазъи солимӣ вобаста аст. Агар беморӣ муътадил шудаву душвориҳои ҷиддӣ надорад, шуморо метавонанд даъват кунанд. Аммо агар аломатҳои раванди фаъол ё бад шудани вазъ ба мушоҳида расад, ба гумони ғолиб, шумо аз хидмат озод карда мешавед.

 

Мо дар оила 2 писарем. Падарам маъюби гурӯҳи 1-ум ва бародарам маъюби гурӯҳи 2-юм мебошад. Маро метавонанд ба хидмати ҳарбӣ гиранд?

– Муайян кардан лозим аст, ки бародаратон маҳз чӣ гуна маъюбӣ дорад ва то чӣ андоза коршоям аст. Ба назар гирифтан муҳим аст, ки оё боз дигар аъзои оила ҳастанд, ки ёрӣ расонида тавонанд.

Агар дар оила модари солим бошад, даъватшаванда бо сабаби нигоҳубини аъзои оила наметавонад барои хидмат таъхир гирад ё аз хидмат озод карда шавад. Даъватшаванда дар ҳолате таъхир гирифта метавонад, ки агар аъзои оиларо, ки худро нигоҳубин карда наметавонад ё таҳти сарпрастии давлат қарор дорад (масалан, дар хонаи маъюбон ё пиронсолон), зери нигоҳуюину ғамхорӣ дошта бошад.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Ман дар артиши Русия хидмати ҳарбӣ адо кардам, оё дар Тоҷикистон низ бояд хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунам?

– Агар шумо дар артиши Русия хидмат карда бошеду душаҳрвандӣ (Тоҷикистону Русия) доред, шуморо лозим нест, ки дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии ҳатмиро адо кунед. Дар қонун дар бораи душаҳрвандӣ байни ду кишвар муқаррар шудааст, ки шаҳрвандоне, ки хидмати ҳатмии ҳарбӣ ё алтернативиро дар як аз кишварҳо адо карда бошанд, аз хидмат дар кишвари дигар озод карда мешаванд.

Барои ин шуморо лозим аст, ки шаҳодатномаи ҳарбиатонро ба комиссариати ҳарбӣ дар маҳалли зистатон дар Тоҷикистон пешниҳод намоед.

 

Ятимони кулл низ бояд хидмат кунанд?

Ятимони кулл ҳам мисли ҳамаи шаҳрвандон бо асосҳои умумӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Ҳатто агар онҳо писарони ягона бошанд ҳам, мақоми ятим онҳоро аз даъват озод намекунад.

Барои писари ягона ҳисоб шудан, яке аз волидон бояд зинда бошад ва фарзанди дигар надошта бошад.

 

Барои хидмат дар артиш қади мард бояд чӣ қадар бошад? Дар ин ҷо ягон маҳдудият ҳаст?

– Ин ҷо дарозии қад начандон ба назар гирифта шуда, балки таносуби он бо вазн муҳимтар мебошад. Масалан, агар қади мард дарозу лекин вазнаш хеле сабук бошад, ин метавонад барои корношоям ҳисобидани ӯ ба хидмат асос шавад.

Дар ҳамин ҳол, агар қади мард паст бошаду, лекин вазниш ба меъёр мувофиқ ва вазъи солимиаш хуб бошад, ӯ метавонад ба хидмат коршоям дониста шавад.

Лекин барои баҳодиҳии дақиқии вазъи солимӣ ва мувофиқат ба меъёрҳо беҳтараш аз мутахассиси тиббӣ машварат гирифтан лозим аст.

 

Ман 17-солаам, метавонам ихтиёрӣ ба хидмат равам?

– Дар 17-солагӣ шумо ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта наметавонед, зеро аз 18-солагӣ дар артиш хидмат кардан имкон дорад. Дар қонунгузорӣ имкони хидмат то расидан ба ин синнусол пешбинӣ нашудааст. Ғайр аз ин, муҳим аст, ки ба хидмат шумо бояд натанҳо аз лиҳози ҷисмонӣ, балки аз нуқтаи назари маънавӣ ва рӯҳӣ омода бошед.

Акси марбут аз манбаъҳои боз

 

Дар рӯзи 27-солагиам маро ба артиш даъват карда метавонанд?

– Не, дар рӯзи ба 27-солагӣ расидан, шуморо ба ҳайати захиравӣ шомил мекунанд ва шумо даъват намешавед.

Ман маълумоти олӣ дорам, бояд чӣ қадар вақт хидмат кунам?

– Муҳлати хидмати ҳарбӣ барои шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ надоранд, 24 моҳ ва шахсони дорои маълумоти олӣ 12 моҳро ташкил медиҳад. Аммо қобили зикр аст, ки ба имкони гирифтани таъхир ё озодӣ аз хидмат омилҳои гуногун, аз қабили вазъи оилавӣ ва вазъи солимии даъватшаванда таъсир расонида метавонанд.

Сарфи назар аз асосҳо барои таъхир ё хоҳиши хидмат, талаботи тиббӣ ва вазъи солимии ҳар як даъватшавандаро ба инобат гирифтан зарур аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

0

Ҳайати музокиракунандаи Эрон бо раҳбарии Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии ин кишвар, барои музокира бо Амрико вориди Исломобод, пойтахти Покистон шудааст. Ҳайати музокиракунандаи Амрико бошад бо роҳбарии Ҷей Ди Венс, ноиби раисҷумҳури Амрико дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Расонаҳои эронӣ менависанд, ки ҳамроҳи Қолибоф, аз ҷумла нафарони зерин ба Покистон рафтаанд:

  • Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон;
  • Алиакбар Аҳмадиён, дабири Шӯрои дифоъ;
  • Абдунносир Ҳимматӣ, раиси Бонки марказӣ;
  • Козим Ғарибободӣ, муовини вазири корҳои хориҷӣ;
  • Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсати хориҷии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллӣ;
  • Маҳмуд Набавиён, намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ;
  • Абулфазл Амуйӣ, дастёри корҳои байналмилалии Қолибоф;
  • Маҳдӣ Муҳаммадӣ, мушовири роҳбурдии Қолибоф.
Аббос Ароқӣ дар ҳавопаймое, ки аз Теҳрон барои музокира ба Исломобод парвоз кард. Акс аз расонаҳои эронӣ

Аз сӯи дигар, ба гузориши расонаҳо, Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико ва раиси ҳайати музокиракунандаи ин кишвар низ дар роҳ ба Покистон аст ва ҳавопаймои ҳомили ӯ барои сӯхтгирӣ як исти кӯтоҳ дар шаҳри Пориси Фаронса анҷом додааст. Дар музокира бо Эрон Вэнсро чунин нафарон ҳамроҳӣ мекунанд:

  • Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна;
  • Ҷаред Кушнер, соҳибкори америкоӣ ва домоди Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар.

Ба навиштаи расонаҳои Эрон, музокиракунандаи ин кишвар дар як ҳайати муташаккил аз кумитаҳои амниятӣ, сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ иборат аст ва “дар сурате, ки тарафи муқобил пешшартҳои Эрон барои оғози музокиротро қабул кунад, гуфтугӯҳо оғоз мешаванд”. Қолибоф пеш аз сафар ба Исломобод ин пешшартҳоро қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва раҳоии дороиҳои масдудшудаи Эрон гуфта буд.

Ҷей Ди Венс. Акс аз манбаъҳои боз.

Ҳайати эрониро, ки бо парвози “Миноб 168” ба Исломобод сафар кардааст, Муҳаммад Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷӣ ва Осим Мунир, фармондеҳи артиши Покистон, истиқбол гирифтанд. Ин парвоз ба ёди  168 дониошомӯзи мактаби шаҳристони Миноби Эрон, ки дар ҳамлаи мушакии Амрико кушта шуданд, “Мноб 168” номгузорӣ шудааст.

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон чанд соат пеш эълон кард, ки музокироти Эрон ва Амрико имрӯз оғоз мешавад ва онро ро фурсати “сарнавиштсоз”-е барои дастёбӣ ба сулҳ хонд. Ӯ илова кард, ки ин нишаст на танҳо барои Покистон, балки барои ҷаҳони Ислом “лаҳзаи таърихӣ” ва “мояи ифтихор” аст.

Қолибоф дар остонаи шуруъи гуфтугӯҳо дастёбӣ ба созишро ба қабули ҳуқуқҳои Эрон аз сӯи Амрико вобаста донистааст. Ӯ илова кардааст, ки “Эрон бо ҳусни ният барои музокироти Исломобод омадааст, аммо эътимоде ба Амрико надорад”.

Пеш аз ин Венс бо изҳори хушбинӣ аз гуфтугӯҳо бо Эрон гуфт, ки “агар Эрон моил бошад бо ҳусни ният музокира кунад, мо дасти дӯстӣ дароз хоҳем кард”. 

Оташбас ва акнун музокироти Эрон ва Амрико баъд аз ҷанги 40 рӯза, ки бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ оғоз шуд, бо миёнҷигарии нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф фароҳам омад. Таҳлилгарон нақши Чинро низ дар эъломи оташбас муассир медонанд ва мегӯянд, ин талоши якҷояи Пекину Исломобод буд, ки аз забони Шаҳбоз Шариф баён шуд.

Ба ҳайати музокиракунандаи Эрону Амрико дар Исломобод киҳо дохил мешаванд? Дар ин матлаби мо хонед: Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.





Тоҷикистону Русия мехоҳанд ҳаракати қатор дар масири “Душанбе-Маскав”-ро барқарор кунанд

0

Барқарор кардани ҳаракати қатори мусофирбар дар масири “Душанбе – Маскав” ва ба роҳ мондани ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Тоҷикистону Русия дар суҳбати Шоиста Саидмуродзода ва Дмитрий Зверев, муовинони вазири нақлиёти ду кишвар дар Санкт-Петербург баррасӣ шудааст.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, вале дар бораи рӯзи дақиқи равуо маълумот надодааст.

Ба иттилои манбаъ, дидори Саидмуродзода ва Зверов дар доираи Форуми якуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ, ки 1-3-уми апрел дар Санкт-Петербург баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Акс аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба харидани техникаи роҳи оҳан, вагонҳои нави мусофирбарӣ ва махсус, таҷҳизоту асбоби зарурӣ барои хидматрасонии онҳо аз Русия, таваҷҷуҳ кардааст.

Ҳамчунин, ҷонибҳо, афзоиши мусофиркашонӣ ва боркашонӣ тариқи роҳи оҳан миёни ду кишварро “раванди мусбат” хонда, барои афзоиши боркашонӣ ба сохтани долонҳои нави нақлиётӣ таъкид кардааст.

Бояд гуфт, мусофирбарӣ тариқи роҳи оҳан дар хатсайри “Душанбе – Маскав” соли 2020 бо баҳонаи бемории коронавирус қатъ шуд ва дигар барқарор нагардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми мусиқии тарбиятгирандагони студияи “Арабеск” бо унвони баргузор мешавад. Арзиши билет 30 сомонӣ аст.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2011 – Тоҷикистон ва САҲА оид ба рушди милитсияи тоҷик ва ислоҳоти он Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2013 – Байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон барои барқарорсозии сохтмони нақби “Истиқлол” ёддошти иловагӣ ба имзо расид.

Соли 2017 – Бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои “Airbus A320”-и Ӯзбекистон бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

Соли 2022 – Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии варзиши сайберӣ дохил шуд.

Соли 2024 – Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиротро ба қонуни “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” қабул карданд, ки мувофиқи он, ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд аз давлат кумаки молиявӣ гиранд.

Соли 2024 – Парлумони Тоҷикистон ду созишномаи ҳарбӣ бо Туркияро тасдиқ кард, ки дар онҳо харидории силоҳ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо бесарнишин (БПЛА) аз ин кишвар ва инчунин омӯзиши сарбозони тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия пешбинӣ шудааст.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1955 – Мавлуди Махфират Ҳамроқулова, овозхони эстрадаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Махфират Ҳамроқулова

Ӯ сарояндаи дастаи эстрадии “Гулшан” буда, ҳанӯз замоне ки ҷавон буд, узви ин ансамбл гардид. “Гулҳои Душанбе”, “Дили манӣ”, “Боз бигирям”,“Баҳори лолазори ман”, “Тоҷикистон”, “Умед”, “Шаби ошиқон”, “Духтари дарё”, “Хоҳаракам” аз беҳтарин таронаҳои овозхон мебошанд.

Махфират Ҳамроқулова солҳои 90-ум бо хонаводааш ба Русия кӯчида, чанд сол онҷо зиндагӣ кард ва сипас ба  Амрико сафар карда, дар ҳамон ҷо бо оилааш сукунат гирифт.

Соли 1993 – Раҳмон Набиев, аввалин президенти Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар 62-солагӣ даргузашт.

Раҳмон Набиев

Раҳмон Набиев нахустин президенти ба таври умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистон буда, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои зиёд раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1946 ба ҳайси муҳосиб дар колхоз шурӯъ карда, баъди хатми техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (Хуҷанд) ва Институти ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд, солҳо дар соҳаи хоҷагии қишлоқ кор кардааст.

Раҳмон Набиев аз соли 1961 ба кори ҳизбӣ гузашта, солҳои 1971-73 вазири хоҷагии қишлоқ, солҳои 1973-1982 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва солҳои 1982-1986 Котиби аввали Кумитаи марказии Ҳизби комунисти Тоҷикистон буд. Ӯ инчунин дар чанд навбат вакили Шӯрои Олиии Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

24-уми ноябри соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо касби 56 дарсади овозҳо ғолиб дониста шуд. Соли 1992 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд ва 7-уми сентябри соли 1992 дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе як гурӯҳи силоҳбадастон Раҳмон Набиевро ба истеъфо аз мансаби президентӣ маҷбур карданд. Раҳмон Набиев 11-уми апрели соли 1993 дар синни 62 дар Хуҷанд даргузашт.

Соли 1984 – Зодрӯзи Ҷамила Мусоҷонзода, вакили феълии Маҷлиси намояндагон.

Соли 1993 – Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ аз олам чашм баст.

Ҷалол Икромӣ

Ҷалол Икромӣ, нависандаи забардасти тоҷик соли 1928 Дорулмуаллимини шаҳри Бухороро хатм намудааст. Ӯ соли 1930 ба Душанбе омада, ба фаъолияти адабӣ пардохт. Чанде мудири бахши адабии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон буд.

Аввалин ҳикояи нашршудаи Ҷалол Икромӣ “Шабе дар Регистони Бухоро” буда, баъди ин нахустин қиссааш – “Тирмор”-ро эҷод кардааст.

Минбаъд марҳила ба марҳила романҳояш “Шодӣ”, “Ман гунаҳкорам, “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун”, романи ҳаҷвии “Саргузашти Сафармахсум” ва “Сафармахсум дар Бухоро”, “Зоғҳои бадмур”, “Хатлон”, “Гули бодом аз Конибодом”, қиссаи “Тори анкабут” мунташир гаштанд.

Дар бораи устод Садриддин Айнӣ хотироти муассире эҷод кардааст, ки соли 1972 дар шакли китоби алоҳидаи “Устоди ман, мактаби ман ва худи ман” ба дасти хонандагон расидааст.

Соли 2001 – Ҳабиб Сангинoв, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Душанбе дар 50-солагӣ ба ҳалокат расид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

11 апрел Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории Паркинсон таҷлил мешавад. Ин сана бесабаб интихоб нашудааст. 11 апрели соли 1755 Ҷеймс Паркинсон – табиб ва муҳаққиқи инглис ба дунё омадааст, ки аввалин шахсе буд бемории ба номаш мутааллиқро тавзеҳ дод.

Бемории Паркинсон бемории суст рушдёбандаи дегенеративӣ буда, нишонаҳояш ларзиши бадан, мушкилот дар ҳаракат ва қатъшавии фаъолиятҳои ҷисмонӣ мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ тақлил мешавад. Ин сана ба шӯриши байналмилалии маҳбусони лагери Бухенвалд бахшида шудааст, ки 11-уми апрели соли 1945 рух дода буд.

Бухенвалд яке аз лагерҳои бузурги консентратсионӣ дар Олмон буд, ки дар наздикии шаҳри Веймар, Тюрингия ҷойгир буд ва аз соли 1937 то апрели 1945 амал мекард. Дар он беш аз 56 ҳазор нафар аз 18 миллат, аз ҷумла 19 ҳазор асири ҷангии шӯравӣ кушта шуданд. 11 апрели соли 1945 маҳбусон бо шунидани наздикшавии нерӯҳои муттаҳид шӯриш карданд ва баъд аз чанд рӯз нерӯҳои амрикоӣ вориди лагер шуданд.

11 апрели соли 1919 Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) ташкил ёфтааст. СБМ стандартҳои меҳнатии байналмилалиро таҳия намуда, барномаҳои беҳбуд бахшидан ба шароити кор ва зиндагии кормандонро омода мекунад. Соли 1946 СБМ нахустин агентии махсуси СММ шуд. Имрӯз 187 кишвар узви он ҳастанд.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии аниматсиясозон таҷлил мешавад. Ин рӯзро асосан дӯстдорони анимеи ҷопонӣ ҷашн мегиранд. Мақсади ин рӯз рушди бахши аниматсия дар ҷаҳон аст. Он аз асри XX сарчашма мегирад ва аввалин намунаи боқимондааш “Katsudo Shashin” аст, ки танҳо 3 сония давом мекунад.

Осаму Тэдзука падари аниматсияи муосир ҳисобида мешавад. Ӯ аввалин комикси худро бо номи “Shin Takarajima” навишт ва бо комикси маъруфи “Tetsuwan Atomu” ба комёбӣ расид. Имрӯз тасвирҳои аниматсионӣ на танҳо барои кӯдакон, балки барои наврасон ва калонсолон низ сохта мешаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони суст меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 11+16º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони суст меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 2+4º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Камбуди китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ дар кишвар тайи чанд сол аз мушкилоте гуфта мешуд, ки нигаронии аҳли адаб ва хонандагонро ба бор овардааст. Аксарият шиква аз он мекарданд, ки барои кӯдакони худ бо забони тоҷикӣ китоби мувофиқ пайдо намекунанд ва сифати аксар китобҳои нашршуда низ қонеъкунанда набуда, бо намунаҳои русӣ ва англисӣ қобили муқоиса нест.

Аммо солҳои охир ноширон ва Вазорати фарҳанг аз чопи теъдоди зиёди китобҳои кӯдакона хабар медиҳанд. Аммо таваҷҷуҳ ба китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ ҳамоно кам аст.

Дар доираи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” бори дигар аз мағозаҳои китобфурӯшии пойтахт боздид карда, бо китобҳое, ки ҳоло дар фурӯш ҳастанд, шинос ва бо китобфурӯшон пиромуни таваҷҷуҳи мардум ба китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ суҳбат кардем.

Дар муқоиса бо чанд соли пеш, дар аксар нуқтаҳои фурӯши китоб дар пойтахт китобҳо бо забони тоҷикӣ, аз ҷумла барои кӯдакону наврасон ба ҳадди чашмрас фаровон буданд. Баъзе аз мағозаҳои китобфурӯшӣ, ба қавли моликонашон, ҳатто беш аз 300-400 номгӯ китоби бадеӣ бо забони тоҷикӣ доштанд.

Дуруст, аксари нуқтаҳои фурӯши китоб бештар маводи хониш ва китобҳо бо забонҳои русиву англисӣ доштанд ва теъдоди китобҳои тоҷикӣ камтар ва харидоронаш низ кам буд. Аммо китобфурӯшони собиқадор ҳам буданд, ки тамаркузашон махсусан ба китобҳои тоҷикӣ афзун буда, ин навъ китобҳоро бештар ба фурӯш гузошта буданд.

“Мизони хариди китоби тоҷикӣ беҳтар шудааст”

Рустам Бобокалонов, яке аз китобфурӯшони собиқадор, ки дар “Олами китоб” савдо мекунад, аз серхаридор шудани китобҳои тоҷикӣ дар солҳои охир, аз ҷумла баъди роҳандозии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” қаноатманд буд.

Ӯ гуфт, кӯдакону наврасон ва волидонашон бо феҳристи китобҳои дар низомнома ишорашуда меоянд ва ҳам китобҳои адабиёти классик ва ҳам муосиру кӯдаконаро бо забони тоҷикӣ “суроғ” мекунанд.

Дар ин мағоза китобҳои кӯдакона, аз ҷумла, маҷмуи “Афсонаҳои халқи тоҷик” дар чанд ҷилди хурд ва китобҳои муаллифии кӯдакона аз адибони муосир барои харидорон дастрас буданд. Ҳамчунин намунаҳои зиёди адабиёти классикӣ ва насри ривоятӣ ҳам бо нусхаи асл ва ҳам дар шакли шарҳу тафсир пешкаши хонандагони хурдсол шуда буд.

Асарҳои барои кӯдакону наврасон эҷодшудаи адибони ҷаҳонӣ ва тазкираю донишнома ва мунтахабот барои кӯдакон низ дар ин нуқтаи китобфурӯшӣ дастрас буданд.

“Китоб қимат шавад, мардум намехаранд”

Ба қавли Рустам Бобокалонов, қаблан ҳатто дар давраҳои таътил низ он қадар китоб намехариданд, аммо чанд соли охир таваҷҷуҳи волидон ба китоб бештар шудааст ва ҳам дар таътили тобистона ва ҳам дар таътилҳои тирамоҳию баҳорию зимистона падару модарон ва ё худи хонандагон барои хариди китоб меоянд.

“Ман аз соли 1990 дар низоми китобфурӯшӣ кор мекунам. Солҳои пеш мо ҳатто як афсонаи тоҷикӣ намеёфтем. Баъди соли 2010 нашри китобҳо ба забони тоҷикӣ зиёд шуданд”, – мегӯяд ӯ.

Ба қавли ин китобфурӯш, барои кӯдакону наврасон асарҳои Садриддин Айнӣ, Пӯлод Толис, Болта Ортиқ ва китоби афсонаҳоро бештар мехаранд.

Ҳамсуҳбати мо дар ҳамин ҳол афзуд, харидорони хурдсол китобҳои хориҷии ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо камтар мехаранд ва далелаш, ба қавли ӯ, ноогоҳии онҳо аст, “зеро дар барномаи мактабии синфҳои поёнӣ адабиёти хориҷа таълим дода намешавад”.

“Масалан, ҳамин китоби “Ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холсмс”-и Артур Конан Дойл соле пеш чоп шуд, лекин харидори кам дорад”, – меафзояд ӯ.

Дар ин мағозаи китобфурӯшӣ арзиши китобҳо аз 5 сомонӣ оғоз шуда, китобҳои ҳаҷмашон каме калонтар, чун “Афсонаҳо”, ки 5 – 6 афсона дорад, 8-10 сомонӣ аст ва ҳамин тавр, китобҳои аз 100 саҳифа бештар аз 15 сомонӣ бештар арзиш доранд. 

Ин фурӯшанда мегӯяд, бо калон шудани ҳаҷм ва беҳтар шудани сифати нашр, нарх низ гаронтар мешавад.

Ӯ эътироф кард, ки арзиши китобҳое, ки бо сифати хуб нашр мешаванд, гаронтар аст ва “агар китоб каме қиматтар шавад, мардум намехаранд. Аксар китобҳо бо вуҷуди он ки сифаташон каме пасттар аст, нархи дастрас доранд”.

Номбурда дар баробари он ки солҳои охир серхаридор шудани китобҳои тоҷикиро таъйид мекунад, ҳамчунин далели шикояти баъзе харидоронро дар робита ба пайдо накардани китоби муносиб бо забони тоҷикӣ чунин шарҳ дод: “Яке аз мушкилот ин ки дар мактабҳои мо бо як қолаб кор мекунанд. Як рӯйхате ҳаст, ки аз давраҳои пеш монда, ҳама меояд, як чизро мепурсад. Шояд огоҳ нестанд, ки китобҳои дигар ва шояд хубтар чоп шудаанд”, – мегӯяд ӯ.

Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб аз…

Дар нуқтаи дигари китобфурӯшӣ, ки дар паҳлӯи ин нафар савдо мекард, ба ғайр аз баъзе китобҳои маъмул, ки қариб дар тамоми мағозаҳои китоб дида мешуд, як силсила китобҳои тозанашри кӯдаконаро ба забони тоҷикӣ ба фурӯш гузошта буданд.

Ин силсила аз 16 ҷилд иборат буда, ҳар кадом гулчин ва шарҳи қисса ва ё ҳикоёти шавқангез аз асарҳои ҷудогонаи классикон аст ва бо унвони “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб аз…” ҳар яке шурӯъ мешавад.

Ин силсила аз ҷониби нашриёти “Адабиёти бачагона” мунташир шуда, нигорандагони он Маҳдии Озарияздӣ ва Марям Маҷидӣ мебошанд ва бо забони содаю фаҳмо ва тафсири сода мувофиқи завқи кӯдакону наврасон таҳия шудаанд. 

Ба қавли китобфурӯши ин нуқтаи китоб, ки нахост номашро зикр кунад, ҳоло 12 ҷилди ин силсила дар фурӯш буда, тақрибан моҳе пеш дастраси онҳо шудааст.

Ӯ дар бораи мизони хариди китобҳои кӯдакона посухи мушаххасе надод, зеро ба гуфтааш, ин нуқтаи фурӯши китобро тоза боз кардааст.

“Аз ноҳияҳо бештар мехаранд”

Шералӣ Шоёқубов, ки дар нуқтаи китобфурӯшии “Китобхон” 36 сол инҷониб китобфурӯшӣ мекардааст, мегӯяд, тақрибан сад номгӯ китоби кӯдакона дорад ва арзишашон аз 5-6 то 35-40 сомонӣ аст.

“Китоб арзон, гап дар китобхон”, – мегӯяд бо завқ ин китобфурӯш.

Ба қавли ӯ, харидорони китобҳои тоҷикӣ, асосан, аз ноҳияҳо мебошанд.

“Азбаски нисфи мактабҳои шаҳр русзабонанд, китобҳои тоҷикиро сокинони пойтахт камтар мехаранд. Аз ноҳияҳо аксаран омада, яклухт мехаранд ва барояшон бо тахфиф мефурӯшем”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ аз мушоҳидаҳояш хулоса мекунад, ки асарҳои Садриддин Айниву Сотим Улуғзода ва аз шоирон, Мирсаид Миршакар, Гулназар Келдӣ, Мавҷуда Ҳакимова аз ҷумлаи китобҳои серхаридоранд.

“Сифат бошад, ба 5-10 сомонӣ нигоҳ намекунанд”

Дар баъзе мағозаҳои китобфурӯшии дигар низ, ки дар рӯбарӯи “Садбарг” воқеъ мебошанд, имкони пайдо кардани номгӯи зиёди китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ мавҷуд аст.

Аз ҷумла, дар яке аз нуқтаҳои “Олами китоб” бо шумули аксар китобҳое, ки дар мағозаҳои дигар дидем, чанд китоберо пайдо кардем, ки дар нуқтаҳои дигари китобфурӯшӣ набуданд.

Наҷмиддин Ноибов, ки дар ин нуқта савдо мекард, бар хилофи гуфтаҳои баъзе китобфурӯшони дигар мегӯяд, нисбат ба китобҳои тоҷикӣ, китобҳои бо забони русӣ нашршударо бештар харидорӣ мекунанд.

Наимҷон Қудратов ном китобфурӯши дигар, асосан китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ мефурӯхт. Ӯ мегӯяд, сифати китобҳо солҳои охир беҳтар шудаанд ва мардум ҳам ба сифат бештар таваҷҷуҳ мекунанд.

“Агар сифат бошад, мардум ба 5-10 сомонӣ нигоҳ намекунанд. Масалан, нисбат ба пастсифати 30 сомонӣ, босифати 40-сомониро интихоб мекунанд”, – мегӯяд ин китобфурӯш. 

Ӯ эътироф кард, ки воқеан китобҳои нашркардаи баъзе нашриёт сифати паст доранд, аммо аз нашриёте мушаххас ном набурд.

“Бештар китоби русӣ мехаранд”

Дар нуқтаи китобфурӯшии “Китобкада” низ теъдоди китобҳои тоҷикӣ, махсусан, барои кӯдакону наврасон зиёд набуд. Инҷо танҳо дар ду қатор китобҳои тоҷикӣ мавҷуд буданд

Муҳаммаднақиб Нақибзод, ки дар ин дӯкони китобфурӯшӣ савдо мекард, ду далели кам будани китобҳои тоҷикиро шарҳ дод.

Ба қавли ӯ, омили аввал ин сифати паст доштани китобҳои тоҷикӣ, махсусан, кӯдакона аст.

“Масалан, муқоваашон мисли дафтар аст, ки худ аз худ ҷамъ шуда меравад ва китоб тез намудашро гум мекунад. Муддати зиёд нигоҳ дошта намешавад, зеро нигоҳубинаш каме мушкил аст”, – мегӯяд ӯ.

Нақибзод барои исботи иддаояш китоби “Шоҳзодаи хурдакак”-и Антуан де Сент-Экзупериро, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ бо ин ном чоп шудааст, бо нусхаи бо забони русӣ нашршудааш муқоиса кард, ки аз рӯйи муқова ҳатто фарқ мекард: нусхаи тоҷикӣ бо муқоваи нарми дафтармонанд ва нусхаи русӣ бо ҷилди сахт нашр шуда буд.

Аммо ба қавли ӯ, бо вуҷуди қариб якуним баробар гарон будани нусхаи русӣ, харидорон бештар онро интихоб мекунанд.

Далели дигари камчинии китобҳоро бо забони тоҷикӣ, номбурда ба харидори кам доштани онҳо рабт дод. Дар ҳоле ки баъзе китобфурӯшон серхаридор будани китобҳои тоҷикиро зикр мекунанд, ба қавли ӯ, 99 дарсади харидорон китобҳои русӣ мехаранд ва мухотабони китобҳои тоҷикӣ танҳо 1 дарсад аст.

“Ҳоло тамоми таваҷҷуҳ ба русию англисӣ аст. Агар мардум китобҳои тоҷикиро бештар талаб мекарданд, табиист, ки китобҳои тоҷикӣ зиёдтар мебуданд”, – тавзеҳ медиҳад ӯ.

Ба иддаои ӯ, “мардум пули китобхарӣ доранд, аммо аксаран барои китоб харидан дареғ медоранд”.

Андешаҳои китобфурӯшон пиромуни харидории китоб аз сӯйи сокинон гуногун буда, гурӯҳе ба беҳбуди нашр ва сифати китобҳои кӯдакона бо забони тоҷикӣ ва гурӯҳи дигар ба бесифатии китобҳо ишора мекунанд.

Харидорон низ мавқеъи гуногун доранд ва аксарият мегӯянд, ки вазъ солҳои охир нисбат ба қабл хеле беҳтар шудааст:

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир баъзе зиёиён низ аз мушкили адабиёти кӯдакона ҳарф мезананд. Аз ҷумла, соле пеш Азизи Азиз, адиби маҳбуби кӯдакон дар суҳбати вижае ба “Азия-Плюс” гуфта буд, яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар бахши китоби кӯдакона дар кишвар ба талаботи нашри китоби кӯдакона ҷавобгӯ набудан ва бо теъдоди каму сифати паст нашр шудани он аст. Ба қавли ӯ, 12 талаботе ҳаст, ки ҳангоми нашри китоби кӯдакона бояд риоя шавад, аммо “ҳатто худи ноширон ақаллан сетои онро номбар карда наметавонанд”.

Адабиёти кӯдакона дар кишвар чӣ мушкилот дорад ва талаботу таваҷҷуҳ ба ин бахши адабиёт чӣ гуна аст, дар ин матлаби мо, ки соле пеш нашр шуда буд, мутолиа кунед: “Рақс ҳаст, суруд ҳаст, аммо китоб нест”. Адабиёти кӯдакона дар Тоҷикистон бо кадом мушкилот рӯбарӯст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

0
Акс аз Раёсати нақлиёти ғарбии Вазорати корҳои дохилии Русия

Думаи давлатии Русия нақша дорад, ки рӯйхати асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро қариб ду баробар зиёд кунад. Агар ин тағйирот пазируфта шавад, аз ҷумла барои ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳар гуна ҳарфе зидди артиши Русия боиси ихроҷи муҳоҷирон мешавад.

Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии парлумони Русия дар канали “Telegram”-и худ навишт, ки Шӯрои Думаи давлатӣ баррасии ин тарҳи қонунро аллакай рӯзи душанбеи 13-уми апрел оғоз мекунад.

Ӯ гуфтааст, ки аз соли 2024 инҷониб, дар кишвар 22 қонуни федералӣ қабул шудааст, ки ба тақвияти сиёсати муҳоҷират нигаронида шудаанд, ки аксари онҳо аз ҷониби аъзои парлумон пешниҳод шудаанд.

“Мо кӯшиш кардем, ки ҳама кори имконпазирро анҷом диҳем, то муҳоҷирати ғайриқонуниро пешгирӣ кунем”,- гуфтааст Валодин

Ҳоло, ихроҷи муҳоҷирон дар 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират ва тарғиби кӯдакозорӣ шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд.

Тарҳи нави қонун пешниҳод мекунад, ки ин рӯйхат то 43 модда зиёд карда шавад. Баъд аз ин вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат накардан ба талаботи пулис ва эҷоди монеа дар фаъолияти иншооти инфрасохторӣ ва нақлиёт низ метавонанд асос барои ихроҷ шаванд.

Ба таври алоҳида ба ин рӯйхат паҳн кардани маводҳои “таҳқиркунандаи ахлоқи ҷамъиятӣ” дар интернет, инчунин ҳар гуна амалҳои оммавие, ки ҳамчун бадномкунии артиши Русия ё даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди ин кишвар арзёбӣ мешаванд, дохил хоҳанд шуд.

Банди охирин чунин маъно дорад, ки шаҳрванди хориҷиро метавонанд ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун кунанд. Илова бар зиёд кардани асосҳо барои ихроҷ, лоиҳаи қонун барои як қатор ҳуқуқвайронкуниҳо ҷаримаҳои гаронтарро пешбинӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар соли 2025 аз Русия 72 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.

Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия чӣ гуна аст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир ёфтааст? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

0

Тибқи пешгӯйии ахири Бонки осиёии рушд (БОР), иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои 2026 ва 2027 асосан аз ҳисоби рушди саноат ва соҳаи хидматрасонӣ рушд мекунад. Мувофиқи гузориши ин созмон, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар соли 2026-ум 7,3% ва дар соли 2027-ум 6,8% пешгӯӣ мешавад. Дар ҳоле, ки дар соли 2025 болоравӣ 8,4% рушд мекунад.

Дар таҳлили ин созмон, ки имрӯз, 10-уми апрел бо номи “Гузориши рушди Осиё” барои моҳи апрели соли 2026 нашр шуд, гуфта мешавад, ки дар пасманазари афзоиши қарздиҳӣ ва интиқоли маблағ, болоравии пардохти музди меҳнат дар бахши давлатӣ, нуқсонҳо дар занҷираҳои таҳвил ва тасҳеҳи таърифаҳо (тарифҳо) ба хидматрасониҳои коммуналӣ, дар соли 2026 сатҳи тавррум 4,0% ва соли 2027 – 4,5%-ро ташкил диҳад.

“Рушди баланди иқтисоди Тоҷикистон барои ҳаррчи тезтар таъсис додани ҷойҳои корӣ имкон фароҳам месозад. Бо рушди рақобатпазирӣ ва соҳаҳои даромаднок, кишвар метавонад рушди иқтисодиро ба миқдори зиёди ҷойҳои кории хушсифат табдил диҳад, ки афзалияти калидии Стратегияи шарикии мо бо Тоҷикистон маҳсуб меёбад”,- зикр кардааст Ко Сакамото, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон .

Тайи солҳои ахир истеҳсоли саноатӣ дар Тоҷикистон рушди устувор нишон медиҳад. Ҳамзамон ба иқтисоди кишвар мисли пешина хусусияти начандон кофии заминаи истеҳсолӣ баҳо дода мешавад. Содирот асосан аз ашёи хоми коркарднашуда, инчунин маҳсулоти дорои технологнияи миёна ва паст иборат аст. Камтар аз 10% аз ҳаҷми содирот ба маҳсулоти саноатии дорои арзиши баланди иловашуда рост меояд.

Дар “Гузориши рушди Осиё” ба Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки барномаи маҷмӯавии рушди саноат, ки ба равиши низоми эоклогӣ асос ёфтааст, ҷорӣ карда шавад. Чунин равиши ҳамоҳангшуда бояд аз доираи бахшҳои ҷудогона баромада, дар миқёси низоми экологии тиҷоратии васеъ, аз ҷумла зерсохтор, тайёр кардани қадрҳои ҳирфаӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва ба сурати умум муҳити корӣ, маҳдудиятҳоро бартараф кунад.

Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳаҷми умумии кумаки он ба ҷумҳурӣ ҳудуди 3 млрд долларо ташкил медиҳад, аз ҷумла зиёда аз 2,2 млрд доллар ба сифати грантҳо.

Стратегияи шарикии БОР бо Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ба се афзалияти стратегӣ асос ёфтааст:

  • ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди тақсимот ва сафарбарии захираҳо;
  • баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби рушди сармояи инсонӣ;
  • мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ аз ҳисоби сармоягузорӣ ба иқтисод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.