Вэнс пеш аз он ки сиёсатдон шавад, ба сармоягузорӣ дар ширкати Питер Тиел машғул буд. Дар соли 2022 ба Сенати Амрико аз Огайо интихоб шуд ва бо ду сол хидмат дар Сенат яке аз камтаҷрибатарин ноиби раисҷумҳур дар таърихи кишвардории ИМА шуд.
Ҷей Ди Вэнс. Акс аз AP Photo
Вай яке аз мухолифони ҷанги дарозмуддат бо Эрон буд. NPR гузориш медиҳад, ки ӯ пеш аз оғози ҷанг дар маслиҳатҳои дохилии Кохи сафед ба ҳамла бо шубҳа муносибат мекард, аммо ба таври оммавӣ аз ҷанг дифоъ кард. Ба ҳамин сабаб, ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, ҷониби Эрон хостааст, ки бо Вэнс мулоқот кунад, на бо Уиткофф ва Кушнер, ки дар музокироти то ин лаҳза анҷомдода нокорагии худро намоиш доданд. Вэнс чун сиёсатмадоре, ки ҷанги дарозмуддатро намехоҳад, муаррифӣ мешавад.
Уиткофф дар музокироти Эрон аз апрели 2025 фаъол буд, аммо дар ин пай нигарониҳои ҷиддие ҳам зикр мешуданд: Анҷумани назорати яроқ дар асоси сабтҳои худи музокирот хулоса кардааст, ки Уиткофф “таҷрибаи кофии техникӣ барои музокироти ҳастаӣ надорад” ва “иштибоҳоти ҷиддӣ дар тавсифи барномаи ҳастаии Эрон кардааст”.
Ӯ ҳамчунин, музокиракунандаи аслӣ аз ҷониби Амрико дар музокироти Русияву Украина барои поён додан ба ҷанг аст, ки он ҳам бо вуҷуди ваъдаи “дар 24 соат поён додан ба ҷанг” аз сӯйи Трамп, беш аз як сол аст идома дорад, вале ҳеҷ натиҷае надодааст.
Кушнер дар давраи раисҷумҳурии Трамп (2017–2021) дар Кохи сафед кор карда буд ва дар қабули Созишномаҳои Иброҳим – роҳандозии муносибати дипломатии Исроил бо кишварҳои арабӣ нақши калидӣ доштааст. Пас аз он ширкати сармоягузории “Affinity Partners”-ро таъсис дод ва аз Арабистони Саудӣ, АМА ва Қатар миллиардҳо доллар сармоя ҷалб кард.
Вижагии ин ҳайат дар он аст, ки ҳар се нафар на дипломати касбӣ, балки тоҷирони амволи ғайриманқул ва соҳибкор мебошанд. Ва дуи онҳо – Уиткофф ва Кушнер яҳудианд.
– хуруҷи нирӯҳои Амрико аз пойгоҳҳои Ховари Миёна;
– ба расмият шинохтани ҳакимияти Эрон бар Тангаи Ҳурмуз;
– ва расмигардонии тавофуқ дар Шӯрои амниятии СММ.
Доналд Трамп дар ин робита дар Truth Social навиштааст: “Пешниҳоди 10 банди Эронро дарёфт кардем ва фикр мекунем он метавонад пояи муносиби музокира бошад”.
Дар ин баробар, ба гуфтаи ВВС, Амрико низ 15 банди пешниҳод кардааст, ки дар музокирот мавриди баҳс қарор мегирад. Маълум нест, ки он аз чиҳо иборат аст.
Дар Суғд аз номи раиси вилоят ба 80 зани соҳибкори ҳунарманд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ грант ё кумаки бебозгашт медиҳанд. Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд эълони озмуни грантҳоро нашр кардааст.
Аз ба фаъолият оғоз кардани “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он рӯзи 7-уми апрели соли 2025 бо иштироки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва намояндагони ширкатҳои фанноварии дохилӣ ва хориҷӣ дар потйтахти кишвар расман ба кор оғоз кард. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, маълум кунад, ки дар як соли кор, ин муаасиса ба чӣ дастовардҳо ноил шуд.
Дар “IT Park” чанд ширкат фаъолият мекунанд?
Имрӯз дар он зиёда аз 70 ширкати фанновариҳои иттилоотӣ (IT) кор мекунанд. Ин ширкатҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд.
Намогирифт аз сомонаи “IT Park Dushanbe”
Масъулин мегӯянд, аъзои “IT Park Dushanbe”яке аз муҳаррикони иқтисоди рақамӣ табдил ёфта, на танҳо дар дохили кишвар кор мекунанд, ҳамчунин ба муаррифии бахши фанновариҳои иттилоотии Тоҷикистон дар берун аз ҳудуди он оғоз кардаанд.
Тавре аз “IT Park Dushanbe” гуфтанд, рушди ин муассиса дар робита ва ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ пешбинӣ гардида буд, ки дар татбиқи он ҷонсии навовариҳо ва фанновариҳои рақамии Тоҷикистон нақш дорад. Ин ниҳод ба амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва навовариҳо масъул аст.
“Дастгирӣ аз ҷониби Оҷонсии мазкур ташаббуси якдафъаина набуда, ҳамоҳангсозии доимист. Маҳз аз ҳамин ҳисоб заминаи устуворе фароҳам меояд, ки парк дар он метавонад бидуни ҷаҳишҳои ногаҳонӣ рушд кунад”, – гуфтанд аз “IT Park Dushanbe”.
Намояндагони ширкату корхонаҳое, ки узви “IT Park” шуадаанд Акс аз сомонаи “IT park Dushanbe“
Чӣ гуна чорабинӣ ва вохӯриҳо баргузор мешаванд?
Майдони “IT Park” барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла чорабиниҳои СҲШ, ИДМ, инчунин ҳамоишҳои гуногуни байнулмилалӣ истифода мешавад. Чунин чорабиниҳо ҷиҳати роҳандозии робитаҳо бо шарикони хориҷӣ, баррасии лоиҳаҳои муштарак ва ба сурати умум, нишон додани он, ки Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди навовариҳо дар иқтисод омода аст, имкон медиҳанд.
Ҳаҷми содироти хидматрасонии фанновариҳои иттиллотӣ дар соли 2025 ба 23 млн сомонӣ расид. Ширкату корхонаҳои аъзои “IT Park Dushanbe” аллакай, бо бозорҳои беруна кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулот ва хидматрасониҳое, ки дар дохили кишвар истеҳсолу роҳандозӣ мешаванд, аллакай дар берун аз ҳудуди он талабот доранд.
Мудири маорифи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, ҷонишини раиси ҳукумати ҳамин ноҳия, мудири маорифи шаҳри Душанбе ва аз соли 1976 то соли 1988 12 сол муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ шуда кор кард.
Аз соли 1988 то 1992 боз ба ҳайси мудири маорифи шаҳр фаъолият кардааст. Аз соли 1992 то соли 1994 вазири маориф, аз соли 1994 то 2000-ум муовини сарвазири ҳукумати ҷумҳурӣ будааст.
Аз ҷумлаи бонувони фаъол дар талоши сулҳ буд ва ягона зани узви Комиссияи оштии Миллӣ дар барқарории сулҳу субот дар кишвар саҳми арзанда гузоштааст.
Намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки пеш аз сафар ба ин кишвар ҳуҷҷатгузории зарурӣ, аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва санҷиши манъи вурудро дар Тоҷикистон анҷом диҳанд.
Ин ниҳод бо нашри як огоҳинома, рӯзи 7-уми апрел гуфтааст, ки ин тадобир, ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа карда, барои будубоши қонунӣ ва бехатари онҳо дар Русия мусоидат мекунад.
Намояндагӣ таъкид кардааст, ки дар шароити пурзӯр шудани назорат ва ворид кардани тағйирот ба қонунгузории Русия, шаҳрвандонро зарур аст, ки пеш аз сафар дар Хадамоти шиносномавию раводиди ВКД-и Русия дар Душанбе, маълумоти биометрӣ – аксбардорӣ ва супурдани изи ангуштон, гузаштан аз ташхиси тиббӣ, санҷиши манъи вурудро анҷом дода, тариқи замимаи мобилии “Госуслуги RuID” ариза пешниҳод кунанд.
“Анҷом додани тартиботи пеш аз сафар ба шумо имкон медиҳад, вақти убури сарҳадро ба таври назаррас кам намоед, раванди воридшавӣ ва расмиёти баъдӣ дар Русияро содда гардонед, дар баъзе ҳолатҳо аз такроран гузаштани расмиёти биометрӣ ва ташхиси тиббӣ худдорӣ намоед, аз рӯзҳои аввали будубош ба талаботи қонунгузории Федератсияи Русия мутобиқ бошед”,-навиштааст намояндагӣ.
Бояд гуфт, ки аз моҳи феврали соли 2026 гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русия имконпазир шуд. Муҳоҷирони корӣ бо пардохти 240 сомонӣ метавонанд, ки муоинаи тиббиро барои гирифтани “патент” дар Тоҷикистон гузаранд.
Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро вакилони тоҷик рӯзи 4-уми март ба тасвиб расониданд.
Ин созишнома 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд. Баъдтар онро ҳукумати Русия тасдиқ карда, барои баррасӣ ба Думаи давлатии ин кишвар фиристода буд.
Пештар, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, харҷи зиёди молиявӣ дар пай дошт ва аксаран бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас мегардониданд.
Бояд гукфт, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши “патент” ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.