Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Фарзона Муродӣ, asia+

Дар Суғд аз номи раиси вилоят ба 80 зани соҳибкори ҳунарманд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ грант ё кумаки бебозгашт медиҳанд. Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд эълони озмуни грантҳоро нашр кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ, барои дастгирии занони соҳибкори вилоят аз буҷети вилоят 560 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ин кумакҳо ба занҳои ҳунарманд ва эҷодкори вилоят, ки лоиҳаҳои таҳиянамудаи онҳо ба ҳалли масоили занон ва таъмин кардани онҳо бо ҷойи корӣ тавассути рушди бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ, истеҳсолӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумию дастӣ мусоидат мекунад, ба андозаи зерин ҷудо карда мешавад:

– 20 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ;

– 20 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ;

– 40 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ.

Муҳлати пешниҳоди лоиҳа аз 10-уми апрел то 10-уми июни соли 2026 аст. Маълумоти бештарро  тариқи  телефони (83422) 4-68-50, 4-65-37 дастрас кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки гранти раиси вилояти Суғд соли 2010 ҷорӣ шуда, 16 сол боз ба занҳои ҳунарманд дода мешавад. Соли гузашта 60 зан соҳиби он шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.