Дар Суғд ба 60 зан грантҳои раиси вилоят тақдим шуд

Дар шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси вилояти Суғд ба занон тақдим шуданд. Маросими супурдани грантҳо рӯзи 23 октябр дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" баргузор шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муҳим будани дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро барои бонувон зикр кард. Гуфта мешавад, соли […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси вилояти Суғд ба занон тақдим шуданд. Маросими супурдани грантҳо рӯзи 23 октябр дар Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" баргузор шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муҳим будани дастгирии ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро барои бонувон зикр кард.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» 60 адад гранти раиси вилоят барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ҷудо карда шуд.

Ғайр аз ин, имсол 24 зан грантҳои президентӣ гирифтанд, маблағашон аз 10 то 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо дастгириҳои президент ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят рушд ёфта, айни замон 288 маркази ҳунармандӣ, аз ҷумла 108 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва 180 маркази намудҳои дигари ҳунарҳо фаъолият доранд. Дар марказҳо 30 ҳазору 837 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд.

Раиси вилоят изҳори итминон кард, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят  дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Зикр мешавад, ки давоми солҳои 2010-2023 занони ҳунарманди вилоят 4 млн сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуда, дар баробари беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаашон, ҳамчунин барои занону духтарони дигар низ ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис доданд.

Қаблан дар чаҳорчӯби Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ ва содироти “Хатлон Инвест” ба 30 нафар занони соҳибкор ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ грантҳои раиси вилояти Хатлон тақдим шуданд.

Грантҳои мазкур ба амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсолоти хурд, дӯзандагӣ ва дигар бахшҳои ҳунармандӣ равона хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.