Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол – 2026” шуруъ шудааст ва то моҳи сентябр идома меёбад. Озмун аз рӯи чанд номина баргузор шуда, ғолибон бо ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мегӯяд, ҳадафи озмуни “Табиб сол – 2026” ба “баланд бардоштани сатҳи касбият, ҳавасмандгардонии табибон ва қадрдонии онҳо дар рушди соҳаи тандурустии кишвар” равона шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, номинаи асоси озмун “Табиби сол” буда, барои ихтисосҳои асосии дармонӣ (терапевтӣ), клиникӣ ва ҷарроҳӣ пешбинӣ шуда, инчунин табибони озмоишгоҳӣ, мутахассисони соҳаи тадқиқоти дастгоҳӣ (инструменталӣ) низ метавонанд ширкат кунанд.

Дар озмун ҳам табибони муассисаҳои тиббии давлатӣ ва ҳам хусусӣ метавонанд, иштирок кунанд.

Ба иттилои масъулони ин озмун, хусусияти хоси озмуни иштироки фаъоли аҳолӣ буда, сокинони кишвар низ метавонанд табибон-иштирокчиёни озмунро бо гузоштани фикру мулоҳизаи худ дар сомонаи озмун samt.tj дастгирӣ кунанд.

Озмун дар се марҳала баргузор мегардад:

Аз рӯзи оғоз то 30-юми июн:

– бақайдгирии табибони иштирокчиён дар сомонаи Озмун;

– пешниҳоди мақолаҳои тиббии илмӣ омавии табибон аз рӯи ихтисоси худ ва дар алоҳидаги пешниҳоди маълумот бо дастовардҳо ва – навовариҳои касбии табибон тариқи почтаи электронии озмун;

– пешниҳоди варақаи касбӣ бо дастовардхои эпидемиологҳо, фарматсевтон, кормандони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тариқи почтаи электронии озмун;

Акси марбут аз муаллиф

Аз рузи оғоз то 30-юми июл:

– нашри мақолаҳои тиббии илмӣ омавии табибон бо муаррифии дастовардҳо ва навовариҳои касбии табибон дар варақаҳои Facebook-и озмун;

– ҷамъоварии фикру мулоҳизаҳои  (отзыв) аҳолӣ ба табибон, ки дар сомонаи озмун ҷойгир мешаванд;

  • – ҷамъоварии баҳогузории ҳамкасбон, коршиносон ва аҳолӣ ба мақолаҳои тиббии илмӣ омавии табибон, ки дар варақаҳои Facebook-и озмун ҷойгир мешаванд;

Аз 1-уми июл то 30 -юми август:

– баҳогузории муаррифии дастовардҳо ва навовариҳои касбии иштирокчиён бо ҳайати ҳакамони озмун иборат аз коршиносони миллӣ ва мутаҳассисони пешбари соҳавӣ;

  • – интиҳоби ғолибон;

Сентябр:

маросими ниҳоии тақдим ва ҷоизасупорӣ.

Ғолибон бо ҷоиза ва 15 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.