Боздошти зане, ки фарзанди даҳсолаашро латукӯб кард

Мақомот занеро, ки фарзандашро латукӯб ва бинияшро хуншор карда буд, боздошт карданд. Навори бадрафтории ин модар ва чашмони гиряолуди фарзандаш дар ҳоле, ки аз бинияш хун мерафт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд рӯз қабл паҳн гардида, боиси вокуниши зиёди корбарон шуда буд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 23-юми октябр бо нашри як баёнияе […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Мақомот занеро, ки фарзандашро латукӯб ва бинияшро хуншор карда буд, боздошт карданд. Навори бадрафтории ин модар ва чашмони гиряолуди фарзандаш дар ҳоле, ки аз бинияш хун мерафт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд рӯз қабл паҳн гардида, боиси вокуниши зиёди корбарон шуда буд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 23-юми октябр бо нашри як баёнияе аз дастгир шудани ин модар хабар дода, аз ӯ Ҳакимова Дилором ном бурд.

“Навори изтиробангез нороҳатии шадидро миёни ҷомеа, хусусан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро барои чунин рафтораш маҳкум карда, аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дархост намуданд, ки нисбати кирдорҳои зан баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, – навиштааст ин ниҳод дар баёнияи худ.

Пулиси Хатлон мегӯяд, ин зан сокини 35-солаи ноҳияи Хуросон ва истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст, ки писари 10-солаи худро дар назди мардум дар ноҳияи Хуросон латукӯб кардааст.

Маълум нест, ки нисбати ин зан чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, танҳо пулиси Хатлон гуфтааст, ки “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Назари ин зани 35-сола ҳам дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Вале қонунгузории Тоҷикистон барои латукӯби ноболиғон вобаста аз сахтии ҷиноят аз ҷарима то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан низ латукӯби фарзандони ноболиғ аз сӯйи волидайн расонаӣ шуда буд. Моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Рашт як сокини ин ноҳияро барои латукӯби 4 фарзанди ноболиғаш 11 ҳазору 560 сомонӣ ҷарима карда буд.

Масъалаи латукӯб ё хушанат нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон доғ аст. Гоҳе наворҳои латукӯбу азияти ноболиғон ба шабакаҳи иҷтимоӣ роҳ меёбад ва сарусадои зиёде барпо мекунад. Баъди нашри чунин наворҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот сахттар кардани ҷазо нисбати озордиҳандагонро талаб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.