Боздошти сокини Душанбе барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш

Кормандони милитсияи пойтахт сокини 42-солаи кӯчаи Пайрав Сулаймониро барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш боздошт намуданд. Ширин Аламов баъди нашри навори видеои лату кӯб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, боздошт гардид. “Маълум шуд, ки шоми рӯзи 10 июн шаҳрванд Ширин Аламов дар маҳаллаи Сомон-2-и ноҳияи Фирдавсӣ писари ноболиғи бародари худро мавриди лату кӯб қарор медиҳад”, […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт сокини 42-солаи кӯчаи Пайрав Сулаймониро барои лату кӯби бераҳмонаи ҷиянаш боздошт намуданд.

Ширин Аламов баъди нашри навори видеои лату кӯб, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, боздошт гардид.

“Маълум шуд, ки шоми рӯзи 10 июн шаҳрванд Ширин Аламов дар маҳаллаи Сомон-2-и ноҳияи Фирдавсӣ писари ноболиғи бародари худро мавриди лату кӯб қарор медиҳад”, – зикр мешавад дар хабари сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, бародари номбурда айни замон дар хориҷи кишвар қарор дошта, аз ҳамсари худ ҷудо шудаааст ва ду фарзанди ноболиғи ӯ зери тарбияи волидайнаш қарор доранд.

Дар бораи сабаби лату кӯби ноболиғ аз ҷониби Аламов хабар дода нашуда, танҳо зикр мегардад, ки аз рӯи ин қазия тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад.

“Бо мақсади пурра муайян намудани сабабу омилҳои мавриди латукӯб қарор гирифтани кӯдаки хурдсол ва оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”, – хабар медиҳад Раёсат.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.