Хонаи сафири Афғонистон ба коми оташ рафт. Зоҳир Ағбар иддао дорад, ки Толибон хонаашро “оташ заданд”

Шоми дирӯз, 11-уми июн хонаи падарии Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар вилояти Панҷшер ба коми оташ рафтааст. Сафир иддао дорад, ки “ин ҳодиса кори дасти Толибон* аст”. Зоҳири Ағбар дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, “Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро сӯзондан мумкин аст, аммо рӯҳи муқовимат бо зулм ва терроризм пойдор […]

Шоми дирӯз, 11-уми июн хонаи падарии Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар вилояти Панҷшер ба коми оташ рафтааст. Сафир иддао дорад, ки “ин ҳодиса кори дасти Толибон* аст”.

Зоҳири Ағбар дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, “Толибон бояд бидонанд, ки хонаҳоро сӯзондан мумкин аст, аммо рӯҳи муқовимат бо зулм ва терроризм пойдор мемонад”.

“Рӯҳияи муқовимат алайҳи зулм ва террори Толибон тағйирнопазир аст”, – таъкид мекунад Муҳаммад Зоҳир Ағбар.

Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки “хонаи тамоми мардуми Афғонистон ҳоло дар оташи ҷаҳолат ва зулм фурӯзон аст”.

Хонаи Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Панҷшер шоми дирӯз оташ гирифт ва навор он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Ба иттилои рӯзномаи “8-и субҳ”, пас аз ғасби қудрат аз сӯи Толибон, дар ин манзил намояндагони онҳо зиндагӣ мекардаанд.

Ҳарчанд Толибон масъулияти сӯхтор дар манзили ин мансабдори собиқи давлатиро бар ӯҳда нагирифтаанд, аммо манобеи “8-и субҳ” гуфтаанд, ки “Толибон аз ин манзил ҳамчун пойгоҳи низомӣ истифода мекарданд”.

“То ҳол ангеза ва омилони ин сӯхтор маълум нест, вале сокинони маҳаллӣ ҳам мегӯянд, ин кори дасти Толибон аст”, – менависад рӯзномаи “8-и субҳ”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, хонаи Ағбар се ошёна буда, ду ошёнааш сӯхтааст.

Зоҳир Ағбар сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯи ҳукумати қаблӣ ба ин мақом таъйин шуда буд. Ӯ ҳамчунин, ба унвони ҷонибдори "Ҷабҳаи Муқовимати милии Афғонистон", ҷунбиши мусаллаҳона алайҳи Толибон* маъруф аст.

Бояд гуфт, ки қаблан китобхонаи шахсии Фазл Аҳмад, вазири адлияи ҳукумати пешини Афғонистон ба коми оташ рафта буд. Он вақт Толибон ҳодисаро “тасодуфӣ ва бар асари беэҳтиётӣ” унвон карда буданд.

Рӯзномаи “8-и субҳ” ёдовар мешавад, ки пештар биноҳои мактаб ва шӯъбаи маорифи Панҷшер ҳам сӯхта буданд ва омили ин оташсӯзиҳоро то ба ҳол касе ба ӯҳда нагирифтааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.