Беш аз $2,5 миллиард дар 25 сол. Роҳбарони Тоҷикистон ва БОР сатҳи ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Тӯли 25 соли шарикӣ, Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. Ин нукта имрӯз, 12-уми июн дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёии Рушд таъкид гардид. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва […]

Тӯли 25 соли шарикӣ, Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. Ин нукта имрӯз, 12-уми июн дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёии Рушд таъкид гардид.

Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БОР-ро баррасӣ карданд.

Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории БОР-ро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.

“Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт”, – менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ки дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуданд.

Бояд гуфт, ки Масатсугу Асакава дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи худ ҳамчунин бо мақомоти баландпояи давлатӣ барои машварат дар мавриди ниёзҳои рушди Тоҷикистон ва барномаи кумаки БОР дар Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.

Дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин таҷлили 25-умин солгарди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҳамчунин 20-умин солгарди таъсиси намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки БОР донори асосии молиявии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2018 ба ин сӯ танҳо ба таври грантӣ иқтисоди кишварро дастгирӣ мекунад.

Тақрибан 34 дарсади ин кӯмакҳо ба бахши нақлиёт, 24 дарсад ба энергетика, 12 дарсад ба идоракунии бахши давлатӣ, 11 дарсад ба кишоварзӣ ва боқимонда ба соҳаи тандурустӣ, маориф, молия ва инфрасохтори шаҳрҳо равона карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.