“Аз навохтани мусиқӣ дар тӯйҳо худдорӣ кунед!” Талаби дубораи Толибон аз соҳибони тарабхонаҳо дар Кобул

Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* дирӯз, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дар робита ба мамнуъияти навохтани мусиқӣ дар тӯйю маъракаҳо бо Вазорати адлия муштаракан ин тасмимро гирифтаанд. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар эълони ин вазорат омадааст, "дар ҷаласаи баррасии толорҳои арӯсӣ масъулини вазорати адлия […]

Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* дирӯз, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дар робита ба мамнуъияти навохтани мусиқӣ дар тӯйю маъракаҳо бо Вазорати адлия муштаракан ин тасмимро гирифтаанд.

Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар эълони ин вазорат омадааст, "дар ҷаласаи баррасии толорҳои арӯсӣ масъулини вазорати адлия аз соҳибони меҳмонхонаҳо хостаанд, ки аз навохтани мусиқӣ ва корҳои хилофи меъёрҳои исломӣ худдорӣ кунанд".

Гуфта мешавад Толибон* ба тӯйхонаҳои арӯсӣ ҳушдор додаанд, ки ин масъаларо пайгирӣ хоҳанд кард ва бо қонуншиканон ҷиддан мубориза хоҳанд бурд.

Толибон пас аз тасаллути дубора бар Афғонистон, қонунҳои сахтгиронаеро болои шаҳрвандони ин кишвар ҷорӣ карданд.

Қаблан низ Вазорати амри маъруфи ин гуруҳ борҳо аз соҳибони меҳмонхонаҳои арӯсӣ ба таври шифоҳӣ хоста буданд, ки дар тӯю маъракаҳо ба пахши мусиқӣ иҷоза надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол иддаоҳое вуҷуд доранд, ки ширкаткунандагони шабнишинӣ дар меҳмонхонаҳои арӯсии Кобул ба маъмурони амниятии Толибон* барои навохтани мусиқӣ дар шабнишиниҳои худ боҷ медиҳанд.

Толибон* аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар баробари маҳрум кардани занону духтарон аз таҳсил,  омӯзиш ва кор, ҳузури онҳоро дар боғҳои тафреҳӣ, тарабхонаҳо ва сафарҳои бидуни маҳрам низ манъ карда, ҳамин тариқ барои кормандони давлатӣ риш ва кулоҳ пӯшиданро иҷборӣ карданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.