Даргирӣ миёни Покистон ва Толибон. Ҷонибҳо аз садҳо куштаву захмӣ хабар доданд

Дар пайи даргирӣ миёни нерӯҳои Толибон* ва артиши Покистон, ҷонибҳо аз куштаву захмӣ шудани садҳо сарбоз хабар доданд. Омори ироакардаи ҳарду ҷониб аз ҳам тафовут доранд. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки 58 сарбози покистонӣ кушта ва ҳудуди 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва 9 ҷангии Толибон низ кушта шудаанд. Аммо […]

Asia-Plus

Дар пайи даргирӣ миёни нерӯҳои Толибон* ва артиши Покистон, ҷонибҳо аз куштаву захмӣ шудани садҳо сарбоз хабар доданд. Омори ироакардаи ҳарду ҷониб аз ҳам тафовут доранд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки 58 сарбози покистонӣ кушта ва ҳудуди 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва 9 ҷангии Толибон низ кушта шудаанд.

Аммо вазорати дифоъи Покистон бо нашри баёнияе эълом кард, ки дар ин даргириҳо 23 сарбози покистонӣ кушта ва 29 тани дигар захмӣ шуданд. Ин ниҳод иддао кардааст, ки “дар амалиёти ҷавобӣ беш аз 200 Толибон ва ҷангҷӯёни муттаҳидро кушта ва 21 посгоҳи марзиро ба муддати кӯтоҳ тасарруф кардаанд”.

Ҳоло даргирӣ қатъ шудааст ва ба навиштаи расонаҳо, вазъ дар манотиқи марзӣ нисбатан ором ба назар мерасад.

Даргирӣ миёни Толибон ва Покистон баъди як мушакандозӣ дар Кобул оғоз шуд. Ҳукумати Толибон гуфт, ки Покистон ҳарими ҳавоияшро нақз кард ва ба қаламрави он ҳам кард.

Расонаҳо навиштанд, ки шаби 9 ба 10-уми октябр дасти кам ду инфиҷор дар Кобул ва инфиҷорҳое дар Пактико шунида шуд.

 

Ба навиштаи расонаҳо, ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Покистон дар Афғонистон роҳбарони гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) будаанд. Аз ҷумла, гуфта мешуд, дар ин ҳамла Нур Валӣ Маҳсуд, раҳбари ТТП кушта шудааст. Аммо ББС навиштааст, ки ТТП гузоришҳо дар мавриди кушта шудани раҳбараш дар инфиҷорҳои 9-уми октябр дар Афғонистонро рад кардааст. Бо гузашти се рӯз аз ин таркишҳо, то ҳол тақдири раҳбари ТТП рӯшан нест.

Бояд гуфт, Исломобод Кобули зери ҳокимияти Толибонро ба паноҳ додани гурӯҳҳои террористи покистонӣ, аз ҷумла, ТТП муттаҳам мекунад ва мегӯяд, онҳо аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021 дар манотиқи марзии Афғонистон ва Покистон борҳо даргириҳо рух додааст, аммо нақзи ҳарими ҳавоӣ дар умқи қаламрави Афғонистонро як сатҳи дигари таниш арзёбӣ мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ эътироф шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.