“Толибон” интернетро дар саросари Афғонистон қатъ карданд

Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки интернет дар саросари ин кишвар аз шоми рӯзи гузашта, 29-уми сентябр қатъ гардидааст. Онҳо навиштанд, сараввал интернети нахи нурӣ (интернети ноқилӣ) дар тамоми Афғонистон қатъ гардида, баъдан интернети мобилӣ ҳам ба мушкил дучор шудааст. Ҳукумати "Толибон"* то кунун сабаби қатъи интернет барои беш аз 40 миллион шаҳрванди Афғонистонро шарҳ надодаанд. […]

Asia-Plus

Расонаҳои Афғонистон гузориш додаанд, ки интернет дар саросари ин кишвар аз шоми рӯзи гузашта, 29-уми сентябр қатъ гардидааст. Онҳо навиштанд, сараввал интернети нахи нурӣ (интернети ноқилӣ) дар тамоми Афғонистон қатъ гардида, баъдан интернети мобилӣ ҳам ба мушкил дучор шудааст.

Ҳукумати "Толибон"* то кунун сабаби қатъи интернет барои беш аз 40 миллион шаҳрванди Афғонистонро шарҳ надодаанд. Аммо дар гузашта гуфта буданд, ки ин иқдомро ба хотири “пешгирӣ аз амалҳои бад” анҷом медиҳанд.

Созмони "NetBlocks", ки амнияти сайберӣ (киберӣ) ва мудирияти интернетро дар тамоми дунё назорат мекунад, эълон кардааст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир бо қатъи комили интернет рӯ ба рӯ аст ва ҳоло хадамоти телефонӣ ҳам дар вазъияти бад қарор дорад.

Ба гузориши расонаҳо, қатъи комили интернети ноқилӣ ва мушкил дар шабакаҳои мухобиротии Афғонистон, мавқуф мондани чандин парвозҳои ҳавопаймоӣ, дучори мушкил шудани хидматрасониҳои бонкӣ, аз кор мондани дурбинҳои амниятӣ, қатъи пахши бархе шабакаҳои телевизионӣ ва саргардонии мардумро дар пай доштааст.

Аз ҷумла, сомонаи "Flightradar 24" гузориш додааст, ки рӯзи 30 сентябр панҷ парвоз ба Кобул лағв шудааст, ки се парвоз аз Дубай ва ду парвози дигар аз Истанбул ва Маскав буданд.

Мақомоти “Толибон” аз чанд ҳафта қабл маҳдуд кардани интернети нахи нуриро дар Афғонистон оғоз карда, дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар ин навъи интернетро қатъ карда буданд.

Ин тасмими ҳукумати “Толибон” нигаронии ҷомеаи дохилии Афғонистон ва берун аз онро ба миён овардааст.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон тобистони соли 2021, пас аз даҳсолаҳои ҷанг бо Амрико ва муттаҳидинаш дар Афғонистон қудратро дар Кобул ғасб кард ва инак 4 сол аст, ки ҳукумати худро таъсис додаву давлатдорӣ мекунанд.

Дар ин давра онҳо як қатор маҳдудиятҳоро барои аҳолии ин кишвар, махсусан занону духтарон дар таҳсилу кор ҷорӣ карданд, ки боиси вокуниши тунди ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.