Аксу наворҳоро ба сомонаҳои мамнӯъ мефиристод. Зане дар Исфара 18 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи вилояти Суғд як зани 42-солаи сокини шаҳри Исфараро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва қасди куштори ду фарзандаш 18 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд. Манбаъ гуфт, ин зан Муҳиба Давронова, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара буда, аз моҳи майи соли 2022 то январи […]

Додгоҳи вилояти Суғд як зани 42-солаи сокини шаҳри Исфараро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаркатҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ва қасди куштори ду фарзандаш 18 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора аз додгоҳи вилоятӣ хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ин зан Муҳиба Давронова, сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара буда, аз моҳи майи соли 2022 то январи соли 2023 бо созмони “Паймони миллӣ”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон  мамнӯъ аст, ҳамкорӣ ва  фикри пайравонашро дастгирӣ кардааст.

“Муҳиба Давронова дар сомонаҳои интернетии ин равия, аз ҷумла барномаи “Ислоҳ.нет”, ки ровии ин барнома Муҳаммадиқболи Садриддин буда, расман аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар кофтуков қарор дорад, ҳамкорӣ ва ақидаҳои ифродии онҳоро тарафдорӣ кардааст”, – гуфт манбаъ.

Ҳамчунин, ӯ ба он гунаҳкор аст, ки бо истифода аз ВАО ва шабакаҳои интернетӣ корхона ва муассисаҳои давлатиро ба телефони мобилияш сабт  карда, наворро ба сомонаи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ислоҳ нет” ирсол мекард, ки ба гуфтаи тафтишот “бо ин роҳ сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати кишварро мавриди танқиди шадид қарор додааст”.

Манбаъ гуфт, Муҳиба Давронова баъди даъват гардиданаш ба  Додситонии шаҳри Исфара дар робита ба ҳамкориаш бо созмонҳои мамнуъ, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудан рӯзи 9-уми январи соли 2023 бо қасди куштори худ  ва ду фарзандони ноболиғаш С.Қ  ва С.Қ  доруи “марги муш”-ро аввал худаш ва баъдан ба фарзандони ноболиғаш мехӯронад.

Худи ҳамон рӯз, зан ва фарзандонашон дар Додситонии шаҳри Исфара барои пурсиш оварда мешаванд ва маҳз ин амал зан ва кӯдакони хурдсоли ӯро аз марг наҷот медиҳад.

“Дар мақомоти прокуратура ҳолати маҷбуран додани “марги муш”  аз ҷониби модар ба фарзандон ошкор шуда ноболиғон ба шӯъбаи Эҳёи хурдсолони беморхонаи марказии Исфара дастрас ва аз марг наҷот дода мешаванд”.

Ҳамин тариқ, Муҳиба Давронова бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3 қисми 2) ва тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3) ва одамкушӣ (104 қисми 2 банҳои “а,в,е”)  Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 18-сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Назари худи зан, наздикон ва вакиили дифои ӯ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон чанде аз ташкилоту созмонҳо ва сомонаҳои марбут ба онҳоро ҳамчун ташкилот ё созмонҳои террористӣ-экстремистӣ эълон карда, пайравӣ ба гурӯҳ ё дастгирӣ кардани ақидаҳои аъзоёни гурӯҳ, аз ҷумла “лайк” гузоштан ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.