Ҷудокорони тоҷик ба Гранд Слами Қазоқистон мераванд

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рӯзи 16 июн Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо (Grand Slam)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) оғоз мешавад. Тавре ки Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд. Мувофиқи иттилои ахир, дар мусобиқа иштироки 350 ҷудокор (200 мард ва 150 зан) аз 46 кишвар […]

Дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона рӯзи 16 июн Мусобиқаи навбатии Сайри ҷаҳонии ҷудо (Grand Slam)-и Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) оғоз мешавад.

Тавре ки Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд.

Мувофиқи иттилои ахир, дар мусобиқа иштироки 350 ҷудокор (200 мард ва 150 зан) аз 46 кишвар дар назар аст.

Рақобатҳо дар толори «Барис Арена», варзишгоҳи дастаи хоккейи Лигаи континенталии хоккей баргузор мешаванд. Дар давоми 3 рӯз варзишгарон барои дарёфти 14 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.

16 июн – мардон дар вазни то 60 ва 66 кг, занон – дар вазни то 48, 52 ва 57 кг.

17 июн мардон дар вазни то 73 ва 81 кг, занон – дар вазни то 63 ва 70 кг.

18 июн мардон дар вазни то 90, 100 ва зиёда аз 100 кг, занон – дар вазни то 78 ва зиёда аз 78 кг.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа:

– 60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Сӯфиев

– 66 кг – Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов

– 81 кг – Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев

– 90 кг – Умедҷон Раҷабов

– 100 кг – Исроил  Раҳимов

+ 100 кг – Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 150 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 5 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра – бо 3 ҳазор евро ва биринҷӣ – бо 1,5 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро ишғол кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.