Пирӯзии ҷудокорони тоҷик дар аввалин Гран-прии Душанбе

Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи сеюми Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо 2 медали дигар ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Тавре ки Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охир рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардҳо ва -78кг, […]

Тими ҷудои Тоҷикистон дар рӯзи сеюми Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо 2 медали дигар ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ бо 3 медали тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд.

Тавре ки Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар рӯзи охир рақобатҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардҳо ва -78кг, +78кг миёни бонувон сурат гирифт. Ҷумҳурии моро дар ин рӯз 12 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ба гирифтани 1 медали тилло ва 1 нуқра мушарраф шуданд.

“Медали тиллоро варзишгари маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мушарраф шуд. Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Озарбойҷон Вугар Толибов, дар чорякфинал бар паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, дар нимфинал бар намояндаи Ӯзбекистон Ҷаҳонгир Мамадраҳимов ва дар финал бар Элдар Аллаҳвердиев аз тими варзишгарони бетараф дастболо шуд. Ҷаҳонгир дар ин вазн ҷои ҳафтумро ишғол намуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар вазни +100кг Темур Раҳимов ба гирифтани медали нуқра мушарраф шуд. Темур низ дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Валерий Эндовитский аз тими варзишгарони бетараф, дар чорякфинал бар Ерасил Кажибаеви қазоқистонӣ, дар нимфинал бар намояндаи дигари кишварамон Шакармамад Мирмамадов дастболо шуд, вале дар финал аз Тамерлан Башаев аз тими варзишгарони бетараф мағлуб гардид. Шакармамад Мирмамадов дар ин вазн ҷои панҷумро гирифт.

Ҳамин тариқ, тими ҷудои Тоҷикистон дар аввалин Гран Прии Душанбе ба гирифтани 7 медал – 3 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ, инчунин 2 ҷои панҷум, 2 ҷои ҳафтум – мушарраф шуданд ва Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ миёни 40 давлати иштирокчӣ дар ҷои 1-ум мавқеъ гирифт.

Ёдрас мешавад, ки дар рӯзи аввал варзишгарони мо Обид Ҷебов дар вазни -66кг медали тилло, Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг медали биринҷӣ, дар рӯзи дуюм Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг медали тилло, Шодмон Ризоев дар ҳамин вазн медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг медали нуқра ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки ғолибон дар ҳар кадоме аз вазнҳо бо 3 ҳазор евро, зинаи дуюм – 2 ҳазор евро ва дорандагони медалҳои биринҷӣ – бо 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин дар Гран-прии Душанбе варзишгарон ба имтиёзҳо барои рейтинги Олимпиадаи соли 2024 дар Париж соҳиб шуданд: зинаи 1-ум – 700 балл, 2-юм – 490 балл, 3 – 350 балл, 5-ум – 252 балл ва ғайра.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.