Суғд. Ҳалокати чаҳор нафар дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар чанд рӯзи охир

Дар ҳудуди вилояти Суғд дар натиҷаи се садамаи нақлиёти давоми ду рӯзи охир чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора, Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод. Номбурда гуфт, садамаҳои маргбор рӯзҳои 9-10-уми июн дар роҳҳои Конибодом-Деҳмой, Душанбе–Чаноқ-Душанбе ва Хуҷанд –Ашт рух додааст. Ба иттилои ӯ, дар садамаи якум марди 28 сола, […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Азия-Плюс"

Дар ҳудуди вилояти Суғд дар натиҷаи се садамаи нақлиёти давоми ду рӯзи охир чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора, Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.

Номбурда гуфт, садамаҳои маргбор рӯзҳои 9-10-уми июн дар роҳҳои Конибодом-Деҳмой, Душанбе–Чаноқ-Душанбе ва Хуҷанд –Ашт рух додааст.

Ба иттилои ӯ, дар садамаи якум марди 28 сола, ронандаи автомашинаи тамғаи  “Opel Astra” ҳангоми ҳаракат дар роҳи Конидодом-Деҳмой марди 53- солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодомро пахш кардааст, ки дар натиҷа, мард дар беморхона ба ҳалокат расид.

“Ҳодисаи дуввум, соати 22:50-и шаби 9-уми июн рух дод ва як сокини 38-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар клометри 120-уми роҳи Душанбе–Хуҷанд-Чаноқ (ҳудуди ноҳияи Айнӣ) ба дарёи Фон сарозер шудааст. Кофтукови ҷасади ронанда ва мусофирзани 57 сола идома дорад”-афзуд Акбар Шарифӣ.

Ба иттилои ӯ, ҳодисаи рӯзи 10-уми июн, дар роҳи Хуҷанд-Ашт ба қайд гирифта шуда, соати 15:00 як сокини 25-солаи шаҳри Хуҷанд ба садама дучор гардида, дар натиҷа дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Сабаби ҳодисаҳо аз уҳдаи идораи автомошина набаромадани ронандаҳо гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки садамаҳои маргбор дар ҳудуди кишвар, махсусан дар минтақаҳои кӯҳӣ пайваста рух медиҳанд.

Аз ҷумла, дар соли 2022 дар ҳудуди кишвар дар натиҷаи 196 садамаи нақлиётӣ 416 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.