“Ҷаримаи маъмурӣ ва огоҳии қатъӣ дода шуд”. Ҷазои падаре, ки тифли хурдсолашро латукӯб мекард

Зикриё Одинаев, падаре, ки навори латукӯби фарзанди хурдсолаш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони интернет қарор гирифт, аз ҷониби пулиси Душанбе боздошт шуда, ҷаримаи маъмурӣ ва огоҳии қатъӣ гирифтааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Зикриё Одинаеви 47 сола зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Зикриё Одинаев, падаре, ки навори латукӯби фарзанди хурдсолаш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони интернет қарор гирифт, аз ҷониби пулиси Душанбе боздошт шуда, ҷаримаи маъмурӣ ва огоҳии қатъӣ гирифтааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Зикриё Одинаеви 47 сола зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ аст ва ҳоло дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ соҳиби 4 фарзанд буда, бинобар сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва 2 фазанди хурдсол зери тарбия ва нигоҳубини ӯ қарор доранд.

Бояд гуфт, ду рӯзи пеш, 10-уми октябр, навори озори кӯдаки хурдсол аз ҷониби падараш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва сару садоҳои зиёдеро дар пай овард.

Зери ин навор дар интернет нисфи истифодабарандагон аз пулиси пойтахт хостаанд, “ин мард, гарчанде падараш бошад ҳам, ба ҷавобгарӣ кашида шавад”. Дар ҳамин ҳол, нисфи дигари онҳо навишта буданд, ки “ин кори шахсии ҳар як оила аст ва падару модар ҳуқуқ доранд, барои тарбияи фарзанд аз ҳама методҳои дастрас истифода баранд”.

Пулиси Душанбе имрӯз аз боздошт ва муайян кардани шахсияти ин мард хабар дод ва гуфт, “бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрванд Зикриё Одинаев маводҳои лозима тартиб дода шуда, бинобар сабаби зери тарбия ва таъминоти ӯ қарор доштани кӯдакони хурдсол ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд”.

Инчунин, гуфта шуд, ки Зикриё Одинаев ҷиҳати такрор наёфтани чунин ҳолат ва тарбияи хуби фарзандон ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар чандсолаи ахир ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои нашр мешаванд, ки боиси ошкорсозии бештари ҳолатҳои қонуншиканӣ ва ҷиноятҳо мешаванд. Пулиси кишвар дар баррасӣ намудани ин гуна наворҳое, ки боиси вокуниши истифодабарандагон қарор мегирад, хеле фаъол аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.