Ширкат дар се ҳамоиш ва эҳтимоли мулоқот бо ҳамтоён. Эмомалӣ Раҳмон дар Остона чӣ кор хоҳад кард?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми имрӯз, 12-уми октябр ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар ва дар се чорабинӣ ширкат хоҳад кард, хабар доданд аз Хадамоти матбуотии президент ба «Азия-Плюс». Гуфта мешавад, ки ин сафар то 14 октябр идома мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 октябр дар нишасти шашуми Шӯрои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоми имрӯз, 12-уми октябр ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар ва дар се чорабинӣ ширкат хоҳад кард, хабар доданд аз Хадамоти матбуотии президент ба «Азия-Плюс».

Гуфта мешавад, ки ин сафар то 14 октябр идома мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 октябр дар нишасти шашуми Шӯрои машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ширкат хоҳад кард. Дар он ҳамчунин, 11 сарони давлат, як муовини президент (Ветнам), як муовини раис (Чин) ва панҷ вазир ширкат хоҳанд кард, хабар додааст Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Ин нишаст таҳти раёсати Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон баргузор мешавад.

МҲТБО як форуми байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳо мебошад, ки ба таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиё нигаронида шудааст.

Субҳи 14-уми октябр Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ширкат мекунад.

Сипас, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок хоҳад кард.

Дар ин дидорҳо дурнамои ҳамкориҳои кишварҳо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ мешавад.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбари Тоҷикистон бо ҳамтоёни дигарашро тасдиқ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.