Оғози мурофиаи Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода. Аз яке дирӯз гузашт, аз дигарӣ пагоҳ доир мешавад

Дирӯз, 11-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи нахустини додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик пушти дарҳои баста баргузор гардид. Дар назар аст, мурофиаи аввалини Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи дигар пагоҳ, 13 –уми октябр, баргузор шавад. Наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтанд, онҳо дар мурофиаи дирӯза роҳ наёфтанд ва танҳо вакили дифои […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дирӯз, 11-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи нахустини додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик пушти дарҳои баста баргузор гардид. Дар назар аст, мурофиаи аввалини Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори боздоштшудаи дигар пагоҳ, 13 –уми октябр, баргузор шавад.

Наздикони Завқибек Саидаминӣ гуфтанд, онҳо дар мурофиаи дирӯза роҳ наёфтанд ва танҳо вакили дифои рӯзноманигор иштирок кард.

Сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиа маълум нест ва судяву вакили дифоъ ҳам инро шарҳ надоданд.

Наздиконаш танҳо гуфтанд, мурофиа ба ҳафтаи дигар мавқуф гузошта шуд, вале санаи дақиқаш маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ аз қавли яке аз наздикони Завқибек Саидаминӣ навиштааст, ки дар мурофиаи нахустин, тарафҳо бо парванда шинос шуда, дар мурофиаҳои баъдӣ чаҳор шоҳид даъват мешаванд. Яке аз онҳо дӯсти Завқибек Саидаминӣ аст, ки ҳамроҳ бо журналист ба бозпурсӣ даъват шудаву муддате боздошт гардид.

“Се нафари дигар кормандони як идораи давлатӣ ҳастанд",-гуфтааст манбаъ.

Баргузории мурофиаи нахустини Завқибек Саидаминӣ дар ҳолест, ки Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ як ҳафта пеш дар суҳбат бо бо ин радои гуфта буд, се моҳ боз писарашро надидааст.

Завқибек Саидаминӣ яке аз чор рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик аст, ки як рӯз пеш аз иди Қурбон, 8 –уми июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуда буд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкориашро бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон рад кардаанд.

Ба ғайр аз Завқибек Саидаминӣ, парвандаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Далери Имомалӣ, ду рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз қавли вакили дифои бародараш гуфт, парванда аз сӯи судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ шуда, мурофиаи нахустин рӯзи 13-уми октябр дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) баргузор мегардад.

“Азбаски ду шоҳиди парванда, якеаш рӯзноманигори дигари боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ, дар боздоштгоҳ ҳастанд, мурофиа низ дар онҷо мегузарад”,- гуфтааст бародари Абдусаттор дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Маълум нест, ки наздиконаш ва хабарнигорон ба мурофиа роҳ дода мешаванд ё не. Вале таҷрибаи баргузории мурофиаҳои рӯзноманигорони дигар нишон дод, ки мурофиаи онҳо пушти дарҳои баста ва бидуни ширкати наздикону пайвандонашон баргузор мешавад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода моҳи июли имсол дастгир ва ба ифротгароӣ гумонбар аст. Наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ӯ зери фишори муфаттишон ба гуноҳ иқрор карда, аммо дар асл худро бегуноҳ мешуморад.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе", моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президенти Тоҷикистон машҳур шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ба дод омадааст.

Ёдовар мешавем, ки ба ғайр аз Абдусаттор ва Завқибек, парвандаи Далери Имомалӣ журналисти дигари боздоштшудаи тоҷик низ дар баррасӣ аст ва рӯзи 7-уми октябр, мурофиаи нахустини додгоҳии ӯ дар бинои Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардид.

Дар ҳамин ҳол, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони дигар, ки ҳамроҳи Далери Имомалӣ кор мекард, ду ҳафта пеш, 7,5 сол равонаи зиндон шуд. Ӯ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.