Имзои 10 санади нав. Натиҷаи сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон

Имрӯз, пас аз мулоқоти расмии роҳбарон ва ҳайатҳои ду кишвар, президентҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дӯстона, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар самти маориф, илм ва технологияҳои нав, амнияти минтақавӣ таъкид намуданд. Ҳарчунин, таъкид гардид, ки зимни […]

Имрӯз, пас аз мулоқоти расмии роҳбарон ва ҳайатҳои ду кишвар, президентҳо – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ ҷонибҳо ба идомаи ҳамкории дӯстона, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар самти маориф, илм ва технологияҳои нав, амнияти минтақавӣ таъкид намуданд.

Ҳарчунин, таъкид гардид, ки зимни мулоқот оид ба вазъияте, ки дар Афғонистон, дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ ва СAАД ба вуҷуд омадааст, табодули афкор сурат гирифтааст.

Гуфтан лозим аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Александ Лукашенко ба Тоҷикистон миёни ду кишвар 10 санади нави дуҷониба имзо шуд:

⭕️ Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни Душанбе ва  Минск барои солҳои 2023-2024.

⭕️ Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Беларус оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила;

⭕️ Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон;

⭕️ Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Беларус дар самти мубориза бо коррупсия;

⭕️ Созишнома байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати варзиш ва сайёҳии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

⭕️ Барномаи “Харитаи роҳ” доир ба ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Беларус барои солҳои 2022-2026;

⭕️ Низомномаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ;

⭕️ Созишнома оид ба ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Беларус вобаста ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаҳои вирусология, микробиология, биологияи молекулавӣ, эпидемиология, биотехнология ва фармакология;

⭕️ Созишномаи тафоҳум байни Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Маркази миллии маркетинг ва арзишгузории Беларус;

⭕️ Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ноҳияи Спитамени вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Могилёви вилояти Могилёви Беларус.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.