Исроил  гуфт, бо ҳукумати Лубнон музокира мекунад, вале оташбасро қабул надорад. Идомаи ҳамлаи тарафҳо

Маълум нест, "Ҳизбуллоҳ" дар он ширкат мекунад ё не

Идибеки Саид, asia+

Бо вуҷуди оташбас дар Ховари Миёна, ки Эрон ва Покистон мегӯянд, Лубнон низ шомили он аст, ду рӯз боз ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба Лубнон ва дар посух ба он зарбаҳои Ҳизбуллоҳ ба Тел-Авив идома дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаби гузашта Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дастури музокираи мустақим бо Лубнонро дод.

Амрико ва Исроил иддао мекунанд, ки Лубнон вориди оташбаси дуҳафтаӣ, ки бо Эрон мувофиқа карданд, намешавад. Вале ба назар мерасад, фишорҳои Эрон ва ҷомеаи байналмилалӣ аз ҳамлаи Исроил ба Лубнон дар рӯзи аввали оташбас, ки беш аз 300 нафар кушта шуданд, Бинямин Натаняҳуро маҷбур кард, ки аз музокира бо давлати Лубнон ҳарф занад.

Ӯ гуфтааст, ки “дархостҳои такрории Лубнон барои музокироти мустақим”-ро қабул дорад ва эълон кард, ки ҳадафи асосии онҳо халъи силоҳи “Ҳизбуллоҳ” ва барқарор кардани муносибатҳои осоишта байни Исроил ва Лубнон хоҳад буд. Аммо оташбасро рад мекунад.

Ҳоло маълум нест, ки дар ин музокирот “Ҳизбуллоҳ” ҳам ширкат мекунанд ё не. Онҳо қаблан гуфта буданд, ки бо Исроил музокироти мустақим намекунанд.

Қарор аст, музокираи онҳо барои баррасии оташбас ҳафтаи оянда дар Вашингтон баргузор гардад. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА мулоқотеро дар ҳафтаи оянда барои “баррасии музокироти идомаёбандаи оташбас” тасдиқ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба Лубнон идома дорад ва “Ҳизбуллоҳ” низ, ба Исроил зарба мезанад. Исроил иддао кардааст, ки мавқеъҳо ва иншооти “Ҳизбуллоҳ”-ро ҳадаф қарор медиҳад. Тибқи иттилои “Ройтерз”, Ҳизбуллоҳ гуфтааст, ки ҳадафи он зерсохтори низомии Исроил дар шаҳри шимолии Ҳайфа буд.

Бомдоди 10-уми апрел дар Тел-Авив бар асари ҳамлаҳои мушакии “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон садои бонги хатар ба садо даромадааст. “The Times Of Israel” аз ҳамла ба Тел-Авив ва шаҳри Ашдод хабар дода, навиштааст, кин ҳамлаҳои талафоти ҷонӣ надоштааст.

Расонаҳои Эрон менависанд, ки дар пайи ин ҳамлаҳо фурудгоҳи Бер-Гуриони Тел-Авив ҳадаф қарор гирифта, фаъолияти он қатъ шудааст.

Ҳамзамон, ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои гуногуни Лубнон идома дошта, рӯзи гузашта ба нерӯҳои посдори сулҳи СММ дар Лубнон ҳамла шудааст. Ин ҳамларо беш аз 60 намояндагии кишварҳои дунё дар СММ маҳкум карданд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дирӯз дар суҳбат бо шабакаи “NBC” изҳор доштааст, ба Бенямин Натаняҳу гуфтааст, ки ҳамлаҳои худро ба Лубнон “коҳиш диҳад”.

Исроил ва Иёлоти Муттаҳида исрор меварзанд, ки оташбас дар аввал ба Лубнон дахл надошт, дар ҳоле ки Эрон қатъи ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут ва дигар шаҳрҳои Лубнонро ҳамчун шарти муҳимтарини оташбас зикр мекунад ва аз боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои киштиронӣ то он даме, ки Исроил ҳамлаҳои худро ба Лубнон қатъ накунад, худдорӣ мекунад.

Муҳаммадбоқир Қалибоф, раиси парлумони Эрон, ки интизор меравад ҳайати Эронро дар музокирот бо Ҷий Ди Вэнс, ноиби президенти ИМА дар Исломобод роҳбарӣ кунад, гуфт, ки Лубнон ва дигар муттаҳидони Эрон қисми созишномаи оташбас мебошанд.

Покистон, ки миёнҷигарии низоъ аст, низ ҳамин назарро дорад.

Дар рӯзи аввали оташбаси Амрикову Эрон дар Ховари Миёна чӣ гузашт, дар матлаби мо “Хабарҳо аз нақзи эълони оташбас ва таҳдиди тарафҳо барои оғози ҳамлаҳо. Рӯзи аввали эълони оташбаси Эрону Амрико чӣ гуна гузашт?” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...