Home Blog Page 7

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар зинаи охир қарор гирифт

0
Коллаж: asia+

Тоҷикистон аз рӯйи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ба ҳар сари аҳолӣ) дар Осиёи Марказӣ, ки 1430 доллар дар соли 2025-ро ташкил дод, дар зинаи охир қарор гирифт. Дар ин бора аз маълумоти навшудаи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) зикр мешавад.

Тибқи пешгӯйиҳои ХБА, соли 2026 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон то 1800 доллар боло меравад, ки аз беҳбуди устувори вазъияти иқтисодӣ дар кишвар гувоҳӣ хоҳад дод, вале дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ин нишондиҳанда ба таври назаррас пасттар аст.

Шабакаи Telegram-ил “Геостатистика” хабар медиҳад, ки тайи 30 соли ахир ММД-и номиналӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 6,7 баробар афзуд. Соли 1995 нишондиҳандаи мазкур ҳамагӣ ба 214 доллар баробар буд.

Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои нисбатан баландтар ба қайд гирифта шудааст. Дар Қазоқистон, ки рушди иқтисод идома дорад, соли 2025 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 14 779 долларро ташкил дод, ки зиёда аз 10 баробар аз нишондиҳандаи Тоҷикистон баландтар мебошад. Дар Туркманистон ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 13 340 доллар баробар буда, дар Ӯзбекистон ин нишондиҳанда ба 3510 доллар мерасад.

Қобили зикр аст, ки ХБА ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолиро аз рӯйи нархҳои ҷорӣ ҳисоб мекунад. Ин ба арзёбии сатҳи умумии некӯаҳволӣ ва қобилияти харидорӣ имкон медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

0
Адолат Хамидова. Фото предоставлено родственниками убитой Радио «Озоди»

Асрори марги Адолат Ҳамидова, табиби 56-солаи тоҷик, ки моҳе пеш дар Афғонистон кушта шуд, то ҳол маълум нашудааст. Ин зан рӯзи 12-уми март аз ҷониби афроди ношинос дар ноҳияи Имом Соҳиби ин кишвар дар хонааш бо се зарби корд кушта шуд ва пайкарашро рӯзи 13-уми март ба Тоҷикистон оварда, 16-уми март дар Кӯлоб ба хок супориданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои маълум кардани тафсилоти қазия ва шахсияти ин зан ба ҷустуҷӯи наздикони ӯ рафта, бо Мамлакат Ҳамидова, хоҳари калонии ӯ суҳбат кард.

“Муддате дар Яман кор карда буд”

Ба нақли хоҳари калонии марҳум, Адолат Ҳамидова соли 1970 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, фарзанди сеюми хонавода буд. Онҳо дар оила 5 фарзанд буданд. Ӯ баъди хатми мактаби 1-и шаҳр, аввал дар Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлоб таҳсил карда, сипас ба донишкадаи тиббии навтаъсис дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуд. Аммо баъди ду сол ин донишкада барҳам хӯрда, донишомӯзон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) интиқол ёфтаанд.

Адолат Ҳамидова низ ДДТТ-ро хатм карда, бо роҳхат ба таваллудхонаи марказии шаҳри Кӯлоб ба кор фиристода мешавад ва ҳамчун момодоя корро оғоз мекунад. Баъди муддате ба ташкилоти байналхалқии “Наҷоти кӯдакон” дар шаҳри Кӯлоб ба кор омада, 4 сол онҷо фаъолият мекунад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ дар ин байн ба Яман рафта, тақрибан 4-5 сол дар ин кишвар низ дар бахши тиб кор кардааст. Аммо вақте падараш бемор мешавад, Адолат Ҳамидова ба ватан бармегардад.

“Бо даъвати ҳамдеҳааш ба Афғонистон рафт”

Ба нақли хоҳари Адолат, соли 2011, баъди марги падараш, яке аз ҳамдеҳагонаш ба Адолат пешниҳод мекунад, ки ба Афғонистон рафта, онҷо бо табибӣ машғул шавад. Ҳамин тавр, ӯ ба ин кишвар барои кор меравад ва беш аз 15 сол инҷониб онҷо кору зиндагӣ мекард.

“Ҳангоми ҷангу нооромиҳое, ки дар Афғонистон рух доданд, борҳо мегуфтем, ки ба ватан баргардад, аммо наомад ва онҷо кор мекард. Ӯ дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз маркази саломатии шахсӣ ва ташхисгоҳи ултрасадоӣ дошт”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба нақли ӯ, хоҳараш ҳар чанд муддат барои хабаргирӣ ба Тоҷикистон меомад ва ҳар омаданаш дар ин ҷо низ муштариён дошт ва ташхису муоина мекард.

Соҳиби як духтар аст

Мамлакат Ҳамидова мегӯяд, хоҳараш дар Тоҷикистон оила бунёд накарда буд ва дар Афғонистон бо марде издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шуд. Духтари ӯ ба насаби худи зан буда, ҳоло чордаҳсола ва шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ин кӯдак ҳамроҳи наздиконаш дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

Ҳамсуҳбати мо дар бораи шавҳари Адолат Ҳамидова ва муносибати ӯ бо хоҳараш мушаххасоте нагуфт. Танҳо изҳор дошт, ки ӯ аз тоҷикони Афғонистон буда, соҳиби дорухона буд ва ҳафтае як маротиба ба назди оилааш меомад.

Худи Адолат Ҳамидова ба пайвандонаш доимо кӯмаки молиявӣ мекардааст ва ҳар вақт барояшон пул мефиристодааст.

“Соли гузашта дар моҳи Рамазон ба Умра рафт. Бо мақсади анҷоми Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард”, – мегӯяд ӯ.

“Ҳолати кушта шуданашро намедонем”

Мамлакат Ҳамидова мегӯяд, ҷузъиёт ва “ҳолати кушта шудани хоҳарашро намедонанд”. Ӯ танҳо афзуд, хоҳарашро дар манзилаш куштаанд.

Ба нақли онҳо, Адолат Ҳамидова ният доштааст, ки поёни моҳи Рамазон барои таҷлили Иди Фитр ва дидорбинии духтару хонаводааш ба Тоҷикистон ояд. Вале як ҳафта пештар аз поёни моҳи Рамазон, пайкари беҷонашро ба ватан оварданд.

То ҳол сабаби куштор ошкор нашудааст ва мақомоти ҳарду ҷониб расман тафсилот ё шарҳе надодаанд.

Ба иттилои қаблии расонаҳо, ҳамсари ин табиби тоҷик гуё дар пайванд ба қатли Адолат Ҳамидова боздошт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафорати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон: “Азия-Плюс” яке аз манбаъҳои боэътимод ва бонуфузи иттилоотӣ дар Тоҷикистон аст

0

Сафорати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро ба муносибати 30-солагии таъсисёбиаш табрик гуфта, нақши расонаи моро дар таъмини шаҳрвандон бо иттилооти боэътимод, мусоидат ба муколамаи боз ва пешбурди шаффофият бориз арзёбӣ кардааст.

Номаи табрикии ин ниҳоди дипломатӣ, бо имзои Радослав Дарски, сафири он дар Тоҷикистон ба унвонии “Азия-Плюс расид. Дар он аз ҷумла, зикр мешавад, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, ки яке аз манбаъҳои боэътимод ва бонуфузтарини иттилоотӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳамчунин, ин ниҳоди дипломатӣ гуфтааст, ки фаъолияти “Азия-Плюс”-ро аз рӯзҳои аввали ҳузури худ дар кишвар пайгирӣ мекунад ва вақте ки Намояндагӣ дар соли 2003 таъсис ёфт, хабарҳои ҳаррӯзаи расонаи мо ба зудӣ ба яке аз манбаъҳои эътимодбахши онҳо дар бораи Тоҷикистон табдил ёфтанд. Бо гузашти вақт ин робита ба шарикии воқеӣ табдил ёфтааст, ки бар асоси уҳдадории муштараки Намояндагӣ ба муоширати кушод ва масъул бунёд шудааст.

“Якҷоя мо лоиҳаҳои зиёди навоварона ва илҳомбахшро амалӣ кардем. Барномаи радиои “Сайри Аврупо” шунавандагонро бо фарҳанг, мардум ва гуногунрангии Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои узви он шинос кард. Ҳамзамон, замимаҳои махсуси Иттиҳоди Аврупо дар рӯзномаи “Азия-Плюс” мунтазам хонандагонро дар бораи он, ки чӣ гуна Иттиҳоди Аврупо рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устуворро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад, огоҳ месозанд”, – гуфта мешавад дар номаи табрикӣ.

Намояндагӣ дар идома аз чанд намунаи ҳамкории дигараш бо расонаи мо, махсусан мубориза бо иттилооти бардурӯғ, курсҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон ва блогерон, талошҳои барои таҳкими муколама миёни котибони матбуотии ниҳодҳои давлатӣ ва расонаҳо ёдоварӣ шуда, зикр кардааст, ки ин тадбирҳо “ба таҳкими эътимод, баланд бардоштани шаффофият ва ҳамкории созанда миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон мусоидат мекунад”.

“Дар замоне, ки иттилооти сареҳ ва муоширати боз беш аз ҳар вақти дигар муҳим аст, “Азия-Плюс” пайваста саҳми назаррас мегузорад. Иттиҳоди Аврупо ифтихор дорад, ки ҷомеаи ВАО-и Тоҷикистонро дар ҳифзи озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот ва мубодилаи озоди андешаҳо дастгирӣ менамояд, ки он ба манфиати ҳама мебошад”, – гуфта мешавда дар номаи табрикӣ.

Дар охир, Радослав Дарски ба тими “Азия-Плюс” орзу кардааст, ки “бигзор шумо дар тӯли солҳои зиёд мардуми Тоҷикистонро огоҳ кунед, илҳом бахшед ва муттаҳид созед”.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел соли 1996 аввалин варақаи иттилоотӣ – таҳлилии “Азия-Плюс” ба наш расид. Нашри ин варақаи иттилоотӣ таҳлилӣ, ба ташаккули Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” оғоз бахшид.

Он имрӯз ҳафтанома, радио ва оҷонсии иттилоотиро муттаҳид мекунад ва барои миллионҳо мухотаби худ бо се забон – забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мӯҳтавои босифат ва боэътимод таҳияву пешниҳод менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Бо корд 7 зарба задааст”. Боздошти як ҷавони 33-сола дар Бохтар бо гумони куштори писархолааш

0

Мақомоти шаҳри Бохтар як ҷавони 33-соларо бо гумони куштори писархолааш бо 7 зарби корд боздошт ва нисбаташ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз ин ҷавон Фаридун Ахмедов ном бурда, гуфтааст, ки сокини кӯчаи Маданияти Бохтар аст.

Ба иттилои ин ниҳод, байни ӯ ва писархолааш Салмонхон Ширинови 40-сола, ки сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Кушониён буд, чанд вақт инҷониб муноқишаву баҳсҳои лафзӣ сар зада, “ба хусумату бадбинӣ” табдил ёфтааст.

Манбаъ мегӯяд, ҳодиса рӯзи 27-уми марти имсол, дар кӯчаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар, дар манзили бобояшон рух додааст.

Ба иддаои мақомот, нахуст Салмонхон Ширинов бо корд ҳамла мекунад ва боздоштшуда “кордро аз дасти ӯ гирифта, бо бераҳмии махсус 7 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Салмонхон зарба зада, ӯро аз пой меғалтонад”. ҷабрдида дар пайи ин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Худи Фаридун Ахмедов дар навори бозпурсии мақомот ба ҷинояти кардааш иқрор шуда, гуфтааст, ки “вақте дар ҷайби либосаш кордро дидам, дасташро доштаму кордро гирифта, 7 зарба задам”. Маълум нест, ки ин навор дар кадом шароит сабт шудааст.

Назари гумонбар дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.

Мақомот нисбати ӯ бо гумони одамкушӣ (моддаи 104-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ва тафтиши қазия идома доштааст. Ин иттиҳом аз 8 сол зиндон то ҳамбси абадро пешбинӣ мекунад.

ВКД гуфтааст, ки Фаридун Ахмедов қаблан низ бо иттиҳоми ғоратгарӣ (моддаи 248-и Кодекси ҷиноятӣ) зиндонӣ шуда буд.

Бояд гуфт, куштори аъзои хонавода ё пайвандону наздикон дар кишвар падидаи нав набуда, қаблан низ мақомот куштори даҳҳо танро аз дасти наздикон ва ҳатто волидонашон расонаӣ карда буданд. Ахиран Додситонии шаҳри Кӯлоб Валӣ Сафаралӣ ном сокини 32-сола ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш – Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, хоҳари ҳамсараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаи онҳо боздошт ва нисбаташ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хабарҳо аз нақзи оташбас ва таҳдиди тарафҳо барои оғози ҳамлаҳо. Рӯзи аввали эълони оташбаси Эрону Амрико чӣ гуна гузашт?

0

Як рӯз пас аз эълони оташбаси дуҳафтаина байни Эрон ва Амрико, гулӯгоҳи Ҳурмуз амалан баста боқӣ мемонад ва ҳамлаҳои нерӯҳои Исроил ба ҷануби Лубнон идома дорад. ИМА ва Исроил иддао доранд, ки созишномаи оташбас ба Лубнон дахл надорад, дар ҳоле ки мақомоти Эрон баръакс талаб мекунанд, ки ҳамлаҳо қатъ карда шаванд.

Бо вуҷуди иддаоҳои президенти ИМА, ки Теҳрон ба кушодани “пурра ва фаврӣ”-и гулӯгоҳи Ҳурмуз розӣ шудааст, танҳо чанд киштӣ, рӯзи чоршанбе тавонистанд аз он убур кунанд ва Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кардааст, ки ҳар гуна кӯшиши убури беиҷозатро аз гулугоҳ нобуд мекунад.

теҳрон, рӯзи 8-уми апрел.
Акс аз Getty Images

Кохи Сафед эълон кард, ки ҳайати музокиракунанда аз ин кишварро Ҷи Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико роҳбарӣ мекунад ва расонаҳо аз Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчун роҳбари музокирот аз сӯи Эрон ном мебаранд.

Мо дар бораи рӯйдодҳои асосии рӯзи аввали оташбас дар Ховари Миёна гузориш медиҳем.

Изҳорот ва таҳдиди ду тараф барои аз сар гирифтани ҳамлаҳо

Бори аввал дар бораи нақзи эълони оташбас, расман Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон ки нақши миёнҷигарро иҷро мекунад, рӯзи гузашта хабар дод ва гуфт, ин ҳамлаҳои раванди сулҳро халалдор месозанд.

Ӯ дар фиристае дар саҳифаи “Х”-и худ тарафҳоро ба риояи оташбаси мувофиқашуда даъват кард.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадбоқир Қолибоф шаби 8-уми апрел дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки дирӯз се банди калидӣ аз ин тарҳ нақз шудааст ва пас аз ин, на оташбаси дутарафа маънодор аст ва на музокират.

Қолибоф ба ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, вуруди паҳпод ба осмони Эрон ва “инкори ҳаққи ғанисозии Эрон” ишора карда, изҳор дошт, ки “ҳатто пеш аз оғози музокирот, се банди калидии он ба сурати ошкор нақз шудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Ҷи Ди Вэнс иддао кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳаргиз ваъдаи оташбас дар Лубнонро надодааст. Дар ҳоле ки дирӯз, Эрон ва Покистон эълон кардаанд, ки Лубнон ҳам шомили оташбас мешавад.

Ӯ гуфтааст, “оташбасҳо ҳамеша печида ҳастанд ва ҳаргиз бидуни каме беназмӣ пеш намеравад”.

Вэнс инчунин изҳор доштааст, ки бархе ҳарфҳое, ки Муҳаммадбоқир Қолибоф гуфтааст, “дар чорчуби музокироте, ки доштаем, маъное надошт”.

Акс аз Getty Images,
Теҳрон

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон низ, ба нақзи оташбас вокуниш карда, таъкид кардааст, ки Амрико бояд миёни оташбас ва идомаи ҷанг аз тариқи Исроил якеро интихоб кунад.

Ӯ дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “ҷаҳон дар ҳоли мушоҳидаи кушторҳо дар Лубнон аст. Акнун туп дар замини Амрико қарор дорад ва афкори умумии ҷаҳонӣ наззорагари он аст, ки оё ин кишвар ба аҳди худ амал хоҳад кард ё не”.

Дар зимн, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби 8-уми апрел дар замони оташбас бори дигар Эронро таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро нашудани “тавофуқи воқеӣ” ҳамлаҳоро дубора аз сар мегирад.

Нақзи эълони оташбас

Дирӯз, чанд соат пас аз эълони оташбас, Исроил ҳамлаҳои шадид ба Бейрут, пойтахти Лубнон ва ҷануби ин кишвар анҷом дод, ки тибқи иттилои охир танҳо рӯзи 8-уми апрел дар ҳамлаҳои Исроил 254 нафар кушта ва 1 ҳазору 165 нафар маҷрӯҳ шудааст. Дар пайи ин 9-уми апрел дар Лубнон мотами миллӣ эълон шудааст. Ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира” ҳамлаи Исроил рӯзи 9-уми апрел низ идома доштааст.

Антониу Гуттериш, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ҳамлаҳои рӯзи гузаштаи Исроил ба Лубнонро маҳкум карда, ҳушдор додааст, ки идомаи ин ҳамлаҳо оташбаси Эрон ва Амрикоро низ ба хатар меандозад.

Ҳамлаҳои ИСроил ба Бейрут, Акс аз Getty Images

Дар посух ба нақзи оташбас аз ҷониби Исроил ва ҳамла ба Лубнон, гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” низ ба Исроил зарба задааст. Дар задухурди нерӯҳои Исроил ва ин гурӯҳ, як сарбози исроилии дигар кушта шудааст.

Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кард, ки агар ҳамла ба Лубнон қатъ нашавад, ҳамлаҳои худро дар минтақа идома хоҳад дод.

Ҳамчунин, дирӯз, Эрон хабар дод, ки раванди оташбас нақз шуда, ба хоки ин кишвар ҳамла шудааст. Аз ҷумла дирӯз ба ҷазираи Лавон зарба задаанд. Ҳамчунин, дар Теҳрон садои падофанд шунида шуда, дар вилояти Форс аз ҳамлаи паҳподӣ раҳгирӣ кардаанд.

Соате пас аз ҳамла ба ҷазираи Лавон мақомоти Иморот ва Кувайт эълон карданд, ки Эрон бо мушаку паҳпод ба хоки онҳо ҳамла кардааст. Арабситони Саудӣ низ аз ҳамлаи паҳподӣ ва раҳгирии он хабар дод.

Артиши Кувайт дар изҳороте гуфтааст, ки “28 паҳпод” ба ин кишвар шиллик шудааст, вале “теъдоди зиёд”-и онҳоро раҳгирӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлаи дирӯз “ба таъсисоти нафтӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва обширинкун”-и Кувайт “зарари назаррас” расонидааст.

Вазорати дифои Иморат ҳам гуфтааст, ки дирӯз, 8-уми апрел“бо 17 мушакҳои болистик ва 35 паҳподи Эрон” муқобилият кардааст. Ҷузъиёти дигар ва хисороти эҳтимолии ин ҳамлаҳо маълум нест.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ бегоҳии рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки 9 паҳпоро раҳгирӣ ва нобуд кардааст.

Гулугоҳи Ҳурмуз баста аст?

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гулӯгоҳи Ҳурмузро баста эълон кард ва ҳушдор дод, ки киштиҳое, ки бе иҷозат аз он мегузаранд, нобуд карда мешаванд.

Баъди эълони оташбас, гузориш дода шуд, ки танҳо чанд киштӣ тавонистанд аз гулӯгоҳ убур кунанд, аммо расонаҳои эронӣ баъдтар хабар доданд, ки ҳаракати киштиҳо дар пайи ҳамлаҳои идомаёбандаи Исроил ба Лубнон маҳдуд шудааст.

Тибқи иттилои MarineTraffic, аввалин киштиҳое, ки имрӯз субҳ аз гулӯгоҳ гузаштанд, киштии боркаши юнонии “NJ Earth” ва киштии “Дайтона Бич” бо парчами Либерия буданд.

Гулугоҳи Ҳурмуз, Акс аз Getty Images

Зимнан, Каролин Левитт,котиби матбуоти Кохи Сафед дар брифинг гуфтааст, ки Эрон бояд фавран гулӯгоҳи Ҳурмузро барои киштиронӣ боз кунад.

“Ҳар гуна баста шудани гулӯгоҳ комилан қобили қабул нест. Ман интизориҳо ва талаботи президентро барои бозкушоии фаврӣ, босуръат ва бехатари гулӯгоҳи Ҳурмуз такрор мекунам”, – гуфтааст ӯ.

Дар пайи хабари эълони оташбас, нархи нафт рӯзи чоршанбе коҳиш ёфт ва аз 100 доллар барои як бушка поён рафт. Хабаргузории “Reuters” хабар дод, ки субҳи имрӯз, 9-уми апрел нархи бушкаи нафти “Brent” 16,32 доллар ё 14,9% коҳиш ёфта, ба 92,95 доллар барои як бушка расид, дар ҳоле ки нархи бошкаи нафти WTI 18,16 доллар ё 16,1% коҳиш ёфта, ба 94,79 доллар барои як бушка расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шасту сеюми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 9:30 дар толори бузурги “Шарқи Озод” филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Эрон – “Моҳӣ дар шаст” намоиш дода мешавад. Намоиши филм бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва студияи “Довфилм” сурат мегирад.

– Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” баргузор мешавад. Он соати 9:00 оғоз шуда, то соати 16:00 идома меёбад ва беш аз 130 номгӯ китобҳои тоза нашркардаи “Адиб” пешкаши ҳаводорони китобу мутолиа мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1957 – Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфт.

Соли 2001 – Нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии  Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардиданд.

Соли 2011 – Дар Тоҷикистон сохтори нави СММ – “UN Women” (Занони СММ) ба фаъолият шурӯъ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Геннадий Александров, оҳангсоз ва Арбоби шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1943 – Зодрӯзи Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшинос ва додраси пешини тоҷик.

Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик ва додраси собиқ дар рушди низоми судии Тоҷикистон нақши муҳим доштааст. Ӯ 30 сол пеш, 20 июни соли 1992 Анҷумани додрасҳои Тоҷикистонро таъсис дода, аввалин раиси он буд.

Абдураҳмонов дар давраи фаъолияти худ ҳамчунин як қатор иқдомҳои муҳимро амалӣ кардааст. Ӯ ҳамеша ба муҳимияти мустақилияти судӣ ва ҷудоии ҳокимиятҳо таъкид кардааст.

Солҳои ахир ба сифати роҳбари Маркази кӯмаки ҳуқуқӣ фаъолият дорад.

Соли 1950 – Мавлуди Муқим Воҳид, нависандаи тоҷик.

Муқим Воҳид хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд буда, соли 1971 дар мактаби шаҳраки Табошар (ҳозира Истиқлол) ба фаъолияти корӣ пардохтааст.

Фаъолияти адабиаш аз соли 1972, бо оғози кор дар рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” шурӯъ шуда, ҳикояҳояш дар рӯзномаҳои “Ҳақиқати Ленинобод”, “Бо роҳи Ленинӣ”, “Маориф ва маданият” ва “Газетаи муаллимон” ба дасти чоп расидаанд.

Баъдан китобҳояш, “Оби зулол”, “Ашки ишқ”, “Дунёи бевафо” пайи ҳам нашр шуданд. Солҳо масъули филиали Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар Хуҷанд буд.

Соли 1953 – Зодрӯзи Рафиқа Мӯсоева, собиқ вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Рафиқа Мӯсоева фаъолияташро ба ҳайси хизматчии давлатӣ соли 1981 оғоз намуда, дар вазифаи котиби Кумитаи марказии комсомоли ҶШС Тоҷикистон кор кард. Аз соли 1986 се сол дар дастгоҳи Кумитаи марказии  Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон кор карда, соли 1989 котиби якуми Кумитаи ноҳияи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интихоб шуд. Аз соли 1990 то соли 1995 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон дар даъвати 12 буд.

Соли 1992 раиси Кумитаи давлатии сохтмон, узви Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ягона зан дар ҳайати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Ӯ ҳамзамон узви Комиссияи конститутсионӣ, узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон буд. Соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати аввал ва дар иҷлосияи аввали он раиси Кумитаи давлатии сохтмони парлумони кишвар интихоб шуд.

Аз соли 2000 вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва аз январи соли 2001 вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъин гардид. Як муддат директори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” буд.

Аз соли 2005 ба ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон” роҳбарӣ мекунад.

Соли 1961 – Зодрӯзи Қодири Қосим, раиси пешини ВМКБ ва собиқ муовини раиси Маҷлиси намояндагон дар даъвати шашум.

Ӯ соли 1983 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1983 ба ҳайси агроном-боғпарвари совхози ба номи Федченкои ноҳияи Ванҷ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои агроном ва сарагрономи совхози «50 солагии СССР»-и ноҳияи Ванҷ, директори совхози «Русия»-и ноҳияи Ванҷ, ҷонишини сардори идораи хоҷагии қишлоқи ВМКБ, раиси ноҳияи Ванҷ, муовини аввали раиси ВМКБ ва муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2006 то соли 2013 раиси ВМКБ ва аз соли 2013 то соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буд. Як муддат ба ҳайси раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон кор кардааст.

Дар даъвати шашуми парлумон вакил интихоб шуд ва дар ҷаласаи якуми ин даъват муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Соли 1973 – Зодрӯзи Назира Амирбекзода, муовини собиқи раиси ВМКБ ва ҳоло директори Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”-и Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 9 апрел финиҳо ва дӯстдорони забони финӣ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Микаэл Агрикола ё Рӯзи забони финиро таҷлил мекунанд.

Агрикола бо он маъруф аст, ки забони хаттии финниро асос гузоштааст. Соли 1543 ӯ алифбои аввалини финниро бо номи ABC-kirja (китоби АБВ) ба табъ расонд. Аз ҳамон сол сар карда, ин солро соли пайдоиши хатти финӣ мешуморанд. Агрикола забони карелӣ ва лаҳҷаи сокинони вилояти Туркуи Финландияро асоси алифбо қарор дод.

9 апрел ҳамчунин Рӯзи ихтирои оксиди нитроген – формулаи кимиёвии N₂O мебошад. Ин газ ба сабаби таъсири масткунандааш “гази фараҳбахш” ном гирифтааст.

Дар ҳарорати муқаррарӣ он гази беранг ва ғайри сӯхташаванда буда, бӯю таъми ширин дорад. Ин газро аввалин бор соли 1772 Ҷозеф Пристли ҳосил кард ва онро “ҳавои нитрозии дефлогистикшуда” номид. Соли 1799 Ҳемфри Дэви онро таҳқиқ карда, таъсири беҳушкунандаи онро муайян намуд ва истифодабарии онро дар тиб пешбинӣ кард.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони суст меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва дар баъзе минтақаҳои шарқии вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 10+12º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ҳусейн Давлатзода, додситони вилояти Суғд

Ҳусейн Давлатзода, додситони вилояти Суғд дар як ҷаласа аз кирдори бархе зердастонаш нигаронӣ карда, гуфтааст, ки “дониши баъзе аз онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, даст ба амалҳои ношоиста мезананд”.

Ин нукта дар ҳоле садо медиҳад, ки ду моҳ пештар Абдуқаҳҳор Азизов, додситони пешини шаҳри Бӯстон дар тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр бо молики ин тарабхона муноқиша кард, ки дар охир боиси барканорӣ ва ихроҷаш аз сафи ин ниҳод шуд.

Додситони вилояти Суғд, рӯзи 7-уми апрел дар ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи ин ниҳод, бидуни овардани номи мушаххас ва ё ҳодисаи муайян гуфтааст, чунин кирдорҳо боиси норозигии аҳли ҷомеа шуда, ба обрӯйи мақомот бетаъсир намемонад.

“Баъзе аз кормандон ба марказҳои дилхушӣ ва дигар ҷойҳои фароғатӣ рафта, ба истеъмоли ҳар гуна нӯшокиҳо ва маводҳо машғул гардида, ҳатто дар баъзе мавридҳо оромии сокинонро халалдор мекунанд”, – гуфтааст додситон.

Давлатзода дар идома зикр кардааст, ки “тибқи талаботи Кодекси одоби касбии корманди мақомоти прокуратура, корманди мақомот чӣ дар рафти иҷрои вазифаи хидматӣ ва берун аз он, одоби баланд, маданияти хуби касбӣ ва дигар хислатҳои неки инсониро нишон дода, ба талаботи қонунгузорӣ эҳтиром бояд гузорад”.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, иттилоъ дода шудааст, ки дар се моҳи соли равон ин ниҳод 16 ҳазору 891 қонунвайронкуниро сабт кардааст.

Абдуқаҳҳор Азизов

Ҳодисаи ҷанҷоли Абдуқаҳҳор Азизов ва роҳбарияти тарабхонаи “Парламент” Парвиз Ашӯров дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, мавҷи вокунишҳои шадидро ба миён овард. Пас аз расонаӣ шудани ин моҷаро Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифа сабукдӯш ва аз сафи мақомот ронда шуд. Ӯ писари собиқ муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ аст.

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Азизов барои риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ  “аз вазифа озод ва аз мақомот хориҷ карда шуд”.

Назари додситони пешин дар робита ба ин қазия дастраси расонаҳо нест. 

Ҷанҷоли мансабдорону наздикони онҳо дар марказҳои дилхушӣ ҳодисаи нав нест. Пас аз қазияи собиқ додситонӣ шаҳри Бӯстон, ҷанҷоли Фаррух Саидзода, сардори шуъбаи назорату танзими нақлиёт дар шаҳрҳои Конибодому Исфара дар яке аз тарабхонаҳо низ расонаӣ шуда буд.

Пештар аз ин, Аваз Назарзода, додситони ҳамакнун пешини вилояти Хатлон, ҳам “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад” бо фармони раисҷумҳур аз вазифа барканор ва аз мақомоти додситонӣ хориҷ карда шуд. Аммо дар бораи кирдори ӯ мушаххас чизе гуфта нашуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

0
Полоишгоҳи нафти "Лавон", ИРНА

Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар баъди ҳамла ба полоишгоҳи нафти “Лавон” дар ҷазираи Лавони Эрон, ба Кувайт ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамла кардаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Меҳр”, чанд соат пас аз эълони оташбаси дуҳафтаӣ миёни Эрон ва Амрико ба полоишгоҳи Лавони Эрон ҳамла сурат гирифтааст. Ширкати миллии полоиш ва пахши фаровардаҳои нафти Эрон ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ҳудуди соатҳои 10-и рӯзи чоршанбе (ба вақти маҳаллӣ) ин полоишгоҳи нафт “мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаи душманон қарор гирифт”.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳамла талафоти ҷонӣ надоштааст ва оташнишонҳо дар ҳоли хомӯш кардани сӯхтор дар полоишгоҳанд. Манбаи ин ҳамла то кунун эълон нашудааст ва касе ҳам онро ба дӯш нагирифтааст.

Соате пас мақомоти Иморот ва Кувайт эълон карданд, ки Эрон бо мушаку паҳпод ба хоки онҳо ҳамла кардааст.

Артиши Кувайт дар изҳороте гуфтааст, ки “28 паҳпод” ба ин кишвар шиллик шудааст, вале “теъдоди зиёд”-и онҳоро раҳгирӣ кардааст. Аммо ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлаи имрӯз “ба таъсисоти нафтӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ ва обширинкун”-и Кувайт “зарари назаррас” расонидааст.

Вазорати дифои Иморат ҳам гуфтааст, ки имрӯз “бо 17 мушакҳои болистик ва 35 паҳподи Эрон” муқобилият кардааст. Ҷузъиёти дигар ва хисороти эҳтимолии ин ҳамлаҳо маълум нест.

Мақомоти Эрон то кунун расман дар ин маврид изҳори назаре накардаанд, вале хабаргузории Садо ва симои ин кишвар навишт, ки “ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба Иморот ва Кувайт баъди ҳадаф қарор гирифтани полоишгоҳи Лавони Эрон сурат гирифтааст”.

Ин ҳодисаҳо дар ҳоле рух доданд, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд. Ҳарду тараф худро ғолиб эълон карданд. Қарор аст Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа, 10-уми апрел дар Покистон бар сари мизи музокира шинанд. Ҳоло ҳайати музокиракунандаи тарафҳо маълум нест.

Бештар дар бораи нуктаҳои муҳими оташбас дар маводи мо хонед: Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

0
Акси марбат аз "Al Jazeera"

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буданд, бо сабаби қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳояшон сарсон шуда, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон хостаанд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Дар ин бора Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим бо нашри як изҳорот хабар дод.

Ба навиштаи ин ниҳод, онҳо бо фиреби нафарони алоҳида, ки мехостанд манфиати молӣ ба даст оранд, ба ҳаҷ рафтаанд ва “ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ зоиронро бовар кунонидаанд, ки гӯё барои адои маросими ҳаҷ ба онҳо кумак мекунанд. Аммо дар асл, ин ҳуҷҷатҳо ҳеҷ гуна қувваи ҳуқуқӣ надошта, будубоши қонунии шаҳрвандонро дар мавсими ҳаҷ кафолат дода наметавонанд”.

Ба қавли манбаъ, ҳоло ин гурӯҳи шаҳрвандон дар ҳолати душвор қарор дошта, аз Кумитаи дин ва Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дархост кардаанд, ки барои баргаштан ба Ватан кумак расонанд.

Кумита таъкид кардааст, ки муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои мавсими ҳаҷҷи фарзии имсола кайҳо ба анҷом расида, пас аз ин муҳлат ҳеҷ як ширкати сайёҳӣ ё шахси миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надорад.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолат, ба телефони боварии Кумита – 221 83 58 муроҷиат кунанд.

Акси марбут аз charitymeals.org

Ин ниҳод мушаххас дар бораи афроде, ки ин гурӯҳи тоҷикистониҳоро ба Арабистон бурдаанд, маълумот надодааст ва ҳамин тариқ, маълум нест, ки онҳо барои ин кор боздошт ва ё муҷозот шудаанд ё не.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои ширкатҳои хусусӣ ё миёнаравҳо мешаванд. Дар солҳои пеш низ ҳолатҳое ба қайд гирифта шуда буданд, ки зоирон бо ҳуҷҷатҳои нодуруст то марзи Арабистони Саудӣ рафта, вале аз ҷониби пулиси ин кишвар боздошт ва ба Ватан баргардонида шуданд.

Қаблан ҳам Кумитаи дин аз шаҳрвандон хоста буд, ки танҳо бо роҳҳои расмӣ ба сафари ҳаҷҷи фарзӣ раванд. Мақомот борҳо ҳушдор додаанд, ки истифода аз раводидҳои (виза) сайёҳӣ, корӣ ё дигар навъи ҳуҷҷатҳо барои адои маросими ҳаҷҷи фарзӣ тибқи қонунҳои Арабистони Саудӣ манъ аст ва боиси ҷаримаву ихроҷи зоирон мегардад.

Нархи сафари ҳаҷҷи фарзӣ тариқи квотаи расмӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2026-ум 53 ҳазор сомонӣ, яъне наздики 4 ҳазор сомонӣ арзонтар нисбат ба соли гузашта муайян шудааст.

Бо тағйирот дар ҳаҷ дар ин матлаби мо маълумоти комил дарёбед: “Тағйироти ҳатмӣ дар Ҳаҷ – 2026. Барномаи “Нусук” чист ва он чӣ имкониятҳо дорад?”.

Ёдрас мешавем, ки ҳар сол ҳазорон нафар аз Тоҷикистон тавассути квотаҳои расмӣ ба зиёрати хонаи Худо мераванд ва тамоми раванди сафари онҳо зери назорати мақомот қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.