Home Blog Page 8

“Харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намегузоранд”. Бозори “Вохӯрӣ” дар марз бо Қирғизистон чӣ вазъ дорад?

Аз бозкушоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва имзои созишномаи ниҳоии марзӣ беш аз як сол сипарӣ шуд. Бо боз шудани сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя, интизор мерафт, ки бозорҳои муштараки наздимарзӣ низ базудӣ боз шуда, савдо барқарор шавад. Вале …

Барои санҷиши вазъ аз бозори “Вохӯрӣ”, яке аз бозорҳои муштарак дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст ва замоне пуродам буд, боздид кардем. Ин чӣ бозорча аст ва ҳоло чӣ вазъ дорад, дар ин гузориши мо мутолиа кунед.

Бозорчае, ки ба “вайрона” табдил ёфтааст

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 18-уми март барои шиносоӣ бо вазъи кунунии бозорчаи замоне маъруфи “Вохӯрӣ” ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафт. Аммо дар ин макон тамоми дӯконҳо, ба ҷуз як дӯконча, ки зане савдо мекард, баста ва гирдогирд печонида шуда буд.

Ягона нафаре, ки дар ин бозор савдо мекард, зани тахминан 40-солае буд, ки маҳсулоти хӯрока мефурӯхт. Ӯ дар аввал нахост бо мо суҳбат кунад ва баъдан бе зикри номаш дар суҳбати бидуни сабт гуфт, 13 сол инҷониб дар ин нуқта савдо мекунад.

Ба қавли ӯ, савдо қаблан дар ин бозорча хуб буд ва баъди сар задани муноқишаҳо ва баста шудани марз, ба далели он ки савдо суст шуд, савдогарон ин нуқтаро тарк карданд ва ҳоло танҳо ду нафар дар ин бозорча бозоргонӣ мекунанд, аммо савдогари паҳлӯи ӯ низ танҳо гоҳ-гоҳ дари дӯконашро боз мекунад.

Акс аз муаллиф

Ба қавли ӯ, ин дӯконча шабонарӯзӣ фаъол аст, аммо бо вуҷуди ин, давоми 24 соат танҳо 10-15 харидор меояд, ки шаҳрвандони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Ӯзбекистонанд.

Ҳоло симои умумии бозорча вайронаеро мемонад, ки деворҳояш рехтаю фарсуда ва растаҳо шикастаю латтапечанд.

“Харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намегузоранд”

Ин зан мегӯяд, қаблан бо шавҳараш дар ин бозор тиҷорат мекард, аммо баъди кам шудани харидуфурӯш шавҳараш ба муҳоҷират рафтааст.

“Баъди муноқишаҳои марзӣ савдо хеле суст шуд, борҳое, ки аз Қирғизистон меовардем, дастнорас шуданд, харидорони қирғизистонӣ дигар қадам намонданд ва худи тоҷирон низ бозорчаро тарк карданд”, – мегӯяд ин зан.

Ба қавли ӯ, баъди бозкушоии марз низ дигар шаҳрвандони Қирғизистон намеоянд.

“Онҳо марзи худро симхор кашидаанд ва ҳоло ягон хел рафтуомад сурат намегирад”, – афзуд ӯ.

Акс аз муаллиф

Мақомот чӣ мегӯяд?

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду бозори муштарак фаъолият мекард, ки яке “Молбозор” дар ҷамоати деҳоти “Овчӣ-Қалъача” ва дигаре ҳамин бозорчаи “Вохӯрӣ” буд. Ҳоло бозори чорво пурра аз фаъолият бозмондааст.

Бо вуҷуди бозкушоии марз ва рушди равобити ду ҷониб, бозорҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз боз нашудаанд ва мақомот низ далели онро шарҳ намедиҳад.

Абдуқаҳҳор Абдуҷалилов, муовини раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, ки бозорчаи “Вохӯрӣ” аз соли 2021 камфаъол шуда, харидорон кам омаданд.

“Соҳибкорон диданд, ки беҳуда андоз месупоранду даромад нест, бозорро партофта рафтанд”, – далели тарки бозор аз ҷониби тоҷиронро шарҳ дод ӯ.

Акс аз муаллиф

Бозорҳои наздимарзӣ

Шумораи аниқи бозорҳо дар навоҳии наздимарзии ду кишвар маълум нест, вале то чанд сол пеш ҳаддиақал 10 бозори наздимарзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон кор мекард, ки ҳоло фаъолияти онҳо боздошта шудааст.

Ин бозорҳо то муноқишаҳои охири марзӣ, махсусан солҳои 2021-2022 макони вохӯрии тоҷикону қирғизҳо буд ва барои ҳамзистии осоиштаи мардум мусоидат мекарданд.

Мушкил дар бозорҳои наздимарзӣ соли 2013 пайдо шуд. Он замон ҷониби Қирғизистон барои “ба меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ворида аз Тоҷикистон” дари бозорҳоро ба рӯи фурӯшандаҳои тоҷик баст ва баъдан, ҷониби Тоҷикистон ҳам фурӯши маҳсулотро барои қирғизистониҳо манъ кард.

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ бовар дорад, ки агар тиҷорати байниҳамдигарӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба роҳ монда шавад, қадам ба қадам вазъ муътадил ва аҳолӣ ба ҳам наздик мешаванд.

“Вақте мардуми ду кишвар аз ҳамдигар вобаста мешаванд, оҳиста – оҳиста кинаро фаромӯш мекунанд. Боварӣ ҳам ба ҳамдигар устувор мешавад”, – мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Зани тоҷири ин бозор ҳам ба ин умед мебандад, ки бозор рӯзе мисли пешин фаъол мешавад, ҳарчанд бо ишора ба симхоркашии марз таъкид мекунад, ки рӯз аз рӯз ин умед коҳиш меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

0

Пайвандони Шералӣ Файзов, як муҳоҷири тоҷик беш аз се моҳ аст, ки ӯро ҷустуҷӯ доранд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон зодаи шаҳри Кӯлоб буда, тақрибан 7 моҳ пеш барои кор ба Маскав рафта буд. Ӯ бори охир, дар поёни моҳи декабр, пеш аз ҷашни соли нав бо оилааш тамос гирифта буд.

Алишер Туразода, бародари Шералӣ Файзов имрӯз, 8-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, то имрӯз талошҳои онҳо барои ёфтани бародарашон бесамар анҷомидааст.

Ба гуфтаи ӯ, Файзов дар Маскав дар сохтмон кор мекард ва дар охирон сӯҳбаташ гуфтааст, “корҳояш хубанд ва мушкилие надорад”.

“Ба дӯстонаш гуфтааст, ки як кори нав ҳаст, моро барои 6 моҳ ба онҷо мебаранд. Ӯ гуфтааст, ки маконе, мераванд мавҷ нест ва тамос гирифтан мушкил аст. Ҳоло умедворем, ки шояд ин гуфтаҳо дуруст бошанд ва бо гузашти ин муддат пайдо мешавад”, – гуфт бародари ин муҳоҷир.

Шералӣ Файзов оиладор ва соҳиби се фарзанд аст.

Ситора Файзова, хоҳари Шералӣ Файзов ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол ба мақомоти Тоҷикистон дар Русия дар хусуси бедарак шудани Файзов муроҷиат накардаанд. Чунки намедонанд, чӣ гуна аз Тоҷикистон истода ба мақомоти Русия муроҷиат кунанд. Ҳарчанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои паёмрасон дар хусуси гум шудани бародараш эълон гузоштаанд, вале то кунун аз ӯ хабаре дарёфт накардаанд.

“Аз ҷанд милитсияи шинос пурсидем, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайдо кардани бародарамон кӯмак мекунанд. Гутфанд, ки вай дар Русия гум шудааст, беҳтар аст ба намояндагии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кунем. Вале намедонем, аз ин ҷо истода чӣ тавр ба мақомот муроҷиат кунем”,-мегӯяд Файзова.

Ба “Азия-Плюс” муяассар нашуд, ки бо ҳамсари Шералӣ Файзов дар робита ба тақдири шавҳараш суҳбат кунад.

Бояд гуфт, ин аввалин ҳодисаи гум шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия нест. Қаблан, махсусан баъди оғози ҷанги Русия дар Украина хонаводаҳо дар Тоҷикистон бештар эълони бедарак шудани пайвандонашро расонаӣ мекунанд. Гоҳо нафарони гумшуда ҷасадашон дар ҷанг пайдо мешаванд ва ё дар ин муноқишаҳо аз худ дарак медиҳанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки бо гузашти солҳо аз онҳо дараке нест.

Аз ҷумла, хонаводаи Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд, ки дар Маскав дар сохтмон кор мекард, чандин моҳ ӯро ҷустуҷӯ карданд, вале бенатиҷа будааст.

Ӯ шаби 22 ба 23-юми марти соли 2023, дақиқан ҳамон шабе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан бармегардад. Хонаводааш ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки бо гузашти беш аз 1 сол аз ин гуфтугӯ аз ӯ хабаре надоранд.

Омори дақиқи теъдоди муҳоҷирони тоҷике, ки дар қаламрави Русия нопадид мешаванд маълум нест. Хонаводаҳо дар бештари ҳолатҳо хабари зиндони шудан ё марги онҳоро мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

0

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз созиши оташбаси дуҳафтаӣ миёни Эрон ва Амрико, ки субҳи имрӯз, 8-уми апрел эълон шуд, истиқбол кардааст.

Ин ниҳод субҳи 8-уми апрел изҳори умедворӣ кардааст, ки музокироти пешбинишуда миёни тарафҳои даргир, ки қарор аст рӯзҳои наздик баргузор шавад, ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар Ховари Миёна оварда мерасонад.

“Боварӣ дорем, ки ин низоъ роҳҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад расонд”, – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.

Бояд гуфт, пас аз 39 рӯзи ҷанг дар Ховари Миёна, ки бо ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон оғоз шуда буд, субҳи имрӯз Вашингтону Теҳрон ба як оташбаси дуҳафтаӣ даст ёфтанд. Бештар дар ин бора дар маводи мо хонед: Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

0
Фото: Федерация бокса РТ

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Улан-Батои Муғулистон ҷараён дорад, муштзанони Тоҷикистон ба ду нишон ё медали биринҷӣ гирифта, як узви дастаи Тоҷикистон ба даври ниҳоии рақобатҳо роҳ ёфт.

Аз ҷумла, Мижгона Самадова, узви даста дар вазни 57 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар даври чаҳорякниҳоӣ  ӯ бар намояндаи дастаи мизбон (Муғулистон) Номин Эрдене Тугжарал дастболо шуда, дар даври ниманиҳоӣ аз Пунрави Руэнрос, варзишгари Тайиланд шикаст хӯрд ва ба медали биринҷиро соҳиб шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ин нишон барои Мижгона дуюм даст. Бори нахуст, ӯ соли 2021 дар Дубай ба ин комёбӣ ноил гардида буд.

Мижгона Самадова Акс аз
Федератсияи бокси Тоҷикистон

Мусобиқоти қаҳрамонии қораи Осиё дар Муғулистон таҳти сарпарастии “World Boxing” зиёда аз 230 варзишгарро аз 26 кишвари гирдиҳам овардааст.

Ба ҷуз Мижгона Самадова, намояндагони дигари тими Тоҷикистон, Некрӯз Салимов (80 кг) ва Парвиз Каримов (90 кг) низ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, Салимов нишони биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин медали ин муштзани тоҷик дар мусобиқоти ин қаҳрамонӣ маҳсуб меёбад.

Акс аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

Дар вазни 90 кг Парвиз Каримов дар рақобат бо намояндаи Ҳиндустон Харш Чоудхари дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ, рӯзи 10 -уми апрел ӯ бо намояндаи Ӯзбекистон Ҳалимҷон Мамасолиев барои дарёфти медали тилло рақобат мекунад.

Акс аз Федератсияи бокси Тоҷикистон

Барои худи Каримов ин аллакай имкони дуюм барои ғолиб омадан дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аст. Соли 2024 дар Тайиланд ӯ медали нуқраи ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Акнун имкон дорад, ки боз як қадам пеш гузошта, ба дарёфти унвони қаҳрамони Осиё даст ёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шасту дуюми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

0
Миграционный центр в Душанбе. Фото: Министерство труда, миграции и занятости населения РТ

Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия 1,44 млн шаҳрванди Тоҷикистон рафтаанд, ки аз ин 950 ҳазор кас бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ будааст. Дар ин бора нашрияи руси “Ведомости” бо истинод ба маълумоти Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия хабар додааст.

Ин тақрибан 15% камтар нисбат ба соли 2024 аст. Тибқи иттилои ин ниҳод,он замон ҳудуди 1,7 млн шаҳрванди Тоҷикистон (1,04 млн нафари онҳо муҳоҷирон) ба Русия ворид шуда буданд.

Русия ба тасдиқи созишномаи навшуда бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон ба кори муваққатӣ омодагӣ мегирад. Тағйирот аллакай аз ҷониби комиссияи ҳукумат тасдиқ шуда, барои тасдиқ пешниҳод мешаванд.

Санади мазкур ба рушди низоми ҷалби муташаккилона – механизме, ки дар он кормандони хориҷӣ ба кишвар назди корфармои мушаххас ба вазифа ва муҳлатии муайян меоянд, равона шудааст. Ба андешаи масъулин, ин тадбир раванди муҳоҷиратро бояд зери назорат қарор диҳад ва қонунӣ гардонад.

Мувофиқи тағйироту иловаҳо, марҳилаҳои омодагии кормандон, дар Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар ин ҷо кормандон метавонанд аз ҷумла забони русиро омӯхта, инчнуин аз таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд. Талаботи мазкур ҷиҳати гирифтани патент барои кор зарур аст.

Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон муҳоҷиронро аз санҷиши доғи судӣ ва таҳти пайгард қарор доштани онҳо мегузаронад ва маълумоти биометрӣ, аз ҷумла изи ангуштон ва аксро ҷамъоварӣ мекунад. Гузаштан аз муоинаи тиббӣ, тариқи муассисаҳои тиббии Русия ё намояндагии онҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Омори муҳоҷирон дар Русия ҳамеша баҳсбарангез аст. Мақомоти Русия мегӯянд, дар ин кишвар беш аз 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд. Вале мақомоти Тоҷикистон омори онҳоро камтар – 600-700 ҳазор кас мегӯянд.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

0

Эрон ва Амрико эълон карданд, ки ба як оташбаси дуҳафтаӣ, ки бо миёнҷигарии Покистон ба даст омадааст, мувофиқат кардаанд.

Дар аввал, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат қабл аз зарбулаҷали таъинкардааш дар бораи ҳамла ба зерсохтҳои муҳими Эрон аз ин оташбас хабар дод ва гуфт, ки бо пешниҳоди Покистон ва ба шарти бозкушоии “пурра, фаврӣ ва бехатар”-и гулӯгоҳи Ҳурмуз бо он розӣ шудааст.

Ӯ иддао кард, ки далели ин кор ин аст, ки Амрико “ба ҳамаи ҳадафҳои низомии худ” расидааст.

Доналд Трамп.
Акс аз AP

“Мо аз Эрон пешниҳоди 10-бандие гирифтем ва боварӣ дорем, ки он заминаи амалие барои музокирот аст. Қариб ҳамаи нуктаҳои гуногуни ихтилофҳои гузашта байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мувофиқа шудааст, аммо муҳлати дуҳафтаина имкон медиҳад, то созиш ниҳоӣ ва қатъӣ шавад”, – навиштааст Трамп дар саҳифаи “Truth Social”-и худ.

Кохи Сафед чанд соат баъд иддао кард, ки эълони оташбаси дуҳафтаина байни Амрикову Эрон ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз “пирӯзии Вашингтон аст”.

Пас аз изҳороти Трамп, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва баъд аз он Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳам аз мувофиқа бо оташбаси дуҳафтаӣ бо Амрико хабар доданд.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар изҳороте гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди 10-бандии Ҷумҳуриии Ислоимро қабул кардааст, ки бар асоси он уҳдадориҳое, аз ҷумла ҳамла накардан ба Эрон, бекор кардани таҳримҳо ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа, матраҳ шудаанд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки “ин маънои поёни ҷангро надорад” ва Эрон “вақте поёни ҷангро қабул хоҳад кард, ки бо таваҷҷуҳ ба пазируфтани усули маддиназари Эрон дар тарҳи 10-моддаӣ, ҷузъиёти он низ дар музокирот ниҳоӣ шавад”.

Дар ин изҳорот, ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Эрон назорати тангаи Ҳурмузро нигоҳ медорад ва масъалаи ғанисозии ҳастаӣ низ қабул шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа, 10-уми апрел дар Покистон бар сари мизи музокира шинанд. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки барои ин музокирот, ки бо “беэътимодии комил ба тарафи Амрико” оғоз мешавад, ду ҳафта вақт ҷудо мекунад ва “ин вақт метавонад бо мувофиқаи тарафҳо тамдид карда шавад”.

Аббос Ароқчӣ.
Акс аз EPA

Ин ниҳод гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳои ахир Эрон ба ҳадафҳои низомии худ расида, “ба як пирӯзии бузург” даст пайдо ва Амрикоро маҷбур ба қабули тарҳи 10-моддаии худ кард.

Дар ин тарҳ , аз ҷумла нуктаҳои зерин зикр шудааст:

  • ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон қатъ карда мешавад.
  • Амрико аҳд мебандад, ки дигар ба Эрон ҳамла накунад;
  • Эрон назорат бар тангаи Ҳурмузро идома медиҳад;
  • Амрико ғанисозии уран аз сӯйи Эронро мепазирад;
  • ҳама таҳримҳо зидди Эрон бардошта мешаванд;
  • ҳамаи қарорҳои Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид ва Шӯрои ҳуккоми Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ поён дода мешаванд;
  • зарарҳои расида ба Эрон пардохт карда мешавад:
  • нерӯҳои амрикоӣ аз Ховари Миёна хориҷ мешаванд.

Ароқчӣ ҳам дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “чунончӣ ҳамлаҳо ба Эрон қатъ шаванд, Нерӯҳои мусаллаҳи пурқудрати мо низ ҳамлаҳои дифоии худро қатъ хоҳанд кард”.

“Ба муддати ду ҳафта, ҳаракати амн дар тангаи Ҳурмуз бо ҳамоҳангии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва бо дарназардошти маҳдудиятҳои фанни мавҷуда имконпазир хоҳад буд”, – навишт ӯ ва аз нахуствазиру фармондеҳи Артиши Покистон ба хотири талошҳояшон барои хотимаи ҷанг изҳори ташаккур кард.

Нахуствазири Покистон мегӯяд, оташбаси Эрон ва Амрико “Лубнон ва дигар минтақаҳо”-ро ҳам фаро мегирад

Ҳанӯз маълум нест, ки оташбас миёни ду тараф кай ба иҷро медарояд. Вале Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покиситон гуфт, ки ин оташбас “Лубнон ва дигар минтақаҳо”-ро ҳам дарбар мегирад ва фавран бояд ба иҷро дарояд.

Шаҳбоз Шариф.
Акс аз AFP

Ӯ, ки миёнҷигарии музокироти Эрон ва Амрикоро бар уҳда дорад, дар саҳифаи “Х”-и худ аз ҳардуи тараф даъват кард, ки рӯзи 10-уми апрел барои идомаи музокирот ба Исломобод биёянд, “то созиши ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи ихтилофҳо ҳосил шавад”.

Шаҳбоз Шариф дар хотима изҳори умедворӣ кард, ки дар музокироти Исломобод “сулҳи пойдор” ба даст меояд.

Исроил гуфт, ки аз оташбас Амрико бо Эрон “пуштибонӣ” мекунад, аммо Лубнон шомили он намешавад

Дар ҳамин ҳол, дафтари Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар изҳороте эълон кард, ки аз тасмими Трамп барои оташбаси дуҳафтаина бо Эрон пуштибонӣ мекунад, ба шарте ки танаги Ҳурмуз боз ва ҳамлаҳо ба Амрико, Исроил ва кишварҳои минтақа қатъ шавад. Аммо, дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки оташбаси дуҳафтаина Лубнонро дар бар намегирад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 5-уми апрел раисҷумҳури Амрико бо лаҳни тавҳину таҳдид зарбулаҷали дигаре таъин кард ва гуфт, агар Эрон то рӯзи сешанбе, соати 20:00 ба вақти шарқӣ (сешанбе, соати 3:30 ба вақти Эрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе) “музокира” накунад ва ё тангаи Ҳурмузро накушояд, ба нерӯгоҳҳо ва пулҳои он зарба мезанад.

Сипоҳи посдорони Эрон дар ҷавоб таҳдид кард, ки дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эрон, ба таъсисоти ҳаётии Исроил ва кишварҳои Ховари Минёа, ки мрабут ба Амрико ҳастанд, зарба мезанад ва посухаш фаротар аз минтақа ҳам хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба таҷовуз ба хоки кишварашон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба заданд. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло бо ворид шудани 40-умин рӯзи ҷанг, тарафҳо аз оташбаси муваққат хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар тамоми муассисаҳои табобатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташхиси тиббии ройгон роҳандозӣ мегардад. Шаҳрвандони ин вилоят метавонанд давоми рӯз дар муассисаҳои тиббии маҳалли худ ташхису муоина ва машварати ройгон гиранд. Ин иқдом дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” сурат мегирад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1980 – Бори аввал дар шаҳри Душанбе Фестивали XIII умумииттифоқии синамо баргузор гардид.

Соли 1992 – Дар Душанбе дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия созишнома ба имзо расид.

Соли 2020 – Ҳукумати Тоҷикистон КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти аввалия дар шаҳри Душанбе”-ро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) озод кард.

Соли 2020 – Парлумони кишвар маблағгузории идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”-ро бо иштироки Эрон тасдиқ намуд.

Ин тасмим барои анҷом додани корҳои боқимонда дар нақб, аз ҷумла насби системаҳои вентилятсия, равшанӣ, назорати бехатарӣ ва оташнишонӣ гирифта шуд. Барои ин корҳо маблағи иловагии 11 миллион доллар ҷудо гардид, ки аз он 5,5 миллион долларро ҳукумати Эрон ва 5,5 миллион доллари боқимондаро ҳукумати Тоҷикистон таъмин намуданд.

Соли 2022 – Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” рӯнамоӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Мавлуди Абдумаҷид Пӯладов, табиб, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1963 – Зодрӯзи Ато Мирхоҷаи Нерӯ, ҳоло сармуҳаррири “Садои Шарқ” ва собиқ муовини аввали раиси ИНТ.

Ато Мирхоҷа

Ӯ соли 1985 бахши журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти касбиашро дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз кардааст. Баъдан, дар радио, телевизион, Оҷонсии давлатии “Ховар”, рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва нашрияҳои дигари ҷумҳурӣ кор кард.

Ато Мирхоҷа яке аз чеҳраҳои адабиёти муосири тоҷик аст, ки соли 1991 нахустин маҷмӯаи ашъораш бо номи “Тасмаи мардон” нашр гардид. Минбаъд китобҳои “Ишқ ва ашк”, “Шакарганҷ”, “Нафаси дувум” ва осори бачагонааш ба нашр расиданд.

Ӯ ҳамчунин тарҷумон буда, осори шоирон ва нависандагони тоҷикро ба забони шуғнонӣ ва асарҳои адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст. Ато Мирхоҷа дар таҳияи китобҳои фарҳангиву луғавӣ низ саҳм гузоштааст.

Ато Мирхоҷа соли 2015 муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин шуда, 10 сол дар ин маснад буд ва моҳи ноябри соли 2025 аз ин вазифа барканор шуд. Ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” аст.

Соли 1969 – Мавлуди Шералӣ Султонов, пизишк, ҷарроҳ ва донишманди тоҷик.

Соли 2002 – Зодрӯзи Эмомалии Нуралӣ, ҷудокори шинохтаи тоҷик, қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2022.

Эмомалии Нуралӣ

Эмомалии Нуралӣ машқро дар толори варзишии падараш дар деҳа Ҳилолии ноҳияи Хуросон оғоз карда, то ба қаҳрамони ҷаҳон расид.

Баъд аз хатми мактаб Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дохил шуд. Ҳамзамон, ӯ тамринҳои худро дар Клуби ҷудои Парвиз Собиров оғоз намуд.

Ӯ соли 2022 ҳамчун беҳтарин варзишгар байни ҷавонон дар риштаи варзиши олимпӣ дар Тоҷикистон шинохта шуд.

Эмомалии Нуралӣ ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон дар соли 2022, Ҷоми ҷавонони Осиё 2022 дар Тошканд, “Тоскулоҳи Бузург”-и Тошканд дар 2023 ва “Тоскулоҳи бузург”- Анталия дар соли 2024 мебошад.

Соли 2013 – Зуҳур Ҳабибуллоев, роҳбари гурӯҳи рассомоне, ки тарҳи Парчами давлатии  Тоҷикистонро таҳия намуданд, дар 81-солагӣ даргузашт.

Зуҳур Ҳабибуллоев бо тасвири мусаввараҳои нотакрораш дар санъати тоҷик нақши худро гузоштааст. Ӯ муаллифи мусаввараҳои “Сохтмони ГЭС-и Норак”, “Меҳмонхона дар Норак”, “Чӯпонони Қубониён”,  “Натюрморти помирӣ” аст, ки баёнгари истеъдоди рассомии ӯянд. Ин мусаввир ҳамчунин дар ороиши бисёр биноҳои маъмурию фарҳангии пойтахт фаъолона иштирок кардааст.

Соли 2021 – Озодамоҳ Муҳтарамова, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар 65-солагӣ аз олам даргузашт.

Озодамоҳ Муҳтарамова

Озодамоҳ Муҳтарамова ҳанӯз дар 13-солагиаш дар театри халқии ноҳияи Шӯробод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ҳамчун овозхон ба фаъолият оғоз мекунад. Ӯ дар ин театр аз Одина Ҳошим, ҳофизи саршиноси тоҷик нозукиҳои мусиқиро меомӯзад.

Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1973 дар Театри халқии ноҳияи Ҳамадонӣ ба фаъолият пардохт ва тӯли 27 сол, то соли 2000 он ҷо ҳунарнамоӣ кард. Солҳои 2000-2005 сарояндаи ансамбли этнографии назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон ва аз соли 2006 сарояндаи ансамбли этнографии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.

Ӯ беш аз сад суруд офаридааст, ки таронаҳои “Модар”, “Чашми тар”, “Тоҷикистон”, “Танҳоӣ”, “Шаби ҳиҷрон”, “Ошиқон”, “Эй дил”, “Сарви гуландом”, “Рози дил”, “Кӯзаро бишкаста” аз зумраи беҳтарин сурудаҳои ӯ мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

​Дар Тоҷикистон 8-уми апрел Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мешавад. Ин ҷашн мувофиқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки 2 августи соли 2011 қабул шудааст, расмӣ гардид. ​

Ҳадафи таҷлили ин рӯз арҷгузорӣ ба саҳми иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҷӯгиҳо (цгане) таҷлил мегардад. Ин рӯз дар Конгресси якуми ҷаҳонии ҷӯгиҳо, ки 8 апрели соли 1971 дар шаҳри Лондон баргузор шуда буд ва намояндагони 30 кишвар дар он иштирок доштанд, таъсис ёфтааст.

Рӯзи 8-уми апрели соли 1766 аввалин зинапояи оташнишонӣ дар Амрико ба қайд гирифта шуд. Ихтирои он на танҳо кори наҷотбахшонро осон кард, балки ба наҷоти ҷони бисёр одамон мусоидат намуд. Баландии аввалин зинапояи патентшуда камтар аз 10 метр буд. Рекорди баландии зинапояи муосири оташнишонӣ ба зинапояи телескопии автомобилӣ, ки як ширкати финӣ истеҳсол кардааст, тааллуқ дорад. Баландии он 112 метр аст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят ва шарқи вилоят борон меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4+9º гарм, дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 14+16º гарм мешавад.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 8 ба 9-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Даргузашти собиқ номзад ба мақоми президентӣ ва роҳбари 78-солаи ҲКТ

Мироҷ (Меҳроҷ) Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) имрӯз, 7-уми апрел баъди нисфирӯзӣ дар синни 78 даргузашт. Ҷанозаи марҳум пагоҳ, 8-уми апрел соати 10:00 дар манзилаш дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Сабаби марги ӯ маълум нест.

Мироҷ Абдуллоев, ки дар даъвати қаблӣ, солҳои 2020-2025 вакили парлумони кишвар низ буд, 9 сол инҷониб Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ аз ҲКТ пешниҳод шуд, вале дар рақобат шикаст хӯрд. Ӯ он замон 72-сола ва куҳансолтарин нафар дар миёни шаш номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон буд.

Ӯ кӣ буд ва чӣ корнома дошт?

Мироҷ Абдуллоев 15-уми августи соли 1948  дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав аст.

Фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёна оғоз шуда, минбаъд дар вазифаҳои давлатӣ ба кор оғоз намудааст. Ӯ солҳои зиёд дар мақомҳои баланд дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Хатлон фаъолият дошт.

Соли 2001 нозири калони шуъбаи дуюми Раёсати кофтукови ҷиноии Оҷонсии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъин шуда, то соли 2004 дар ин маснад ифои вазифа кард. Вай солҳои 2005-2011 ҳуқуқшиноси ҳукумати раиси шаҳри Кӯлоб буд.

Солҳои 2016-2017 намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии “Ҳомиёни Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон Котиби аввали Кумитаи ҲКТ дар ин минтақа буд.

Мироҷ Абдуллоев моҳи апрели соли 2017 баъди аз курси канор рафтани Шодӣ Шабдоло, раиси пешини Ҳизби коммунистии Тоҷикистон роҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Ҳарчанд ӯ чеҳраи ноошно дар доираҳои сиёсӣ буд, дар даъвати қаблӣ, солҳои 2020-2025 вакили парлумони кишвар шуд.

Мироҷ Абдуллоев дар интихоботи парлумонии ахир ба парлумон роҳ наёфт ва ин ҳизб баъди чанд сол, аз курсии парлумон маҳрум шуд, аммо боз ҳам эътирозе надошт.

Ӯ он замон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки танҳо хоҳиш дошт, ки барои ҳизбаш “дар парлумон ақаллан як курсӣ медоданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

0
Акси марбут сурат: Аз саҳифаи инстаграми 1111taxi

Дар ноҳияи Ёвон ҷасади як кирокаши 38-соларо пайдо кардаанд. Наздикони марҳум мегӯянд, шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, гумонбар, ки як хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст. Мақомоти қудратӣ қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

Ҷасади Лутфулло Сафаров, сокини ин ноҳияро, ки дар ширкати “3333”-и ноҳияи Ёвон кор мекард, сокинон дар майдони заминҳои кишт рӯзи 4-юми апрел дарёфт кардаанд. Ӯ 38 сол дошт ва соҳиби зан ва чаҳор фарзанди хурдсол буд

Фатҳулло Сафаров, падари Лутфулло Сафаров, рӯзи 6-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки писараш баъди нисфирӯии 3-юми апрел ба кор баромада, дигар ба хона барнагашт. Соати тақрибан 18 ҳамон рӯз тамос бо ӯ пурра қатъ шудааст.

Ӯ гуфт, “ҳамсараш субҳи рӯзи 4-уми апрел занг зада гуфт, ки писаратон имшаб ба хона наомад”.

“Тақрибан соати 17:30 ба мошини Лутфулло ду кас нишаста гуфтаанд, ки моро ба деҳаи Дастгирак бар. Онҳо нақшаи куштори писарамро доштаанд. Аз ноҳия, тақрибан 6 киллометр болотар, дар як дашт ба узвҳои бадани Лутфулло 9 корд задаанд. Аз пушт ба ӯ ҳамла карда, аз ҷумла се корд аз пушти гарданаш задаанд. Баъд мошинашро гирифта, фирор мекунанд. Пул ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш буданд”, – нақл кард падари  Лутфулло.

Фатҳулло Сафаров илова кард, ки ҷасади писарашро як подабон ёфтааст ва ӯ дар бораи қатли писараш, нисфирӯзии 4-уми апрел аз як ҳамкори марҳум шунидааст.

“Ба онҷо рафтам, ки тани беҷони хунолуди Лутфулло дар замин буд. Рӯяшро тоза кардам, либосашро ба рӯяш партофтаму ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон хабар додам. Кормандони милитсия ҷасадашро оварданд, аз экспертиза гузаронданд, баъди нисфирӯзӣ ҷасадро доданд. Бегоҳии рӯзи 4-уми апрел ба хок супоридем”,-гуфт Сафаров.

Ҷои ҳодиса.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ин мард бо такя ба иттилои мақомот гуфт, дар пайванд ба ин ҳодиса як кас боздошт шудааст ва ӯ хонандаи яке аз мактабҳои ноҳия мебошад. Вале ӯ бовар надорад, ки ин ин хонанда танҳо даст ба ин кор зада бошад. Мақомот мошини писарашро дар назди хонаи гумонбар ёфтаанд.

“Мақомот гуфтанд, як гумонбарро дар қатли писарам боздошт кардаанд. Ӯ хонандаи синфи 11 дар мактаби деҳаи Дастгирак  будааст. Гумонбар гуфтааст, ки танҳо ин қатлро анҷом додааст, аммо вай бача ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи ин кор ба танҳоӣ намебарояд. Ин куштор ҳадди аққал кори дасти 2-3 кас аст”, гуфт Сафаров.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ёвон рӯзи 7-уми апрел ба “Азия-Плюс” дарёфти ҷасади Сафаровро тасдиқ кард, вале гуфт, ки “то ҳол  касеро боздошт накардаанд”.

“Дар пайванд ба ин ҳодиса бисёриҳоро пурсида истодаанд, аммо ҳоло ҳеҷ касро боздошт накардаанд. Ҳоло ягон асос надорем, ки ин куштор аст ё худкушӣ аст. Сохторҳои қудратӣ ин қазияро тафтиш доранд”,-кӯтоҳ гуфт намояндаи ҳукумати ноҳия.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз мақомоти интизомии ноҳия бенатиҷа анҷомид. Аз шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар ин хусус иттилоъ дода наметавонанд.

Фатҳулло Сафаров мегӯяд, то ҳол намедонад ангезаи куштори писараш аз сӯйи афроди ношинос чӣ будааст. Ӯ гуфт, Лутфулло бо касе душманӣ надошт ва бо кирокашӣ рӯзгорро пеш мебурд.

Дар чанд рӯзи охир ин аввалин куштори мармуз дар Тоҷикистон нест, ки расонаӣ мешавад. Шаби 1 ба 2-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб ду зани 20 ва 28-сола ва як кӯдаки 6-сола ба таври мармуз кушта шуданд. Мақомот дар пайванд ба куштори се тан алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.

 Ҷузъиёти бештари ин кушторро дар ин матлаби мо мутолиа кунед: “Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.