Баъди ҳамла ба “Крокус”. Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳафт моҳ инҷониб бедарак аст

Хонаводае дар шимоли Тоҷикистон ҳафт моҳ ин ҷониб, аз ҳамон рӯзе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ва бо гумони содир кардани он чанд шарҳванди Тоҷикистон дар шароити мармуз боздошт гардид, интизори сардори оилаи худ мебошад. Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва […]

Хонаводае дар шимоли Тоҷикистон ҳафт моҳ ин ҷониб, аз ҳамон рӯзе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ва бо гумони содир кардани он чанд шарҳванди Тоҷикистон дар шароити мармуз боздошт гардид, интизори сардори оилаи худ мебошад.

Манучеҳр Болтуев, сокини шаҳри Хуҷанд аст, ки чандин сол ба Русия барои муҳоҷирати корӣ мерафт ва дар шаҳру навоҳии атрофи Маскав ба сохтмон машғул буд.

Бори охир ӯ ҳафт моҳ пеш, шаби 22 ба 23-юми марти соли 2023, дақиқан ҳамон шабе, ки ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ҳамла шуд ба хонаводааш тамос гирифта мегӯяд, аз сабаби шароита бад доштан, тариқи мошин ва аз қаламрави Ӯзбекистон ба Ватан бармегардад. Аммо бо ҳамин дигар бедарак шудааст.

“9 моҳ дар Русия буд. Он ҷо ҷарроҳӣ шуд ва хост, ки баргардад. 19-уми март ба роҳ баромад, дар Маскав 3 рӯз дар меҳмонхона, интизори нақлиёт буд. Ва рӯзи 22-юми март ба роҳ баромад. Вале соати 23-и шаб занг заду гуфт, ки ман дар автобус меравам, вале маро дар нимароҳ фароварданд, намедонам, ки инҷо куҷо аст. Дар WhatsApp (тариқи навор) нишон дод, роҳи калон буд. Мо суҳбат кардем. Вале пас аз ин дигар натавонистем бо ӯ тамос гирем”, – мегӯяд Сайҳуна Музаффарова, ҳамсари Манучеҳр Болтуев.

Муроҷиати оилаи Манучеҳр Болтуев  ба мақомот чӣ натиҷа дод ва ҳоло онҳо чӣ рӯзгоре доранд? Муфассал дар гузориши зерин бубинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.