Оғози кори нахустин Форуми байнулмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия дар Душанбе

Дар Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ба кор оғоз мекунад. Дар кори форум роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд. Мувофиқи барнома, дар ҷараёни ҷаласаҳои соҳавӣ масоили ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон баррасӣ мешаванд. Форум аз 5 иҷлосия иборат […]

Дар Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия ба кор оғоз мекунад.

Дар кори форум роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

Мувофиқи барнома, дар ҷараёни ҷаласаҳои соҳавӣ масоили ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Форум аз 5 иҷлосия иборат буда, дар доираи онҳо ба масоили муҳими саҳми геология дар рушди иқтисод, вижагиҳои геологӣ ва канданиҳои фоиданок, инчунин мунтазам тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ҳамчун асоси рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургияи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Зиёда аз 200 роҳбарони ширкатҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ташаббускорони лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои таҳиягар ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоту технологияҳо барои корхонаҳо ва сармоягузорони байнулмилалӣ технологияҳои пешрафтаро дар самти таҳия ва коркарди маъдан ва роҳҳои ҳалли навро барои истихроҷи кӯҳӣ пешниҳод мекунанд.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор доштааст, ки Тоҷикистон заминаи хуби минералӣ ва ашёи хом дорад, ки барои таъмини рушди соҳа ба муддатҳои тӯлонӣ кофист.

Дар ҷумҳурӣ барои азхудкунии канданиҳои фоиданок, фулузот (металлҳо)-и нодир ва қиматбаҳо 800 кон ошкор ва қисман омода шудааст. Дар конҳои коркардшудаи Тоҷикистон зиёда аз 50 навъи ашёи минералӣ истифода мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои форум имзои шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ дар назар аст, ки ба ҷалби сармоягузории мустақим ба саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Яке аз самтҳои калидии кори форум – муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва металлургия дар Тоҷикистон аст.

Миёни онҳо нисбатан бузургашон – истихроҷи канданиҳои фоиданок дар кони Шоҳқадамбулоқ дар вилояти Суғд, таъмиру навсозии Комбинати маъданҳои кӯҳии “Адрасмон”, истихроҷ ва коркарди ангишт дар кони “Шӯроб”, сохтмони Комбинати маъданҳоли кӯҳӣ дар кони сурмаи Пиндар, таъмиру навсозии истеҳсоли алюминий дар ТАЛКО ва ғайра маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.