Home Blog Page 9

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

0
Акси марбут сурат: Аз саҳифаи инстаграми 1111taxi

Дар ноҳияи Ёвон ҷасади як кирокаши 38-соларо пайдо кардаанд. Наздикони марҳум мегӯянд, шахсони номаълум ӯро бо 9 зарби корд ба қатл расонида, бо худрави ӯ фирор кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, гумонбар, ки як хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст. Мақомоти қудратӣ қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

Ҷасади Лутфулло Сафаров, сокини ин ноҳияро, ки дар ширкати “3333”-и ноҳияи Ёвон кор мекард, сокинон дар майдони заминҳои кишт рӯзи 4-юми апрел дарёфт кардаанд. Ӯ 38 сол дошт ва соҳиби зан ва чаҳор фарзанди хурдсол буд

Фатҳулло Сафаров, падари Лутфулло Сафаров, рӯзи 6-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфт, ки писараш баъди нисфирӯии 3-юми апрел ба кор баромада, дигар ба хона барнагашт. Соати тақрибан 18 ҳамон рӯз тамос бо ӯ пурра қатъ шудааст.

Ӯ гуфт, “ҳамсараш субҳи рӯзи 4-уми апрел занг зада гуфт, ки писаратон имшаб ба хона наомад”.

“Тақрибан соати 17:30 ба мошини Лутфулло ду кас нишаста гуфтаанд, ки моро ба деҳаи Дастгирак бар. Онҳо нақшаи куштори писарамро доштаанд. Аз ноҳия, тақрибан 6 киллометр болотар, дар як дашт ба узвҳои бадани Лутфулло 9 корд задаанд. Аз пушт ба ӯ ҳамла карда, аз ҷумла се корд аз пушти гарданаш задаанд. Баъд мошинашро гирифта, фирор мекунанд. Пул ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш буданд”, – нақл кард падари  Лутфулло.

Фатҳулло Сафаров илова кард, ки ҷасади писарашро як подабон ёфтааст ва ӯ дар бораи қатли писараш, нисфирӯзии 4-уми апрел аз як ҳамкори марҳум шунидааст.

“Ба онҷо рафтам, ки тани беҷони хунолуди Лутфулло дар замин буд. Рӯяшро тоза кардам, либосашро ба рӯяш партофтаму ба Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон хабар додам. Кормандони милитсия ҷасадашро оварданд, аз экспертиза гузаронданд, баъди нисфирӯзӣ ҷасадро доданд. Бегоҳии рӯзи 4-уми апрел ба хок супоридем”,-гуфт Сафаров.

Ҷои ҳодиса.
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ин мард бо такя ба иттилои мақомот гуфт, дар пайванд ба ин ҳодиса як кас боздошт шудааст ва ӯ хонандаи яке аз мактабҳои ноҳия мебошад. Вале ӯ бовар надорад, ки ин ин хонанда танҳо даст ба ин кор зада бошад. Мақомот мошини писарашро дар назди хонаи гумонбар ёфтаанд.

“Мақомот гуфтанд, як гумонбарро дар қатли писарам боздошт кардаанд. Ӯ хонандаи синфи 11 дар мактаби деҳаи Дастгирак  будааст. Гумонбар гуфтааст, ки танҳо ин қатлро анҷом додааст, аммо вай бача ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи ин кор ба танҳоӣ намебарояд. Ин куштор ҳадди аққал кори дасти 2-3 кас аст”, гуфт Сафаров.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи ҳукумати ноҳияи Ёвон рӯзи 7-уми апрел ба “Азия-Плюс” дарёфти ҷасади Сафаровро тасдиқ кард, вале гуфт, ки “то ҳол  касеро боздошт накардаанд”.

“Дар пайванд ба ин ҳодиса бисёриҳоро пурсида истодаанд, аммо ҳоло ҳеҷ касро боздошт накардаанд. Ҳоло ягон асос надорем, ки ин куштор аст ё худкушӣ аст. Сохторҳои қудратӣ ин қазияро тафтиш доранд”,-кӯтоҳ гуфт намояндаи ҳукумати ноҳия.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз мақомоти интизомии ноҳия бенатиҷа анҷомид. Аз шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ёвон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар ин хусус иттилоъ дода наметавонанд.

Фатҳулло Сафаров мегӯяд, то ҳол намедонад ангезаи куштори писараш аз сӯйи афроди ношинос чӣ будааст. Ӯ гуфт, Лутфулло бо касе душманӣ надошт ва бо кирокашӣ рӯзгорро пеш мебурд.

Дар чанд рӯзи охир ин аввалин куштори мармуз дар Тоҷикистон нест, ки расонаӣ мешавад. Шаби 1 ба 2-юми апрел дар шаҳри Кӯлоб ду зани 20 ва 28-сола ва як кӯдаки 6-сола ба таври мармуз кушта шуданд. Мақомот дар пайванд ба куштори се тан алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.

 Ҷузъиёти бештари ин кушторро дар ин матлаби мо мутолиа кунед: “Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мошинҳоро шӯед, муносибати хуб кунед… Нигаронии муовини Рустами Эмомалӣ аз кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе

Раҳмиддин Саломзода, муовини шаҳрдори Душанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ боздид ва аз тоза набудани мошинҳо нигаронӣ карда, ба рондандагону масъулин супориш додааст, ки ҳамарӯза нақлиёти худро шӯянду бо мусофирон муносибати хуб кунанд.

Ба иттилои Душанбенақлиётхадамотрасон, дар ҷараёни ин санҷиш, ки рӯзи 6-уми апрел бо иштироки масъулини соҳаи нақлиёт ва тандурустии шаҳрдорӣ сурат гирифтааст, маълум шудааст, ки на ҳамаи ронандагон ва коргоҳҳои нақлиётӣ ба тозагии дохили автобусу микроавтобусҳо аҳамияти зарурӣ медиҳанд.

Саломзода ҳангоми азназаргузаронии хатсайрҳо гуфтааст, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар асл оинаи пойтахт ва муаррифгари маданияти шаҳрдорӣ мебошад.

“…аз ҳар яки мо масъулияти баландро тақозо менамояд, зеро аз рӯи нақлиёт маданияту тозагии шаҳрдорӣ баҳо дода мешавад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд дар якҷоягӣ камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бартараф намоем”, – гуфтааст Раҳмиддин Саломзода.

Муовини шаҳрдор бо ронандагон суҳбат карда, ба онҳое, ки аз субҳ то ба шом ба сокинону меҳмонони пойтахт хидмат мерасонанд, сипосгузорӣ кардааст. Дар ин баробар, аз онҳо хостааст, ки “ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хизматрасонии хубу босифатро пешниҳод намоянд”.

Вай гуфтааст, ки “ронандагонро мебояд, пеш аз ҳама одоби муошират, реҷаи ҳаракат, сару либосӣ тавсияшуда, экипировка (лавозимоту либоси хос, – АП)-и муайянгардида, сабқат накардан, таъмини ҳаракати бонизом ва бехатари воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва дигар талаботи мавҷудаи соҳаро қатъиян риоя намоянд”.

Раҳмиддин Саломзода ба масъулини корхонаҳои нақлиётӣ супориш додааст, то камбудиҳои мавҷударо фавран бартараф намуда, шустушӯи ҳамарӯзаи нақлиёт ва одоби муоширати ронандагонро зери назорати доимӣ гиранд.

Бояд гуфт, ки масъалаи тозагӣ ва фарҳанги хидматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт солҳост мавриди баҳсу интиқоди сокинон қарор дорад. Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, то ҳол бархе аз мушкилот пурра ҳал нашудаанд.

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз вазъи дохили автобусу микроавтобусҳо, серодамӣ ва риоя нашудани қоидаҳои санитарӣ шикоят мекунанд. Ба вижа, аз муносибати баду дағалонаи баъзе ронандагон борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо паҳн шуда, вокуниши васеи корбаронро ба бор овардааст. Ғайр аз ин, мусофирони пойтахт нигаронанд, ки баъзе хатсайрҳо, махсусан дар шомгоҳон баъди соати 20:30, фаъол нестанд ё хеле кам мешаванд, ки ин барои сокинон мушкил эҷод мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

0
Котлован для новой подстанции. Фото: ТГЭМ

Дар қисмати ғарбии Душанбе сохтмони зеристгоҳи нави барқии “Ғарбӣ” бо иқтидори 220/110/10 кВ оғоз шуд. Он дар маҳаллаи Ҷӯйбодом сохта мешавад.

Лоиҳа аз ҷониби ширкати ТГЭМ (Тоҷикгидроэлектромонтаж) амалӣ мешавад. Дар хабари ширкат зикр мегардад, ки зеристгоҳи нав ҷиҳати эътимоднок сохтани таъмини қисмати ғарбии шаҳр бо барқ, инчунин коҳиши сарборӣ ба зеристгоҳҳои амалкунандаи “Нав” ва “Дарёканор” имкон фароҳам меорад.  

Дар лоиҳа сохтмони зеристгоҳи муосир бо насби таҷҳизоти пуриқтидор, аз ҷумла трансформаторҳои худкор ва низоми танзими ҷараён пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дастгоҳҳои тақсимоти сатҳҳои гуногуни ҷараён насб гардида, хатҳои ноқилӣ кашида мешаванд ва низомҳои ҳифзи релейӣ ва худкоргардонӣ (автоматика) ҷорӣ мешаванд.

Ҷойи сохтмони зеристгоҳ. Акс аз ТГЭМ

Ғайр аз ин, дар иншоот тамоми зерсохтори зарурии ёрирасон – сар аз биноҳои маъмурӣ ва техникӣ – то  манбаъҳои харитавии ғизогирӣ бунёд мешавад.

Тибқи арзёбии мутахассисон, “амалисозии лоиҳаи “Ғарбӣ” дар самти таъмиру навсозии низоми энергеткии шаҳри Душанбе иқдоми муҳим маҳсуб ёфта, ба таъминоти бештари босубот бо барқ барои аҳолӣ, тиҷорат ва иншооти иҷтимоӣ мусоидат мекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

0
Иллюстративное фото с сайта youtube.com

Тоҷикистон бо хароҷоти нисбатан кам ба сафи кишварҳое дохил шуд, ки ба соҳаи дифоъ ба ҳар сари аҳолӣ камтар маблағ сарф мекунад. Тибқи арзёбии пойгоҳи байналмилалии таҳлилии “Global Firepower” барои соли 2026, ин нишондиҳанда ҳудуди 43 доллар ба як нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба дигар кишварҳои минтақа ба таври назаррас камтар аст.

Барои муқоиса, Қазоқистон ба мудофиа ҳафт баробар бештар  – ҳудуди 288 доллар ба як нафарро масраф мекунад. Дар Туркманистон ин нишондиҳанда ҳудуди 254 доллар, Ӯзбекистон ҳудуди 170 доллар ва Қирғизистон наздикӣ 106 доллар барои 1 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти “Global Firepower”, радабандии иқтидори ҳарбии кишварҳо бар асоси зиёда аз 60 омил, аз ҷумла теъдоди артиш ва бо аслиҳа муҷаҳҳаз будани он то логистика, захираҳои молиявӣ ва шароити ҷуғрофӣ тартиб дода мешавад. Ҳаҷми буҷети соҳаи мудофиа танҳо яке аз нишондиҳандаҳо мебошад ва мавқеи ниҳоии кишварро муайян намекунад.

Дар радабандии ҷаҳонии иқтидори ҳарбӣ барои соли 2026, Тоҷикистон мақоми 100-умро касб карда, як қатор кишварҳои минтақа поинтар қарор дорад.

Коршиносони “Global Firepower” зикр мекунанд, ки нишондиҳандаи хароҷот ба ҳар сари аҳолӣ на танҳо сатҳи иқтидори ҳарбӣ, балки сарборӣ ба иқтисод ва афзалиятнокии соҳаи мудофиаро таҷассум месозад.

Ба даҳгонаи аввал аз лиҳози сатҳи иқтидори ҳарбӣ мувофиқи маълумоти “Global Firepower”, ИМА, Русия, Чин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Британияи Кабир, Туркия ва Италия шомиланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

0

Аз оғози соли равон гирифтани иҷозатномаи истифодаи шишаҳои сиёҳу хира дар мошин тариқи онлайн имконпазир шуд. Пештар ин иҷозатномаро аз шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) тариқи ҳузурӣ гирифтан мумкин буд. 

Дар ин бора аз Агентии инноватсия ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ки ронандаҳо ин иҷозатномаро тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – “ekhizmat.tj” метавонанд ба даст оранд. Ин пойгоҳ чӣ гуна кор мекунад ва барои ба даст овардани иҷозатнома чӣ бояд кард? Дар ин матлаб шарҳ додем.

Ҳоло иҷозатномаро чӣ гуна ба даст овардан мумкин аст?

Пас аз тағйироти нав, иҷозатномаи сиёҳшишаро танҳо онлайн тавассути Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ – ekhizmat.tj ба даст овардан мумкин аст. Барои ин дар пойгоҳ сабтином ва аз раванди айнитякунонӣ гузашта, хидматрасонии лозимаро интихоб, маълумоти шахсиро ворид ва пардохт кардан лозим аст.

Намогирифт аз пойгоҳ

Иҷозатномаро ҳузурӣ ҳам гирифтан мумкин аст?

Не. Аз оғози сол иҷозатнома ро танҳо онлайн тариқи пойгоҳи ekhizmat.tj гирифтан мумкин аст. Ҳоло чунин иҷозатнома дар шуъбаҳои БДА дода намешавад.

Чӣ гуна метавон дар Пойгоҳ сабтином кард?

Барои дастрасӣ ба Пойгоҳ аз ду марҳилаи сабтином ва айнияткунонӣ (идентификатсия) гузаштан лозим аст:

  • – Айнияткунонӣ дар Маркази хидматрасониҳои давлатӣ
  • – Сабтином дар замимаи IMZO

Барои тасдиқи шахсият ва кушодани ҳуҷраи инфиродӣ дар пойгоҳ шуморо лозим аст, ба Маркази хидматрасониҳои давлатӣ, ки дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47А ҷойгир аст, омада, худро ба қайд гиред. 

Намогирифт аз пойгоҳ

Барои айнияткунонӣ танҳо шиносномаи асл ва рақами телефон лозим аст. Раванди айнияткунонӣ ҳамагӣ 5-10 дақиқа вақт мегирад. Акнун, барои воридшавӣ ба Пойгоҳи ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ замимаи IMZO-ро дар Google Play ё App Store боргирӣ ва худро сабтином кунед. 

Муҳим! Рақами телефоне, ки ҳангоми айнияткунонӣ дар Марказ зикр шудааст, бояд бо рақами телефоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва воридшавӣ ба замимаи IMZO истифода шудааст, мувофиқат кунад. 

Пас аз ин, ба Пойгоҳ (khizmat.ehukumat.tj) ворид шуда, тугмаи “воридшавӣ тариқи IMZO” -ро пахш ва рақами телефон ва рамзи яккаратаи тариқи паёмак омадаро ишора кунед. 

Иҷозатномаи сиёҳшишаро дар Пойгоҳ чӣ гуна гирифтан мумкин аст?

Пас аз сабтиномшавӣ ба утоқи шахсии худ ворид шуда, дар бахши хидматрасониҳо “Иҷозатнома барои истифодаи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ”-ро интихоб кунед.

Нусхаи аризаи дар равзана пайдошударо пур кунед. Пас аз ворид кардани маълумот дар бораи автомобил, низом ба таври худкор арзиши гирифтани иҷозатномаро ҳисоб ва натиҷаашро пешниҳод мекунад. Маблағи онро метавонед дар худи пойгоҳ онлайн пардохт кунед. 

Иҷозатнома давоми чанд дақиқа омода ва ба шумо ирсол мегардад. Дар ҳолати зарурӣ метавонед нусхаи электронии онро пешниҳод кунед.

Намогирифт аз пойгоҳ

Иҷозатномаи сиёҳшишаро бидуни сабтином дар Пойгоҳ гирифтан мумкин аст?

Бале. Иҷозатномаи сиёҳшишаро бидуни сабтином дар ekhizmat.tj низ гирифтан мумкин аст. Барои ин ҳангоми воридшавӣ ба сомона “вуруди меҳмонӣ”-ро интихоб кунед. 

Дар ин ҳолат, ба шумо зарур аст рақами телефонатонро ишора ва рамзи яккаратаи тариқи паёмак ирсолшударо ворид кунед ва аз хидматрасонӣ ба таври дар боло зикршуда истифода баред. 

Бояд гуфт, иҷозатномаи сиёҳшиша ягона хидматрасониест, ки метавон бидуни сабтиноми пурра дар низом ба даст овард.

Арзиши иҷозатнома чӣ қадар аст?

Арзиши иҷозатнома аз соли барориш ва навъи мошин аст. Арзиши дақиқро низом пас аз ворид кардани маълумоти мошин ба таври худкор ҳисоб мекунад. 

Акси марбут. Акс tonirovkaauto.com.

Иҷозатномаро дар чанд дақиқа гирифтан мумкин аст?

Ба иттилои Агентӣ, иҷозатномаро метавон ҳамагӣ дар як дақиқа ба даст овард.

Иҷозатномаи қаблан аз БДА додашуда ҳам амал мекунад?

Бале, то анҷоми муҳлат амал мекунад. Пас аз анҷоми муҳлат иҷозатномаи навро алакай онлайн гирифтан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

0

Эрон дар посух ба пешниҳоди Амрико дар бораи хатми ҷанг тарҳи худро дар 10 банд ба Покистон додааст, то онро ба Иёлоти Муттаҳида расонад. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА шаби гузаштаи 6-уми апрел гузориш дода, навиштааст, ки ин тарҳ “пас аз ду ҳафта баррасиҳои ҳамаҷониба дар сатҳҳои олии низом” таҳия шудааст.

Эрон дар посухи худ оташбаси муваққатро рад карда, “бар зарурати хотимаи доимии ҷанг бо риояти мулоҳизоти Эрон” таъкид кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷавоби Эрон маҷмуае аз дархостҳо, аз ҷумла “поёни даргириҳо дар минтақа, протоколи ҳаракати амн аз тангаи Ҳурмуз, бозсозӣ ва бардоштани таҳримҳо”-ро дарбар мегирад.

Осори ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Донишгоҳи Шарифи Теҳрон
Акс аз Hammihan newspaper

“Пешниҳоди ин матн пас аз он сурат гирифт, ки дар пайи таҳаввулоти рӯзи шанбе ва якшанбе дар манотиқи ғарбӣ ва марказии Эрон ва шикасти фоҷиабори амалиёти мутаҳаррики ҳавоии Амрико, Эрон бори дигар бартарии худро дар ҷанг нишон дод ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ бо тамдиди навбатии зарбулаҷали такрорӣ, аз таҳдидҳои қаблии худ ақибнишинӣ кард”, – навиштааст ИРНА.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” аз қавли ду мақоми эронӣ навиштааст, ки тарҳи Эрон барои поён додани ҷанг, аз ҷумла ҷорӣ кардани молиёт барои гузаштани киштиҳо (ҳудуди 2 миллион доллар) дар бар мегирад, ки онро бо Уммон, ки дар тарафи дигари ин гулӯгоҳ қарор дорад, тақсим мекунад.

Тибқи ин тарҳ, Эрон ба ҷойи дархости товони мустақим аз Амрико, ин даромадҳоро барои бозсозии зерсохтҳои равона мекунад, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил вайрон шудаанд.

“Эронро дар як шаб нобуд мекунем”. Таҳдиди дубораи Трамп

Ҳоло вокуниши расмии Вашингтон ба посухи Эрон маълум нест. Вале Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди Эрон “ба андозаи кофӣ хуб нест, аммо ин як қадами муҳим аст”.

Доналд Трамп дар Кохи Сафед зимни нишасти хабарӣ, 6-уми апрел
Акс аз EPA

Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки манзураш чӣ пешниҳоде аст, вале расонаҳои ғарбӣ ҳарфи ӯро ишора ба тарҳи 10-бандии Эрон маънидод кардаанд.

Раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки ҳаргуна тавофуқи нав бо Эрон барои поён додан ба даргириҳо бояд шомили тазмини “озодии гузаштани нафт” аз тангаи Ҳурмуз бошад.

Дар ин баробар, ӯ, ки дар ҳошияи маросими мазҳабии иди пок (ҷашни Пасха) дар Вашингтон ба хабарнигорон суҳбат мекард, бо такрори таҳдидҳои худ барои ҳамла ба зерсохтҳои Эрон иддао кард, ки “тамоми Эронро метавон дар як шаб нобуд кард ва он шояд фардо шаб бошад”.

Доналд Трамп бо сафед кардани ҳамлаҳои Амрико ба Эрон муддаӣ шудааст, ки “метавонад ба нафъи мардуми одии Эрон бошад” ва илова кардааст, ки “онҳо омодаанд, барои дастёбӣ ба озодӣ сахтиро таҳаммул кунан”.

Идомаи ҳамлаҳо ва кушта шудани чанд тан аз ҳарду тараф

Бо вуҷуди таҳдидҳо ва изҳоротҳои тарафҳо, ҳамоно ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, аз ҷумла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ идома дорад. Дар посух, Ҷумҳурии Исломӣ низ зарбаҳои худро ба Исроил ва пойгоҳои низомиву зерсохтҳои амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна идома медиҳад.

Расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 6-уми апрели Амрикову Исроил ба Эрон чанд нафар куштау захмӣ шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамлаҳои ба вилояти Теҳрон 6 кӯдак кушта шудааст. Ҳамзамон дар ҳамла ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қум 5 тан ва дар шаҳристони Баҳористони Теҳрон 13 тан ва 4 афсари Артиши Эрон кушта шудааст.

Шаҳри Ҳайфои Исроил пас аз ҳамлаи Эрон
Акс аз IDF

Ҳамлаҳои Эрон ба Исроил низ кушта доштааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаи рӯзи гузаштаи Эрон ба шаҳри Ҳайфои Исроил 4 нафар кушта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурусти Исроил танҳо шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон 133 тан маҳҷрӯҳ шуда, теъдоди умумии захмиён аз оғози даргирӣ ба 7 ҳазору 183 нафар расидааст.

Мақомоти Амрико низ гуфтаанд, 15 нерӯи ин кишвар дар пайи ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи амрикоии “Али ас-Салим” дар Кувайт давоми шаби гузашта маҷрӯҳ шудаанд. Фармондеҳи марказии Амрико гуфтааст, ки аз оғози даргирӣ бо Эрон 373 сарбози амрикоӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

0
Изображение сгенерировано ИИ

Дар ҳуҷҷате, ки дар пойгоҳи иттилоотиву ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, бунёди зерсохтори рақамӣ, рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ, рушди ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) ва амнияти сайберӣ, инчунин ташаккули низоми фанноваронаи экологӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар назар аст, ки таъмини рушди устувор бо ёрии воситаҳои ҳалли рақамӣ дар соҳаҳои гуногун ҷанбаи муҳим хоҳад буд, ки ба баланд бардоштани рақаботпазирии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ имкон медиҳад.

Самтҳ ои калидии барнома

Барномаи миёнамуҳлат ба як қатор самтҳои калидӣ равона шудааст:

Рушди зерсохтори рақамӣ. Аз рушди шабакаҳои 5G, бунёди марказҳои коркарди маълумот ва таъмини дастрасии васеъхат дар саросари кишвар иборат аст. Таъмини зерсохтор дар минтақаҳои дурдаст бахусус муҳим дониста мешавад.

Таҳсил ва омодакунии кадрҳо. Ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ барои рушди минбаъдаи имконоти инноватсионии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Бо ин мақсад барномаҳои нави омӯзиш таҳия шуда, марказҳои такмили ихтисос таъсис дода мешаванд.

Рушди ҳуши маснӯӣ ва соҳибкории рақамӣ. Дар ин самт ҷорисозии васеи ҳуши маснӯӣ пешбинӣ шудааст, ки ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ, нақлиёт, бахши кишоварзӣ ва соҳаи энергетика таъсир мерасонад. Рушди технологияҳои рақамӣ дар бахши соҳибкорӣ рушди стартапҳо (лоиҳаҳои нав) ва таъсиси ҷойҳои нави кориро таъмин месозад.

Амнияти сайберӣ ва ҳифзи маълумот. Бунёди низоми муҳофизат аз ҳамалҳои сайберӣ қисмати муҳими барнома шуморида мешавад, ки барои рушди иқтисоди рақамӣ дар шароити болоравии хавфҳои афзоянда дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷумлаи шартҳои муҳим мебошад.

Акс аз Asia-Plus

Ҳадаф ва вазифаҳои барнома

Ҳадаф аз татбиқи барнома бунёди низоми экологии иқтисоди рақамӣ унвон мешавад, ки афзоиши маҳсулнокӣ ва беҳбуди сифати ҳаёт ва дастрасӣ ба хадамот ва платформаҳои муосири рақамиро таъмин мекунад. Ҳамчунин барнома ба рушди инноватсияҳо, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва таҳкими шаффофият дар идоракунии давлатӣ равона шудааст.

Вазифаҳои асосӣ аз таҳкими заминаи ниҳодӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ, рушди зерсохтор барои беҳбуди дастрасӣ ва сифати хидматрасониҳои давлатӣ, ҳавасмандсозии соҳибкории рақамӣ ва фаъолияти инноватсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ миёни аҳолӣ иборат аст.

Маблағгузорӣ ва мониторинг

Амалисозии барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони байнулмилалӣ сурат мегирад. Дар назар аст, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ҳудуди 2366,8 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи нисбатан зиёдтар дар маблағгузорӣ ба дӯши шарикони байналмилалалӣ вогузор мешавад.

Оҷонсии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон барои амалисозии барнома масъул буда, мониторинг мегузаронад ва ҷараёни иҷрои чорабиниҳои пешбинишударо арзёбӣ мекунад.

Натиҷаҳои интизоридошта

Барнома ба беҳбуди назарраси рақмисозӣ дар кишвар нигаронида шудааст:

– афзоиши ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ;

– беҳбуди дастрасӣ ба интернет ва ҷорисозии технологияҳои нави 5G;

– бунёди платформаҳои муосири рақамӣ барои тиҷорат ва мақомоти давлатӣ;

– рушди низомҳои экологии стартапҳо ва ҷалби сармоягузорӣ.

Мушкилот ва чолишҳо

Муаллифони барнома зикр мекунанд, ки ҷараёни рақамисозӣ дар Тоҷикистон бо як қатор мушкилот, аз ҷумла сатҳи пасти саводнокии рақамӣ, захираҳои маҳдуд барои сармоягузорӣ ва начандон кофӣ бадани ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ дучор мешавад. Онҳо мушкоиоти таъмини амнияти сибериро, ки бояд дар ҳамаи марҳилаҳои рақамисозӣ афзалият дошта бошад, низ аз ҷумлаи ҷанбаҳои муҳим мешуморанд.

Дар назар аст, ки барнома барои рушди тиҷорат, соҳаи маориф ва идоракунии давлатӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, ҷорисозии технологияҳои иттилоотӣ ва рушди платформаҳои рақамӣ ба нисбатан пурсамар ва рақобатпазир шудани иқтисоди кишвар мусоидат мекунанд ва мавқеи кишварро дар арсаи беҳтар месозанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шасту якуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон кара буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

0

Ёқубҷон (Яъқубҷон) Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз маҳкумшудаҳо ба ҳукми абад дар доираи парвандаи ҳамла ба толори “Крокус сити ҳолл”-и Маскав дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст.

Дар ин бора хабаргузориҳои давлатии русии “ТАСС”, “РИА Новости” ва “РБК” шоми дирӯз, 6-уми апрел, бо такя ба Идораи зиндонҳои Русия гузориш дода, гуфтаанд, ки ин нафар Ёқубҷон Юсуфзодаи 37-сола аст. Тани беҷони ӯ аз ҳуҷраи боздоштгоҳ ёфт шудааст.

“6-уми апрел дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳи муваққатии №1 маҳбусе, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, бе нишонаҳои ҳаёт ёфт шуд. ӯ худкушӣ кардааст. Ба ҷои ҳодиса фавран корманди тиббии муассиса ҳозир шуданд, чораҳои эҳёгарӣ гузаронида шудд, аммо онҳо натиҷаи мусбат надоданд”, — омадааст дар изҳороти ин ниҳод ба расонаҳо.

Ба гуфтаи Идораи зиндонҳои Русия, ҳодиса тавассути камераҳои назоратӣ ошкор шуда, ин ниҳод тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Ёқубҷон Юсуфзода шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар қатори 14 нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Кумитаи тафтишотии Русия иддао карда буд, ки Юсуфзода барои таъмини ҳамлаварон бо ҷойи зист “тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст”. Ин ниҳод илова карда буд, ки як қисми пул баъд аз рух додани ҳодиса “ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шудааст”. 

Боз киҳо ба ҳукуми абад маҳкум шуда буданд?

Дар умум  дар доираи парвандаи ҳамла ба “Крокус” 15 тан барои ҳамеша зиндонӣ шуда, 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол ба ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳи низомие дар Маскав инҳоро ба ҳукми абад маҳкум кард:

  • Далерҷон Мирзоев;
  • Саидакрам Раҷабализода;
  • Фаридуни Шамсидин;
  • Муҳаммадсобир Файзов;
  • Умедҷон Солиев;
  • Мустақим Солиев;
  • Шаҳромҷон Гадоев,
  • Зубайдулло Исмоилов;
  • Ҳусейн Ҳамидов;
  • Муҳаммад Шарифзода;
  • Ёкубҷон Юсуфзода;
  • Лутфуллои Назримад;
  • Ҷумахон Қурбонов;
  • Ҳусен Медов;
  • Ҷабраил Аушев.

Ба ғайр аз Медов ва Аушев, ки шаҳрвандони Ингушистон ҳастанд, дигар ҳама шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Аз чап ба рост: Саидакрами Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов.
Акс аз АГН “Москва”

Ҳамчунин Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон, соҳиби манзиле низ, ки ба гуфтаи тафтишот, “аз мақсади ба иҷора гирифтани манзил огоҳ будааст”, ба 22 солу 10 моҳ зиндонӣ шудааст ва хонаи ӯро мусодира кардаанд.

Ҳамчунин, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, се узви як оилае, ки гуфта мешавад, ҳамлагарон аз онҳо мошини “Рено” харида, бо он баъди ҷиноят фирор кардаанд, ба шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам ва ба 22 солу 10 моҳ зиндон маҳкум шудаанд. Гарчанде чанд рӯз пеш аз ҳамла онҳо мошинро фурӯхта ва пас аз дидани мошин дар телевизион ба пулис муроҷиат карда будаанд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонида шавад.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздикони бархеяшон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бовар надоранд, онҳо даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Қаблан, масъулияти ҳамла ба толори консертии “Крокус”-ро гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон ба уҳда гирифта, онро “интиқом аз кофирон” хонда буд.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташхиси ройгон роҳандозӣ мегардад. Шаҳрвандон метавонанд давоми рӯз дар муассисаҳои тиббии маҳалли худ ташхису муоина ва машварати ройгон гиранд. Ин иқдом дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” сурат мегирад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1978 – Ноҳияи Қубодиён ташкил ёфт.

Соли 2008 – Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Соли 2009 – Додгоҳи олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки як гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддири фаромарзиро раҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Соли 2010 – Сарбозони мусаллаҳи марзбони Қирғизистон ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони тоҷик.

Тоҳир Тоҷибоев аз дасти чап

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.

Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.

Соли 1937 – Зодрӯзи Файзӣ Зикриёев, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.

Соли 1946 – Мавлуди Хушбахт Абдуназаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор

Соли 1974 – Самад Ғанӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 65-солагӣ даргузашт.

Самад Ғанӣ

Самад Ғанӣ хатмкардаи Дорулмуаллимини Самарқанд ва курси ходимони молияи Тошканд буда, таҳсилашро дар мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дод. Фаъолияти эҷодию журналистии ӯ аз солҳои 1930 оғоз ёфт. Дар давраи фаъолияташ муҳаррири як қатор нашрияҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ва моҳномаи ҳаҷвии “Хорпуштак” буд.

Номбурда на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи тавоно ва драматурги шинохта низ маҳсуб меёбад. Ӯ муаллифи як силсила асарҳои саҳнавӣ ва ҳаҷвист, ки дар байни онҳо драмаҳои “Ғалаба”, “Ватандӯстон”, “Тӯй” ва “Виҷдон” ҷойгоҳи махсус доранд. Бисёре аз ин асарҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Самад Ғанӣ ҳамзамон тарҷумони асарҳои муаллифони маъруфи хориҷӣ низ буд. Дар жанри ҳаҷв низ ӯ мавқеи хос дошт. Китобҳои ҳаҷвии ӯ, ба мисли “Гули хандон”, “Мавҷи шӯх” ва “Арвоҳ” дар ҷомеа маъруф буданд.

Соли 1975 – Мавлуди Низомиддин Муродӣ, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 2013 – Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи варзидаи публисистика ва устоди факултети журналистикаи ДМТ дар 56-солагӣ даргузашт.

Пайванди Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода, пажӯҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик буда, дар охири асри гузашта ва аввали асри нав бо таҳқиқоти илмиву публистистиаш дар илму адаб нақши мондагор гузошт ва ба қавли ҳампешагонаш, дар рушди худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон ҳам саҳми боризи худро гузошт.

Ӯ баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1992 то соли 1996 муовини декани факултети журналистика ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 декани факултети журналистикаи ДМТ буд.

Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Вай муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публисистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.

Дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо мекунед.

Соли 2021 – Рамзия Баққол, раққоса ва балетмейстери тоҷик дар синни 94 даргузашт.

Рамзия Баққол (Баккал), яке аз симоҳои санъати рақси тоҷик буда, ҳаёти худро пурра ба хореография бахшидааст. Фаъолияти ӯ соли 1947 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод оғоз ёфта, қариб 50 сол ҳамчун раққоси балет дар ҳамин театр кор кардааст.

Нақши Рамзия Баққол дар рушди хореографияи тоҷик назаррас аст. Сюитаи чорқисмаи “Зарбҳои диёри офтобӣ” ва рақсҳои мондагори “Ҷигарпора”, “Занг”, “Нағорабазм”, “Танавор” аз беҳтарин намунаҳои эҷодиёти ӯ мебошанд. Вай инчунин дар намоишнгомаҳои маъруф, аз ҷумла “Оршин мол-олон”, “Дилором”, “Рамояна”, “Фаввораи Боғчасарой” рақс иҷро кардааст.

Рамзия Баққол 7-уми апрели соли 2021 дар синни 94 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ аст. Маҳз дар ин рӯз, 7 апрели соли 1948 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъсис ёфтааст.

Ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масоили муҳими тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти саломатиро таъкид мекунад. Ҳар сол СУТ барои рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ шиори хосеро интихоб мекунад.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз ҳамасола рӯзи муоинаи ройгон ташкил мешавад.

Имрӯз Рӯзи пайдоиши Рунет (RuNet) аст.  Соли 1994 домени .ru барои Русия сабт ва ба пойгоҳи ҷаҳонии доменҳои миллӣ ворид гардид. Русия ба таври расмӣ ҳамчун кишвари намоянда дар интернет пазируфта шуд. То соли 2020 шумораи корбарони Рунет ба 118 миллион нафар расид. Ҳамчунин домени кириллии .рф низ ворид гардидааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 12+14º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.