Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Идибеки Саид, Asia-Plus

Эрон дар посух ба пешниҳоди Амрико дар бораи хатми ҷанг тарҳи худро дар 10 банд ба Покистон додааст, то онро ба Иёлоти Муттаҳида расонад. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА шаби гузаштаи 6-уми апрел гузориш дода, навиштааст, ки ин тарҳ “пас аз ду ҳафта баррасиҳои ҳамаҷониба дар сатҳҳои олии низом” таҳия шудааст.

Эрон дар посухи худ оташбаси муваққатро рад карда, “бар зарурати хотимаи доимии ҷанг бо риояти мулоҳизоти Эрон” таъкид кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷавоби Эрон маҷмуае аз дархостҳо, аз ҷумла “поёни даргириҳо дар минтақа, протоколи ҳаракати амн аз тангаи Ҳурмуз, бозсозӣ ва бардоштани таҳримҳо”-ро дарбар мегирад.

Осори ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Донишгоҳи Шарифи Теҳрон
Акс аз Hammihan newspaper

“Пешниҳоди ин матн пас аз он сурат гирифт, ки дар пайи таҳаввулоти рӯзи шанбе ва якшанбе дар манотиқи ғарбӣ ва марказии Эрон ва шикасти фоҷиабори амалиёти мутаҳаррики ҳавоии Амрико, Эрон бори дигар бартарии худро дар ҷанг нишон дод ва Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ бо тамдиди навбатии зарбулаҷали такрорӣ, аз таҳдидҳои қаблии худ ақибнишинӣ кард”, – навиштааст ИРНА.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” аз қавли ду мақоми эронӣ навиштааст, ки тарҳи Эрон барои поён додани ҷанг, аз ҷумла ҷорӣ кардани молиёт барои гузаштани киштиҳо (ҳудуди 2 миллион доллар) дар бар мегирад, ки онро бо Уммон, ки дар тарафи дигари ин гулӯгоҳ қарор дорад, тақсим мекунад.

Тибқи ин тарҳ, Эрон ба ҷойи дархости товони мустақим аз Амрико, ин даромадҳоро барои бозсозии зерсохтҳои равона мекунад, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил вайрон шудаанд.

“Эронро дар як шаб нобуд мекунем”. Таҳдиди дубораи Трамп

Ҳоло вокуниши расмии Вашингтон ба посухи Эрон маълум нест. Вале Доналд Трамп гуфтааст, ки пешниҳоди Эрон “ба андозаи кофӣ хуб нест, аммо ин як қадами муҳим аст”.

Доналд Трамп дар Кохи Сафед зимни нишасти хабарӣ, 6-уми апрел
Акс аз EPA

Ҳарчанд ӯ нагуфтааст, ки манзураш чӣ пешниҳоде аст, вале расонаҳои ғарбӣ ҳарфи ӯро ишора ба тарҳи 10-бандии Эрон маънидод кардаанд.

Раисҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ изҳор доштааст, ки ҳаргуна тавофуқи нав бо Эрон барои поён додан ба даргириҳо бояд шомили тазмини “озодии гузаштани нафт” аз тангаи Ҳурмуз бошад.

Дар ин баробар, ӯ, ки дар ҳошияи маросими мазҳабии иди пок (ҷашни Пасха) дар Вашингтон ба хабарнигорон суҳбат мекард, бо такрори таҳдидҳои худ барои ҳамла ба зерсохтҳои Эрон иддао кард, ки “тамоми Эронро метавон дар як шаб нобуд кард ва он шояд фардо шаб бошад”.

Доналд Трамп бо сафед кардани ҳамлаҳои Амрико ба Эрон муддаӣ шудааст, ки “метавонад ба нафъи мардуми одии Эрон бошад” ва илова кардааст, ки “онҳо омодаанд, барои дастёбӣ ба озодӣ сахтиро таҳаммул кунан”.

Идомаи ҳамлаҳо ва кушта шудани чанд тан аз ҳарду тараф

Бо вуҷуди таҳдидҳо ва изҳоротҳои тарафҳо, ҳамоно ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, аз ҷумла ба зерсохтҳои ғайринизомӣ идома дорад. Дар посух, Ҷумҳурии Исломӣ низ зарбаҳои худро ба Исроил ва пойгоҳои низомиву зерсохтҳои амрикоӣ дар кишварҳои Ховари Миёна идома медиҳад.

Расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки дар ҳамлаҳои рӯзи 6-уми апрели Амрикову Исроил ба Эрон чанд нафар куштау захмӣ шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамлаҳои ба вилояти Теҳрон 6 кӯдак кушта шудааст. Ҳамзамон дар ҳамла ба як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қум 5 тан ва дар шаҳристони Баҳористони Теҳрон 13 тан ва 4 афсари Артиши Эрон кушта шудааст.

Шаҳри Ҳайфои Исроил пас аз ҳамлаи Эрон
Акс аз IDF

Ҳамлаҳои Эрон ба Исроил низ кушта доштааст. Аз ҷумла, дар пайи ҳамлаи рӯзи гузаштаи Эрон ба шаҳри Ҳайфои Исроил 4 нафар кушта шудааст. Тибқи иттилои Вазорати тандурусти Исроил танҳо шабонарӯзи гузашта дар пайи ҳамлаҳои Эрон ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон 133 тан маҳҷрӯҳ шуда, теъдоди умумии захмиён аз оғози даргирӣ ба 7 ҳазору 183 нафар расидааст.

Мақомоти Амрико низ гуфтаанд, 15 нерӯи ин кишвар дар пайи ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи амрикоии “Али ас-Салим” дар Кувайт давоми шаби гузашта маҷрӯҳ шудаанд. Фармондеҳи марказии Амрико гуфтааст, ки аз оғози даргирӣ бо Эрон 373 сарбози амрикоӣ маҷрӯҳ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?