70% хариду фурӯши манзил дар пойтахт: “Somon.tj” бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистонро барои семоҳаи аввали соли 2026 арзёбӣ кард

“Somon.tj” – пойгоҳи №1 дар соҳаи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили бозорро барои семоҳаи якуми соли 2026 (Q1 2026) нашр кард. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бозор ҳамоно фаъол боқӣ монда, қисми асосии талабот ба пойтахт рост меояд. Аз рӯйи нишондиҳандаҳо, 71,4%-и хариду фурӯши манзил шаҳри Душанберо фаро мегирад, яъне қариб аз ҳар чор фурӯш […]

Маводи шарикон

“Somon.tj” – пойгоҳи №1 дар соҳаи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили бозорро барои семоҳаи якуми соли 2026 (Q1 2026) нашр кард. Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки бозор ҳамоно фаъол боқӣ монда, қисми асосии талабот ба пойтахт рост меояд.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳо, 71,4%-и хариду фурӯши манзил шаҳри Душанберо фаро мегирад, яъне қариб аз ҳар чор фурӯш сетояш маҳз дар пойтахт сурат мегирад. Ин нишондиҳанда бори дигар мақоми пойтахтро ҳамчун маркази асосии талабот, сармоягузорӣ ва шаҳрнишинӣ тасдиқ мекунад.

Шаҳри Хуҷанд бо 13,8% дар мақоми дуюм буда, дар зинаҳои баъдӣ шаҳру навоҳии зер қарор доранд:

 • Рӯдакӣ — 4,9%

 • Бохтар — 2,6%

 • Ваҳдат — 2,5%

 • Турсунзода — 2,1%

Мутахассисони “Somon.tj” қайд мекунанд, ки бозори минтақаҳо низ марҳила ба марҳила рушд мекунанд, аммо пойтахт ҳамоно муҳаррики асосии бозори амволи ғайриманқул боқӣ мемонад.

Нархи хона дар Тоҷикистон чанд аст?

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ арзиши манзил дар шаҳри Душанбе гаронтарин буда, нархи миёнаи хона тақрибан 850 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар як қатор минтақаҳо низ нишондиҳандаҳои наздик ба ин ба қайд гирифта шудаанд:

 • Ванҷ — 830 ҳазор сомонӣ;

 • Нуробод — 600 ҳазор сомонӣ;

 • Варзоб — 560 ҳазор сомонӣ;

 • Хоруғ — 540 ҳазор сомонӣ;

 • Ховалинг — 500 ҳазор сомонӣ;

 • Хуросон — 490 ҳазор сомонӣ;

 • Мӯъминобод — 460 ҳазор сомонӣ;

 • Исфара — 440 ҳазор сомонӣ;

 • Бӯстон — 430 ҳазор сомонӣ.

Тавре ки шарҳ медиҳанд, арзиши воқеии манзил аз масоҳат, ҳолати бино, таъмир ва ҷойгиршавии дақиқ вобаста аст.

“Somon.tj” то ҳол бузургтарин пойгоҳи эълонҳо дар кишвар боқӣ мемонад ва нишондиҳандаҳояш чунин аст:

 • зиёда аз 2 млн истифодабаранда;

 • беш аз 18 млн боздид дар як моҳ;

 • зиёда аз 500 ҳазор эълони фаъол ҳар рӯз.

Пойгоҳ бахшҳои гуногун – аз амволи ғайриманқул ва нақлиёт то ҷойи кор ва техникаро фаро мегирад.

Эълонҳои нав ва пешниҳодҳои муҳиму саривақтӣ оид ба амволи ғайриманқул дар саҳифаи асосии пойгоҳи “Somon.tj” дар бахши “Амволи ғайриманқул дар Somon.tj” дастрас аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.