Home Blog Page 10

Яке аз маҳкумшудагони ҳамла ба “Крокус” худкушӣ кардааст

0

Ёқубҷон (Яъқубҷон) Юсуфзода, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз маҳкумшудаҳо ба ҳукми абад дар доираи парвандаи ҳамла ба толори “Крокус сити ҳолл”-и Маскав дар боздоштгоҳ худкушӣ кардааст.

Дар ин бора хабаргузориҳои давлатии русии “ТАСС”, “РИА Новости” ва “РБК” шоми дирӯз, 6-уми апрел, бо такя ба Идораи зиндонҳои Русия гузориш дода, гуфтаанд, ки ин нафар Ёқубҷон Юсуфзодаи 37-сола аст. Тани беҷони ӯ аз ҳуҷраи боздоштгоҳ ёфт шудааст.

“6-уми апрел дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳи муваққатии №1 маҳбусе, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда буд, бе нишонаҳои ҳаёт ёфт шуд. ӯ худкушӣ кардааст. Ба ҷои ҳодиса фавран корманди тиббии муассиса ҳозир шуданд, чораҳои эҳёгарӣ гузаронида шудд, аммо онҳо натиҷаи мусбат надоданд”, — омадааст дар изҳороти ин ниҳод ба расонаҳо.

Ба гуфтаи Идораи зиндонҳои Русия, ҳодиса тавассути камераҳои назоратӣ ошкор шуда, ин ниҳод тафтиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Ёқубҷон Юсуфзода шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар қатори 14 нафари дигар ба ҳабси абад маҳкум шуда буд. Кумитаи тафтишотии Русия иддао карда буд, ки Юсуфзода барои таъмини ҳамлаварон бо ҷойи зист “тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст”. Ин ниҳод илова карда буд, ки як қисми пул баъд аз рух додани ҳодиса “ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шудааст”. 

Боз киҳо ба ҳукуми абад маҳкум шуда буданд?

Дар умум  дар доираи парвандаи ҳамла ба “Крокус” 15 тан барои ҳамеша зиндонӣ шуда, 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол ба ҳабс маҳкум шуданд. Додгоҳи низомие дар Маскав инҳоро ба ҳукми абад маҳкум кард:

  • Далерҷон Мирзоев;
  • Саидакрам Раҷабализода;
  • Фаридуни Шамсидин;
  • Муҳаммадсобир Файзов;
  • Умедҷон Солиев;
  • Мустақим Солиев;
  • Шаҳромҷон Гадоев,
  • Зубайдулло Исмоилов;
  • Ҳусейн Ҳамидов;
  • Муҳаммад Шарифзода;
  • Ёкубҷон Юсуфзода;
  • Лутфуллои Назримад;
  • Ҷумахон Қурбонов;
  • Ҳусен Медов;
  • Ҷабраил Аушев.

Ба ғайр аз Медов ва Аушев, ки шаҳрвандони Ингушистон ҳастанд, дигар ҳама шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Аз чап ба рост: Саидакрами Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов.
Акс аз АГН “Москва”

Ҳамчунин Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон, соҳиби манзиле низ, ки ба гуфтаи тафтишот, “аз мақсади ба иҷора гирифтани манзил огоҳ будааст”, ба 22 солу 10 моҳ зиндонӣ шудааст ва хонаи ӯро мусодира кардаанд.

Ҳамчунин, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, се узви як оилае, ки гуфта мешавад, ҳамлагарон аз онҳо мошини “Рено” харида, бо он баъди ҷиноят фирор кардаанд, ба шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам ва ба 22 солу 10 моҳ зиндон маҳкум шудаанд. Гарчанде чанд рӯз пеш аз ҳамла онҳо мошинро фурӯхта ва пас аз дидани мошин дар телевизион ба пулис муроҷиат карда будаанд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонида шавад.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздикони бархеяшон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бовар надоранд, онҳо даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Қаблан, масъулияти ҳамла ба толори консертии “Крокус”-ро гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон ба уҳда гирифта, онро “интиқом аз кофирон” хонда буд.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 апрели соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташхиси ройгон роҳандозӣ мегардад. Шаҳрвандон метавонанд давоми рӯз дар муассисаҳои тиббии маҳалли худ ташхису муоина ва машварати ройгон гиранд. Ин иқдом дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” сурат мегирад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1978 – Ноҳияи Қубодиён ташкил ёфт.

Соли 2008 – Дар назди бинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳайкали Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гузошта шуд.

Соли 2009 – Додгоҳи олии Тоҷикистон Суҳроб Лангариевро, ки як гурӯҳи қочоқбари маводди мухаддири фаромарзиро раҳбарӣ мекард, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Соли 2010 – Сарбозони мусаллаҳи марзбони Қирғизистон ба сокинони деҳаи Ворух ҳамла карданд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1909 – Зодрӯзи Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони тоҷик.

Тоҳир Тоҷибоев аз дасти чап

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.

Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.

Соли 1937 – Зодрӯзи Файзӣ Зикриёев, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.

Соли 1946 – Мавлуди Хушбахт Абдуназаров, муаррих, доктори илми таърих, профессор

Соли 1974 – Самад Ғанӣ, рӯзноманигор, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 65-солагӣ даргузашт.

Самад Ғанӣ

Самад Ғанӣ хатмкардаи Дорулмуаллимини Самарқанд ва курси ходимони молияи Тошканд буда, таҳсилашро дар мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дод. Фаъолияти эҷодию журналистии ӯ аз солҳои 1930 оғоз ёфт. Дар давраи фаъолияташ муҳаррири як қатор нашрияҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз ҷумла рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ва моҳномаи ҳаҷвии “Хорпуштак” буд.

Номбурда на танҳо рӯзноманигор, балки нависандаи тавоно ва драматурги шинохта низ маҳсуб меёбад. Ӯ муаллифи як силсила асарҳои саҳнавӣ ва ҳаҷвист, ки дар байни онҳо драмаҳои “Ғалаба”, “Ватандӯстон”, “Тӯй” ва “Виҷдон” ҷойгоҳи махсус доранд. Бисёре аз ин асарҳо дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Самад Ғанӣ ҳамзамон тарҷумони асарҳои муаллифони маъруфи хориҷӣ низ буд. Дар жанри ҳаҷв низ ӯ мавқеи хос дошт. Китобҳои ҳаҷвии ӯ, ба мисли “Гули хандон”, “Мавҷи шӯх” ва “Арвоҳ” дар ҷомеа маъруф буданд.

Соли 1975 – Мавлуди Низомиддин Муродӣ, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 2013 – Пайванди Гулмуродзода, муҳаққиқи варзидаи публисистика ва устоди факултети журналистикаи ДМТ дар 56-солагӣ даргузашт.

Пайванди Гулмуродзода

Пайванди Гулмуродзода, пажӯҳишгар, публитсист ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик буда, дар охири асри гузашта ва аввали асри нав бо таҳқиқоти илмиву публистистиаш дар илму адаб нақши мондагор гузошт ва ба қавли ҳампешагонаш, дар рушди худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии тоҷикон ҳам саҳми боризи худро гузошт.

Ӯ баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар саридораи ахбори радиои Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба сифати муҳаррир кор кард ва аз соли 1980 то охири умр ба ҳайси аспирант, муаллими калон, дотсент, докторант дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Аз соли 1992 то соли 1996 муовини декани факултети журналистика ва солҳои 1996-2001, 2005-2006 декани факултети журналистикаи ДМТ буд.

Пайванди Гулмуродзода муҳаққиқи варзидаи публитсистикаи ибтидои садаи 20-и тоҷик мебошад. Дар пажӯҳишҳояш масъалаҳои мактабу маориф, фарҳангу адаб, худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷойгоҳи хоса доранд. Вай муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публисистӣ, чандин дастуру воситаҳои таълимӣ аст.

Дар бораи Пайванди худшинос, пажӯҳишгар, ходими илм ва муҳаққиқи матбуот дар ин пайванд маълумоти бештар пайдо мекунед.

Соли 2021 – Рамзия Баққол, раққоса ва балетмейстери тоҷик дар синни 94 даргузашт.

Рамзия Баққол (Баккал), яке аз симоҳои санъати рақси тоҷик буда, ҳаёти худро пурра ба хореография бахшидааст. Фаъолияти ӯ соли 1947 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод оғоз ёфта, қариб 50 сол ҳамчун раққоси балет дар ҳамин театр кор кардааст.

Нақши Рамзия Баққол дар рушди хореографияи тоҷик назаррас аст. Сюитаи чорқисмаи “Зарбҳои диёри офтобӣ” ва рақсҳои мондагори “Ҷигарпора”, “Занг”, “Нағорабазм”, “Танавор” аз беҳтарин намунаҳои эҷодиёти ӯ мебошанд. Вай инчунин дар намоишнгомаҳои маъруф, аз ҷумла “Оршин мол-олон”, “Дилором”, “Рамояна”, “Фаввораи Боғчасарой” рақс иҷро кардааст.

Рамзия Баққол 7-уми апрели соли 2021 дар синни 94 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ аст. Маҳз дар ин рӯз, 7 апрели соли 1948 Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъсис ёфтааст.

Ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба масоили муҳими тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи мушкилоти саломатиро таъкид мекунад. Ҳар сол СУТ барои рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ шиори хосеро интихоб мекунад.

Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин рӯз ҳамасола рӯзи муоинаи ройгон ташкил мешавад.

Имрӯз Рӯзи пайдоиши Рунет (RuNet) аст.  Соли 1994 домени .ru барои Русия сабт ва ба пойгоҳи ҷаҳонии доменҳои миллӣ ворид гардид. Русия ба таври расмӣ ҳамчун кишвари намоянда дар интернет пазируфта шуд. То соли 2020 шумораи корбарони Рунет ба 118 миллион нафар расид. Ҳамчунин домени кириллии .рф низ ворид гардидааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 12+14º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 7+9º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Виҷдонам ором намегузорад…”. Ҷанги зидди Эрон поёни кори се мансабдори воломақоми Амрико шуд

Коллаж asia+

Дар сояи ҷанги беш аз як моҳа алайҳи Эрон, се мансабдори баландпояи амрикоӣ ба кори худ анҷом доданд. Рӯзи 2-юми апрел ду нафар – Додситони кулли Амрико Пэм Бонди ва Раиси Ситоди артиши заминии Амрико генерал Рэнди Ҷорҷ барканор шуданд. Пеш аз ин, 17-уми март, директори Маркази миллии мубориза бо терроризм Ҷо Кент бо истеъфои ошкор ва эътирозомез кори худро тарк карда буд.

Ҷанге, ки дар 48 соат тамом мешуд, беш аз як моҳ тӯл кашид

Рӯзи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба хоки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамлаи таҷовузкорона анҷом доданд. Дар 12 соати аввал зиёда аз 900 зарба ба шаҳрҳои гуногуни Эрон расид. Раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ ва даҳҳо мансабдори дигар дар ин зарбаҳо кушта шуданд.

Сарвари истихбороти Исроил Дэвид Барнеа гуфта буд, ки баъд аз чанд рӯзи зарбаҳо ва куштани роҳбарони Эрон, мардуми ин кишвар ба кӯча мебароянд, эътироз мекунанд ва худашон ҳукуматро иваз менамоянд. Ин нақшаро “тарҳи Венесуэла” меномиданд.

Аммо он татбиқ нашуд. Чанд ҳафта баъди оғози ҷанг таҳлилгарон ҳеҷ нишонаи ҷиддии шикаст дар низоми Эронро надиданд. Рӯзи 3-юми март Трамп гуфт, ки амалиёт барои “чор то панҷ ҳафта” пешбинӣ шудааст, аммо ҳадафҳои ҷанг дар тӯли ҳамон ҳафтаҳо борҳо тағйир ёфт: аз сарнагун кардани низом, то нест кардани барномаи ядроӣ, аз кушодани Тангии Ҳурмуз то ёриталабӣ аз кишварҳои НАТО ва Аврупо.

Се мансабдори ИМА барканор шуданд

Баъди 5 ҳафта мушкилоти зиёде сари Амрико омад ва дар ниҳоят дар пасманзари ин ҷанг то кунун се мансабдори калидии ИМА ба кори худ поён доданд.

Аз ҷумла, рӯзи 2-юми апрел генерал Рэнди Ҷорҷ, ки ҳамчун 41-умин раиси Ситоди артиши заминии Иёлоти Муттаҳида хидмат мекард, аз вазифааш барканор шуд. Ӯ як генерали пуртаҷрибаи дорои рутбаи “чорситора” буда, собиқаи тӯлонии хидмат дар қисмҳои гуногуни низомиро дорад.

Генерал Рэнди Ҷорҷ, AP Photo/Julia Demaree Nikhinson

Яке аз нуктаҳои ҷолиб дар зиндагиномаи касбии ӯ ин аст, ки вай тавонист дар мавҷи аввали барканориҳои оммавӣ дар моҳи феврали соли 2025, вақте вазири дифоъ Пит Хегсет бисёре аз генералони баландпояро аз кор ронд, мақоми худро ҳифз кунад.

Бино ба гузоришҳо, Пит Хегсет аз генерал Ҷорҷ талаб кардааст, ки “фавран” ба нафақа барояд. Сухангӯи Пентагон Шон Парнелл ин хабарро расман тасдиқ карда, изҳор дошт: “Генерал Ҷорҷ аз вазифаи 41-умин раиси Ситоди артиши замин фавран бознишаст мешавад”.

Бо вуҷуди ин, дар изҳороти расмӣ ягон сабаби мушаххаси ин тасмим зикр нашудааст.

Дар пайи ин таҳаввулот, муовини Ҷорҷ – генерал Ҷеймс Мингус низ пеш аз муҳлат ба нафақа рафт. Доналд Трамп аллакай номзадии генерал – лейтенант Кристофер ЛаНевро барои ишғоли ин мансаби калидӣ пешниҳод кардааст.

Мувофиқи гузориши NPR ва CBC News, барканории Ҷорҷ рӯзе рух дод, ки Трамп дар бораи ҷанги Эрон суханронӣ карда, дар он бурду бохти ҷангро гуфт. Баъди як рӯзи ин “натиҷагирӣ” раиси Ситоди артиши заминии Амрико ба нафақа гусел шуд.

Додситони кулли Амрико ҳам аз мансаб барканор шуд

Ғайр аз ин, рӯзи 2-юми апрел Пэм Бонди, Додситони кулли Амрико, ки яке аз чеҳраҳои калидии низоми ИМА ва дӯсти Трамп маҳсуб мешуд,аз вазифа барканор шуд.

Пэм Бонди пеш аз ин ду давра Додситони генералии иёлати Флорида буд. Ӯ дар нахустин муҳокимаи барканории Трамп ҳамчун вакили дифои шахсии ӯ баромад карда буд. Трамп ӯро дар охири соли 2024 ба унвани Додситони кулли Амрико пешниҳод кард ва Сенат онро тасдиқ намуд. Ӯ аз камтарин занҳое буд, ки ба ин вазифа расид.

Пэм Бонди

Бонди дар тӯли кораш дар Додситонӣ тағйироти куллӣ анҷом дод. Аз ҷумла, дар ин “иқдом”-и худ ҳамаи додситонҳо ва муфаттишонеро, ки шӯриши рӯзи 6-уми январи соли 2021-ро тафтиш кардаву алаҳи Трамп парванда боз намуда буданд, аз кор ронд

Инчунин, Пэм Бонди ду бахши муҳими Вазорати адлияи Амрико – Бахши мубориза бо фасод ва Бахши ҳуқуқи маданиро зери қаноти худ гирифту чеҳраҳои дар парвандаи Трамп дастдоштаро бо роҳҳои гуногун аз маснад барканор кард.

Додситонии кулл зери роҳбарии Бонди алайҳи собиқ директори FBI (Бюрои федералии тафтишот) Ҷеймс Кими ва Додситони генералии иёлати Ню-Йорк Летисия Ҷеймс парвандаҳои ҷиноятӣ кушод, аммо додрасҳо ҳарду парвандаро рад карданд, зеро додситоне, ки ин парвандаҳоро боз карда буд, “дастнишондаи Пэм Бонди” гуфта мешуд.

Бонди чаро барканор шуд?

Бонди дуюмин узви кабинети Трамп буд, ки рӯзи 2-юми апрел дар ин давра аз вазифа барканор шуд. Трамп дар паёми “Truth Social” навишт, ки Бонди “ватандӯсти бузурги Амрико” аст ва ба кори хусусӣ мегузарад, аммо ягон сабаби расмӣ зикр накард.

Ба навиштаи расонаҳо, барканории Додситони кулли Амрико агар аз як сӯ ба пурра таҳқиқ нашудани парвандаи Ҷеффри Эпштейн рабт дошт, аз сӯйи дигар хостаҳои Трампро пиёда карда натавонист.

Таҳлилгарон, ғайр аз ин ду, инчунин, гуфтаанд, ки барканории Бонди ба ҷанги зидди Эрон ҳам рабт дошт. Ба навиштаи Washington Examiner, Трамп дар як ҳафтаи пур аз танқид дар бораи ҷанги Эрон мехост аз мансабдоре, ки “сарлавҳаҳои манфӣ” тавлид мекард, халос шавад. Яъне, барканории Бонди як паёми рӯшан ба дохил ва берун буд: “дар ин рӯзҳои ҷангӣ суст ва нокофӣ кор карданро намебахшам”.

Мувофиқи гузориши CNN, Трамп мегӯяд, Бонди душманони сиёсии ӯро ба андозаи кофӣ таъқиб накардааст, ки далели он парвандаҳои Ҷеймс Кими ва Летисия Ҷеймс ҳастанд.

Ҳоло Тодд Бланш, ки қаблан вакили дифои Трамп буд, муваққатан Додситони кулли Амрико шудааст.

Ҷо Кент – ягона мансабдори ошкоро эътирозкардаи Амрико

Аз ин пештар Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба ҷанги Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон аз мақоми худ истеъфо дод.

Ҷозеф Кент

Ӯ то кунун ягона мансабдори баландпояи Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба таври ошкоро эътироз карда, истеъфо дод. Кент рӯзи 17-уми март, дар саҳифаи “Х”-аш навишт, ки “ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам”.

“Эрон барои кишвари мо ҳеҷ таҳдиди фаврие эҷод накарда буд. Маълум аст, ки мо ин ҷангро аз сабаби фишори Исроил ва лоббии пурқудрати амрикоии он оғоз кардем”, – гуфт ӯ.

Номбурда дар идома аз собиқаи “11 маротиба ба майдонҳои ҷанг” фиристода шудани худ ва кушта шудани ҳамсараш Шеннон Кент дар ҷанге, ки онро Ҷозеф Кент “сохтаи дасти Исроил” номидааст, ёдрас шуда, гуфт, ки “наметавонам аз фиристодани насли оянда барои ҷангидан ва мурдан дар ҷанге, ки барои мардуми Амрико ҳеҷ суде надорад ва шарҳе барои арзиши ҷони амрикоиҳоро тавҷеҳ намекунад, пуштибонӣ кунам”.

Ҳамсари Ҷозеф Кент мутахассиси рамзнигорӣ дар Нерӯҳои дарёии Амрико буд ва соли 2019 дар ҷанг зидди ДОИШ дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Манбиҷи Сурия кушта шуд. Ба навиштаи расонаҳо, ин ҳамларо ДОИШ ҳамон сол бар уҳда гирифтааст.

Мувофиқи гузориши Defense One, Кент ба ҳамтоёни худ дар ҷунбиши MAGA низ муроҷиат кард ва гуфт, ки ин ҷанг бар хилофи ваъдаҳои Трамп аст.

Ҷо Кент ҳоло 45 сол дорад ва моҳи феврали соли 2025 раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико таъин шуда буд.

Агарчи қурбонии сангин дод, вале нашикаст

Дар тарафи дигари ин ҷанг, Эрон низ роҳбарони зиёдеро аз даст дод. Раҳбари олӣ Алӣ Хоманаӣ, вазири мудофиа Азиз Насирзода, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Муҳаммад Покпур, котиби Шӯрои мудофиа Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ Алӣ Лориҷонӣ, вазири иттилоот Исмоил Хатиб ва чанд мансабдори баландпояи дигар кушта шуданд. Аммо низоми он ҳанӯз пойбарҷост.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад? Дар ин маводи мо маълумоти муфассал дарёбед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

0

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Кӯлобро барои содир кардани чанд ҷиноят, аз ҷумла, муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста, 23 сол равонаи зиндон кардааст. Аз ӯ Имомуддин Исломзодаи 56-сола ном бурда мешавад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси Суғд дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки додгоҳ Исломзодаро бо 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқ ва сохтакории далелҳо айбдор кардааст.. 

“Имомуддин Исломзода барои “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ” (моддаи 200 қисми 4 бандҳои  “в” “д”), қочоқ (моддаи 289, қисми 3), ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон (моддаи 335, иловаи 1 қисми 2  бандҳои  “г” “д”), ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан (моддаи 358 қисми 3) ва сохтакории далелҳо (359 қисми 3 бандҳои “а”  “б”) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Ҷузъиёти дигари қазия маълум нест.

Назари маҳкумшуда ва назикону вккили дифяш низ датсрас нест. Ҳамчунин, дар гузориш гуфта нашудааст, ки Исломзода кай боздошт шуд, ҳукми додгоҳ нисбати ӯ кай содир шуд ва номбурда мушаххас ба кадом кирдор даст задааст.

Намогирифт аз гузориш

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар кишвар даҳҳо нафар бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошту зиндонӣ мешаванд. Аз ҷумла, моҳи гузашта мақомоти амнияти Тоҷикистон ду аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин боздошт карда, аз онҳо 58 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва героин мусодира кардаанд.  Маводи мухаддирро қочоқбарони афғонистонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Тибқи иттилои Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин, 2 тоннаву 742 килограмаш (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дарёфт шудааст.

Ҳамзамон, соли 2025 дар Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноӣ (соли 2024 – 32 гурӯҳ) дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ шудааст. Дар ин давра 132 парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир нисбати 180 нафар баррасӣ ва ба додгоҳҳо ирсол кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

0

Маҷид Ходимӣ, раиси Созмони иттилоот ё истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон кушта шудааст. Сипоҳ бо нашри баёнияе гуфт, ки ӯ субҳи имрӯз, 6-уми апрел, дар ҳамлаи Амрико ва Исроил ҷон бохт.

Соате пас аз ин, Артиши Исроил масъулияти куштани Ходимиро бар уҳда гирифта, гуфтааст, ки ӯ шаби якшанбе дар “қалби Теҳрон” ҳадаф қарор гирифт.

Маҷид Ходимӣ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои раиси Созмони ҳифозати иттилооти Сипоҳи посдорон ва раиси Созмони ҳифозати иттилооти Вазорати дифоъ ва пуштибонии Нерӯҳои мусаллаҳи Эронро низ кор карда буд.

Қаблан, дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Теҳрон Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон ва теъдоде аз фармондеҳони баландпояи Эрон, мисли Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии дифоъ, Азиз Насирзода, вазири дифоъ, Муҳаммад Покпур, фармондаи кулли Сипоҳи посдорон Абдурраҳим Мусавӣ, раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ, Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи Созмони “Басиҷ”-и Сипоҳи посдорон, Исмоил Хатиб, вазири иттилоот (истихборот) ва дигарон кушта шуданд.

 Бо гузашти беш аз як ҳафта аз кушта шудани Алии Хоманӣ, ба курсии роҳбари олии Эрон Муҷтабо Хоманаӣ, яке аз фарзандони ӯ интихоб  шуд. Маълум нест, ки ба ҷои ҳамаи фармондеҳони кушатшуда, нафарони нав таъин шудаанд ё не.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба таҷовуз ба хоки кишварашон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба заданд. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло 38-ум рӯзи ҷанг дар Ховари Миёна бо ҳамлаҳои тарафҳо идома дорад.

Бархилофи бисёре аз низомҳои дигар, куштори раҳбар дар Эрон боиси фурӯпошии ногаҳонии низоми давлатдорӣ нашуд ва Ҷумҳурии Исломӣ ба зарбаҳои сахт тоб овард. Ҳоло дар ин кишвар сохторе шакл гирифтааст, ки дар он қудрат бештар низомӣ шуда, маркази тасмимгириҳо ба сӯи ниҳодҳои амниятӣ ва афроди дорои собиқаи низомӣ кӯчидааст. Дар ин матлаби мо хонед, ки “Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ширкати Bonoor барои рақамисозии тиҷорат ва бахши давлатӣ дар Тоҷикистон низоми ҳуши маснӯиро муаррифӣ кард

Ин як оҷонсии мустақили ҳуши маснӯӣ барои худкорсозии фарояндҳо дар бахшҳои давлатӣ ва ширкатҳо аст. Ин роҳкор аллакай ба зерсохтҳои рақамии Тоҷикистон созгор шудааст ва дар бахшҳои  B2G, B2B ва B2C дастрас мебошад.

Мувофиқи таҳқиқоти ширкати “Bonoor”, то 70%-и вақти кории кормандон дар муассисаҳои давлатӣ сарфи вазифаҳои такрорӣ мешавад: коркарди ҳуҷҷатҳо, мувофиқа ва тасдиқ, ҷустуҷӯӣ маълумот, таҳияи ҳисобот ва муошират. Ин фарояндҳо соатҳо ва баъзан ҳатто рӯзҳо замон мебаранд.

Пойгоҳи “Агентум” ин мушкилро ҳал карда, замони анҷоми чунин вазифаҳоро аз соатҳо ба дақиқаҳо коҳиш медиҳад. Пойгоҳ бо истифода аз моделҳои пешрафтаи забонии “Bonoor LLM”, бо системаҳои мавҷуда, аз ҷумла, низоми давлатии гардиши электронии ҳуҷҷатҳои Тоҷикистон ҳамгиро мешавад.

– Худкорсозии гардиши ҳуҷҷатҳо: ҳамгироӣ бо низоми гардиши электронии ҳуҷҷатҳо барои коркарди ҳуҷҷатҳои воридотӣ, таҳияи посухҳо, ҳамоҳангӣ ва имзо;

– Ҷустуҷӯ ва таҳлили ҳушманд: ҷустуҷӯӣ босуръати маълумот дар пойгоҳи додаҳо, ҳуҷҷат ва интернети ҳамроҳ бо таҳлил ва сохторбандии натиҷаҳо;

– Эҷоди мундариҷа: таҳияи ҳисоботҳо, презентатсияҳо, шартномаҳо, мактубҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо тибқи меъёрҳои додашуда;

– Коркарди додаҳо: таҳлили ҷадвалҳо, ҳисоботҳои молиявӣ ва маълумоти оморӣ бо шиносоии қонуниятҳо ва тамоюлҳо;

– Дастгирии чандзабона: кор бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо бо дарназардошти хусусиятҳои фарҳангии минтақа;

– Ҳамгироӣ бо системаҳои беруна: пайвастшавӣ ба CRM, ERP, барномаҳои муҳосибӣ ва зиёда аз 160 замимаи дигар;

– Эҷоди ройгони чат-ботҳои ҳушманд барои ҳар гуна ҳадафҳо дар доираи пойгоҳи “Agentum”;

– Амният ва махфият: коркарди маҳаллии додаҳо ва мутобиқат ба талаботи амнияти иттилоотӣ.

Асосҳои фанноварӣ ва бартариҳо

Пойгоҳи “Agentum” бар пояи моделҳои забонии ихтисосии “Bonoor”, яъне “Bonoor LLM” сохта шудааст, ки ба таври вижа барои дарки заминаи фаъолиятҳои тиҷорӣ ва давлатӣ дар Осиёи Марказӣ такмил дода шудаанд. Пойгоҳ аз инҳо истифода мебарад:

– Меъмории барномаҳои худкор: қобилияти иҷрои вазифаҳои мураккаби чандмарҳилавӣ бидуни назорати доимии инсон;

– Хотираи заминавӣ: нигоҳдории таърихи ҳамкорӣ ва афзалиятҳои корбар;

– Абзорҳои дунёи воқеӣ: дастрасӣ ба браузер, ҳуҷҷатҳо, API ва дигар манбаъҳо;

– Омӯзиши татбиқӣ: такмили доимӣ дар асоси фикру мулоҳизаҳо ва додаҳои нав.

“Agentum” – ин танҳо чат-бот нест, балки як корманди рақамии комил мебошад, ки метавонад вазифаҳои такрориро ба уҳда бигирад ва вақти мутахассисонро барои қарорҳои роҳбурдӣ озод кунад. Мо ифтихор дорем, ки роҳкори эҷодкардаамон дақиқан бо ниёзҳои Тоҷикистон созгор аст ва хусусиятҳои гардиши ҳуҷҷатҳо ва фарояндҳои касбукори маҳаллиро дар назар мегирад”, – мегӯяд Шариф Абдуллоев, муассис ва директори кулли ширкати “Bonoor”.

Пойгоҳ вохӯриҳоро сабт мекунад, ба таври худкор суратҷаласаҳоро таҳия карда, мувофиқаҳоро ба вазифаҳо табдил медиҳад. Ҳеҷ чиз аз даст намеравад ва ҳама чиз таҳти назорат аст. Идоракунӣ низ мустақиман тавассути “Telegram” сурат мегирад: шумо метавонед вазифа гузоред, иҷроишро пайгирӣ кунед ва натиҷаро бидуни истифодаи системаҳои зиёдатӣ ба даст оред.

Фарояндҳои манбаъи ҳуҷҷатҳо низ худкор шудаанд: таҳлили хулосаҳо, мусоҳибаҳои аввалия ва ироаи пешниҳодҳо барои рушди кормандон. Дар натиҷа, тиҷорат ба низом, шаффофият ва назорат бидуни печидагии изофӣ даст меёбад

“Agentum” роҳи сода барои эҷоди низом дар ширкат ва суръати рушди он аст.

Бахшҳои корбурд

Бахши давлатӣ (B2G) – Коркарди муроҷиатҳои шаҳрвандон, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, таҳлили маълумоти оморӣ, худкорсозии ҳисоботдиҳӣ;

Ширкатҳо (B2B) – Худкорсозии гардиши ҳуҷҷатҳо, таҳлили қарордодҳо, таҳияи пешниҳодҳои тиҷорӣ, таҳқиқи бозор;

Бахши истеъмолӣ (B2C) – Ёварони шахсӣ барои соҳибкорон, кумак дар таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, мушовара дар масъалаҳои ҳуқуқӣ.

Тавсеаҳои ҳамзамони “Bonoor Group”: “Medex” дар соҳаи тандурустӣ

Ҳамзамон бо “Agentum”, таҳиягарони “Bonoor Group” низоми чандомилаи “Medex”-ро дар соҳаи ташхиси рентгенӣ рушд медиҳанд.

Бар асоси натиҷаҳои муқоисавӣ, ин низом аз ҳамаи намунаҳои шабеҳи мавҷуда дар ҷаҳон пеш гузаштааст.

Дар озмоишҳои клиникӣ бо мушорикати маркази ҳамгироии “Синергия” ва Маркази байналмилалии тиббӣ, нишондиҳандаи ҳамгироии коршоямии  муолиҷа ба 98,2% расида, комилан бо назари пизишкон мутобиқат дошт.

Дар бораи “Bonoor Group”

“Bonoor Group” як ширкати фанноварӣ аст, ки дар заминаи тавсеаи роҳкорҳои ҳуши маснӯӣ тахассус дорад. Мутахассисони ширкат дорои ин дастовардҳо мебошанд:

– 5 сабти ихтироъ дар соҳаи ҳуши маснӯӣ, коркарди додаҳо ва барномаҳои компютерӣ;

– Узвият дар Эътилофи ҳуши маснӯӣ, ки яке аз иттиҳодияҳои пешсафи соҳавӣ аст;

– Сабт дар феҳристи ширкатҳои фанноварии Русия;

– Дастаи коршиносони ботаҷриба дар омӯзиши мошинӣ (machine learning), додаҳо ва таҳияи низомҳои шарокатӣ.

“Bonoor Group” ҳалли наворваронаи ҳуши маснӯиро барои табдили рақамии тиҷорат ва идоракунии давлатӣ таҳия мекунад. Ширкат донишҳои амиқи бозори маҳаллиро бо фанновариҳои пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муттаҳид месозад.

Нақшаҳои баъдӣ

– Васеъ намудани имкониятҳои “Agentum” барои соҳаҳои нав

– Ҳамгироӣ бо низомҳои давлатии бештар дар Тоҷикистон

– Иҷрои лоиҳаҳои пилотӣ дар ниҳодҳои давлатӣ

– Тавсеаи шабакаи шарикӣ барои мутобиқсозии роҳкорҳо дар касбукор

– Густариши байналмилалӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Иттилои бештар ва тамос

Сомонаи расмӣ: https://bonoor-group.com⁠

Пойгоҳи Agentum: https://bonoor.com⁠

Email: [email protected]

Телефон: +992 (55) 500-07-26

Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии озодии интернет беҳтар шудааст

0
Свобода в интернете club.dns-shop.ru

Дар радабандии ҷаҳонии озодии интернет, ки аз сӯи созмони “Cloudwards” таҳия шудааст, миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи беҳтаринро Тоҷикистон ба даст овардааст. Нишондиҳандаи бадтаринро дар минтақа Туркманистон нишон додааст. Дар ин бора хабаргузории “Фарғона” иттилоъ медиҳад.

Таҳлилгарони ин созмон, давлатҳоро тибқи 4 нишондиҳандаи калидӣ арзёбӣ карданд:

  • – дастрасӣ ба хадамоти табодули маълумот, боргирӣ;
  • – имкони боздид аз сомонаҳои дорои мундариҷа барои калонсолон;
  • – озодии изҳори андеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар майдонҳои интернетӣ;
  • – мавҷуд будан ё набудани қатъи VPN.

Ба ҳар як кишвар мувофиқи ҷадвали аз 0 то 100 балл дода шудааст. Чӣ қадре, ки нишондиҳанда баланд бошад, ҳамон қадр корбарон худро дар интернет озод ҳис мекунанд.   

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон бо касби 56 балл пешсаф шуда, тақрибан дар байн радабандии умумӣ қарор гирифтааст. Барои муқоиса, Амрико 64 балл гирифтааст.

Сатҳи озодии интернет дар Қирғизистон 63 балл баҳогузорӣ шудааст. Боқимонда кишварҳои минтақа дар зинаҳои поинтар ҷойгир шудаанд. Қазоқиситон 36 балл ва Ӯзбекистон 24 балл касб кардаанд. Коршиносон ба ин монанд ниҳшондиҳандаро ба Афғонистон низ додаанд.

Нишондиҳандаи пасттарин дар минатқаи Осиёи Марказӣ ба Туркманистон – 16 балл дода шудааст. Таҳиягарони радабандӣ зикр мекунанд, ки ба кишварҳои дорои нишондиҳандаи аз 20 балл паст назорати интернет ва маҳдудияти дастрасӣ ба шабака ва сомонаҳои ҷудогона хос аст.

Кореяи Шимолӣ, ки 0 балл гирифтааст, кишвари мутлақи бадтарин аз лиҳози озодии дастрасӣ ба интернет дониста шудааст.

Дар мақомҳои каме болотар Русия, Эрон, Чин ва Покистон қарор дошта, ҳар кадоме аз ин кишварҳо 4 балл касб кардааст. Тибқи маълумоти таҳқиқот, дар ҳеҷ кадоме аз нишондиҳандаҳо дастрасии пурра вуҷуд надошта, қатъи дастрасӣ ба платформаҳое чун Facebook ва YouTube ба таври васеъ амалӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳеҷ як кишвари ҷаҳон балли ҳадди ниҳоии 100-ро касб накардааст. Бо натиҷаи 92 балл 11 кишвар пешсафаи радабандӣ дониста шудаанд. Аксари онҳо кишварҳои аврупоӣ мебошанд:

  • Белгия;
  • Дания;
  • Финландия;
  • Исландия;
  • Лихтенштейн;
  • Норвегия;
  • Словакия;
  • Зеландияи Нав;
  • Коста-Рика;
  • Суринам;
  • Тимори Шарқӣ.

Муаллифони таҳқиқот таъкид месозанд, ки танзими оқилонаи интернет метавонад муфид бошад, масалан барои мубориза бо барангехтани бадбинӣ, ҳифзи гурӯҳҳои осебпазир, муқовимат ба паҳншавии ахбори бардурӯғ ва мундариҷаву муҳтавои хатарнок. Аммо ба гуфтаи онҳо, дар як қатор кишварҳо чунин тадбирҳо ба назорати беҳад зиёду қатъӣ (сензура) табдил меёбанд.

Дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон танҳо барои нашр ё изҳори ақида дар интернет то ба ҳабс маҳкум мешаванд.

Беҳтар арзёбӣ кардани Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар ҳолест, ки дар кишвар ҳамасола даҳҳо кас барои гузштани лайку навиштани шарҳ ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ ва ё таъқиб мешаванд. Ин аст, ки соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ барои “лайк”-у бознашри матолиб дар интернетро интиқод кард ва дертар он дар сатҳи қонунгузорӣ бекор шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

0

Додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, ки шаби 1 ба 2-юми апрел бо хоҳараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаҳри Кӯлоб ба таври мармуз кушта шуданд, бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Як манбаъ аз додситонии шаҳр ба “Азия-Плюс” ҷузъиёти куштори ин се тан ва раванди тафтиши қазияро шарҳ дод.

Манбаъ афзуд, ки Валӣ Сафаралии 32-сола, сокини деҳаи Назарбойи ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буда, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе дар нуқтаи фурӯши орд боркашӣ мекард.

Ба иттилои манбаъ, гумонбар бо ҳамсараш Зуҳро Қурбонова мунтазам ҷанҷол карда, пас аз як муноқиша дар моҳи декабри соли гузашта, ҳамсараш бо ду фарзандаш ба Кӯлоб ба хонаи волидонаш рафтааст. Валӣ Сафаралӣ “аз рафтори ҳамсараш норозӣ гардида, қасди аз ҳаёт маҳрум сохтани Зуҳро Қурбонова пайдо ва нақшаи содир кардани кушторро тарҳрезӣ кардааст”.

Намояндаи додситонӣ гуфт, гумонзад рӯзи 1-уми апрел ба шаҳри Кӯлоб рафта, аз маркази шаҳр корд харида, шабона дар наздикии хонаи волидони ҳамсараш ҳозир шудааст.  

“Соати 2-и шаби 2-юми апрел пинҳонӣ ба ҳавлӣ ворид шуда, бо корд 5 маротиба ба қафаси сина ва шиками хоҳари ҳамсараш Тахминаи Шоҳмаҳмад, ки ҳомиладор буда, барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт, задааст. Дар як вақт, ӯ ба қафаси синаи ҳоҳарзодаи ҳамсараш, Абубакр Қурбонови 6-сола, ки дар паҳлуи Таҳмина хоб буд, 2 бор корд задааст. Аз садои имдодхоҳии онҳо Зуҳро Қурбонова, ки дар ҳуҷраи дигар бо ду фарзандаш хоб буд, омадааст, ки  гумонбар ба қафаси сина ва дигар аъзои бадани марҳум 4 бор корд задааст”,-гуфтанд аз Додситонии шаҳри Кӯлоб.

Ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасондааст. Маълум нест, ки ангезаи куштори Таҳминаи Шоҳмаҳмад ва Абубакри 6-сола чӣ аст.

Ба гуфтаи манбаъ Зуҳро ва Таҳмина дар ҷои ҳодиса ва Абубакри хурдсол дар Беморхонаи вилоятии клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб аз дунё гузаштаанд. Абубакр Қурбонов, писари Фотима Қурбонова, хоҳари дигарии занони кушташуда мебошад, ки дар замони ҳодиса дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доштааст.

Манбаъ гуфт, мақомот 2-юми апрел, соати 10:15 гумонбар Валӣ Сафаралиро  дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир ва ба додситонии Кӯлоб оварда шудааст. Алайҳи гумонзад бо иттиҳомӣ одамкушӣ (моддаи 104, қисми 2, бандҳои “а,в,д,е,л” -и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Бар асоси ин иттиҳом ба гумонбар аз 15 то ҳабси абад ҷазо таҳдид мекунад. Назари гумонбар ва пайвандони марҳум дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Аз Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, дар раванди тафтишот “корди хоҷагӣ бо изҳои сурхи ба хун монанд ва дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла либосҳои хунолуди Сафаралӣ Валӣ дарёфт шуда, барои ташхис фиристода шудаанд”. Инчунин ҷабрдида Қурбонов Ш. ва дигар шоҳидони ҳодиса пурсида шудаанд. Тафтиши ҳодисаро ин ниҳод пеш мебарад.

Бояд гуфт, ки дар бораи куштори ду зан ва як кӯдаки хурдсол бори аввал Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ гузориш дод.

Куштори хоҳарон Зуҳро Қурбоноваи 28-сола ва Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаби 2-юми апрел вокуниши тунди ҷомеаро ба вуҷуд овард. Ҷасади онҳоро рӯзи 2-юми апрел ба хок супориданд.

Дар чанд соли охир ин аввалин куштори хонаводаҳо дар Тоҷикистон нест, ки расонаӣ ва боиси нигаронӣ мегардад. Аз ҷумла, куштори пурсарусадои модар ва се фарзанди ноболиғи ӯ дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки шаби 5-ум ба 6-уми сентябри соли гузашта содир шуд, боиси тарсу ҳароси сокинони ин деҳа гардид. Дар пайи ин куштор Шаҳло Назарова, модари 44-сола ва Ҳабибаи 17-сола, Ҳамидаи 15-сола ва Шарифи 12-сола ҷон бохтанд.

Инчунин, силсилакушторҳо дар Конибодом, ки моҳи марти соли 2024 оғоз гардида то охири сол, номи 23 аъзои 7 оила, ки дар ин шаҳр кушта шудаанд расонаӣ гардид. Ин ҳодисаи мудҳиш на танҳо сокинони ин шаҳр, балки тамоми аҳолии кишварро ба даҳшат оварда буд.

Мақомот гуфтанд ангезаи ин кушторҳо ғоратгарӣ ва тасарруфи молу амвол буда, “ягона мақсади гунаҳкорон ба даст овардани маблағ буд”. Дар ҳарду ҳолат ҳам гумонбарони асосӣ ба ҳасби абад маҳкум шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

0

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул, ки дирӯз, 5-уми апрел баргузор шуд, “ба таври ғайримустақим аз неруҳои амниятии Толибон барои таъмини хуби амният дар марз қадрдонӣ кардааст”.

Дар ин нишаст, ки бо ташабуси ҳукумати Толибон* ташкил шуд, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон иштирок доштанд.

Хабаргузории ББС, дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон навиштааст:

“Ҷаноби Саъдӣ Шарифӣ амнияти Афғонистон ва муносибат бо онро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст”, – навиштааст ин расона.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон менависад, ки ҳадафи баргузории ин нишаст “таҳкими гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамоҳангии дипломатӣ, муайян кардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, ҳамлу нақл ва тарҳрезии роҳи ҳамаҷонибаи ҳамгироии минтақавӣ” мебошад.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон изҳори умедворӣ кардааст, ки “бо баргузории ин нишаст, як нақшаи роҳи ҳамкории ҳамаҷониба миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зист таҳия хоҳад шуд”.

Амирхон Муттақӣ
Акс аз orient.tm

Ӯ ёдовар шудааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми савдо миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 2,7 миллиард доллар расидааст ва нақша доранд, ки солҳои наздик он то ба 10 миллиард доллар расонида шавад.

Амирхон Муттақӣ ба чолишҳои муштарак, аз ҷумла таҳдидҳои амниятӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тағйирёбии иқлим ишора карда, ба ҳамкории муштарак барои идоракунии онҳо даъват кардааст.

Ӯ зикр кардааст, ки Афғонистон бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон 2329 километр марзи муштарак дошта, ҳамкориҳои муштарак барои таҳкими амният ва идоракунии сарҳадҳо дар ин самт ба роҳ монда мешавад.

Дар “Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла “ТАПИ”, “CASA-1000” ва “Афғон-Транс” ҳамчун тарҳҳои калидӣ барои таҳкими ҳамкориҳо номбар шудаанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯяд, то имрӯз 25 километр қубур дар масири марзии Ҳирот–Туркманистон дар доиҳаи лӯлаи гази ТАПИ гузошта шудааст ва 120 километри дигар барои оғози корҳои сохтмонӣ пурра омода аст.

Хоҷа Авезов, сафири Туркманистон тасдиқ кардааст, ки “сатҳи амният дар Афғонистон” имкон додааст, татбиқи лоиҳаҳои фарогир ба марҳилаи анҷомёбӣ наздик аст ва то охири соли 2026 ба анҷом мерасад.

Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, 5 апрели соли 2026.
Акс аз @AFGDefense

Гуфта мешавад, ки ин иқдом Ҳиротро ба аввалин маркази бузурги саноатӣ табдил медиҳад, ки мустақиман аз конҳои Туркманистон таъмин мешавад.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар таҳкими соҳилҳо ва навсозии нишонаҳои марзӣ дар Амударё пешниҳод шудааст. Дар гузашта номуайянӣ дар соҳили дарёи Панҷ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистонро муайян мекунад, боиси ҷанҷоли афсарону тоҷику Толибон шуда буд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи “Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи чоруми музокирот байни ҳукумати Толибон ва Покистон дар Урумчӣ баргузор шуд, зарурати ҳалли низоъ байни ду кишвар тавассути муколама таъкид гардид.

“Толибон” аз замони ба даст овардани Афғонистон дар соли 2021 пайваста кӯшиш мекунанд, ки бо Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуб барқарор кунанд.

Вале Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Бо ин вуҷуд, охири соли гузашта ва аввали соли равон аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон чанд ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он чанд кас, аз ҷумла шаҳрандони Чин кушта шуданд.

Ҳарчанд ҳукумати Толибон гуфт, ки ба ин ҳамлаҳо даст надоранд ва ин кори гурӯҳҳое аст, ки мехоҳанд муносибати ду кишварро бад кунанд, вале Тоҷикистон чанд маротиба аз онҳо хост, ки гунаҳкоронро дастгир ва амният дар сарҳади ду кишварро таъмин кунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – “Афғонистон” бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки се рӯз барои сокинони кишвар “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад. Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом аз 6 то 8-уми апрел дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ  ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ”, ки то 10-уми апрел идома мекунад, баргузор мешавад.

Ҳамин тавр, ба қавли Вазорат, сокинон имрӯз 6-уми апрел, имкон доранд, ки аз дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Тоҷикистон” аз ташхиси бепул гузаранд.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин ниҳод, рӯзи 7-уми апрел ташхиси ройгон дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад.

Барои бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ин чорабинӣ рӯзи  8-уми апрел дар тамоми муассисаҳои тандурустии ин вилоят ба роҳ хоҳад шуд.

Вазорат изҳор доштааст, ки дар доираи ҳафтаи саломатӣ, то 10-уми апрел баргузории бархе чорабиниҳо, ба монанди машғулияту машваратҳои солимгардонӣ дар кишвар дар назар дошта шудааст.

Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Ин маърака солҳои пеш ҳам гузаронида мешуд ва онҳое, ки тавони пардохтро надоранд, ба беморхонаҳо мешитофтанд.

Сокинон мегӯянд, чунин маъракаҳо бояд бештар баргузор шавад, зеро аксари мардуми ниёзманд имкони пардохти ташхисҳои тибии гаронарзишро надоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.