“Dushanbe Grand Slam 2025”. Тоҷикистон бо дарёфти 11 медал дар ҷойи аввал қарор гирифт

Ҷудокорони тоҷик мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” ё "Dushanbe Grand Slam 2025” – ро бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба анҷом расониданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи медалҳо мақоми аввалро касб кард. Муобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025” аз 2 то 4-уми май дар  Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ҷудокорони тоҷик мусобиқаи байналмилалаии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” ё "Dushanbe Grand Slam 2025” – ро бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба анҷом расониданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи медалҳо мақоми аввалро касб кард.

Муобиқаи "Dushanbe Grand Slam 2025” аз 2 то 4-уми май дар  Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он 36 варзишгари тоҷик, 28 мард ва 8 зан ширкат карданд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа – 4-уми май, 13 паҳлавони тоҷик ба рақобат пардохта, 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали тиллои ҷудокорони тоҷикро дар рӯзи охири мусобиқа Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 кг ба даст овард. Ӯ дар финал бо имтиёзи иппон муқобили ҷудокори 26-солаи озарбойҷонӣ Ҷамол Ғамзатхонов дастболо шуд. Ин дуюмин медали тилло ва дар умум 10-умин медали Темур Раҳимов аз мусобиқаҳои “Гранд Слам” буд.

Медали нуқраи паҳлавонони тоҷикро рӯзи гузашта дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов соҳиб шуд. Ӯ баъди ҳарифони худ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт, вале дар ин марҳила аз Ҷаъфар Костоев, намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб ноком шуда, нишони нуқраро ба гардан овехт. Ин аввалин бор аст, ки Ҷаҳонгир аз мусобиқаҳои “Гранд Слам” медали нуқра мегирад..

Медали биринҷии варзишгарони тоҷикро бошад, дар охирин рӯзи мусобиқа Кароматулло Ҳакимов моли худ кард. Ӯ барои ба даст овардани медали биринҷӣ Оливер Барратти 23-сола аз Британияи Кабирро мағлуб кард.  Ин маротибаи якум ст, ки Кароматулло аз мусобиқаҳои “Гранд Слам” медал мегирад.

Дар рӯзи охирони мусобиқаи “Гранд Слами Душанбе” 10 варзишагри дигари тоҷик – Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамммир Каримзод ҳар чор дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев ҳарду дар вазни то 100 кг, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев ҳарсе дар вазни ҷамъи 100 кг ва Виктория Киселёва (миён7и бонувон) дар вазни ҷамъи 78 кг дар марҳилаи гуногун шикаст хӯрда, аз медалҳо бенсиб монданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми май, 8 паҳлавони тоҷик ба майдон омада, се медал, 2 тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллои варзишгарони тоҷикро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гардан овехтанд. Ягона медали биринҷии Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг ба даст овард.

Дар рӯзи якуми мусобиқа бошад, 15 паҳлавони тоҷик, 8 мард ва 7 зан куштӣ гирифта, 5 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Медали аввалини варзишгарони тоҷикро Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба даст овард. Ду медали нуқраи рӯзи аввалро Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг ва Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг моли худ карданд. Медалҳои нуқраи рӯзи аввалро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 60 кг ва Мадина Қурбонзода, ҷудокорзани тоҷик дар вазни то 52 кг ба гардан овехтанд.

Тибқи иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 кишвари ҷаҳон иштирок доштаанд.

Аз ҳисоби умумии медалҳо Тоҷикистон бо 11 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ соҳиби ҷои аввал шуд. Ҷойҳои баъдио киҳо соҳиб шуданд, дар тасвирбаёни зер бинед:

Барои мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” 154 ҳазор евро маблағ ҷудо шуда буд. Ғолибон бо 5000 евро, ҷойҳои дуюм бо 3000 евро ва ҷойҳои сеюм бо 1500 евро қадрдонӣ шуданд.

Ба ҷуз аз ин, варзишгарон аз ин мусобиқа дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёз шуданд: ҷойи аввал – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.