Эмомалӣ Раҳмон аз раисони Рашту Тоҷикобод хост, шароити зисти мардуми аз зилзила зарардида ҳарчи зудтар муҳайё гардад

Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки чанде пештар аз зилзила зарар дида буданд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, бори дигар таъкид кардааст, ки корҳои барқарорсозӣ бо сифату суръати баланд иҷро ва шароити зисти мардуми зарардида ҳарчи зудтар муҳайё гардонида шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур хабар додаааст. Зимни суҳбати телефонӣ, ки имрӯз […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки чанде пештар аз зилзила зарар дида буданд, суҳбати телефонӣ анҷом дода, бори дигар таъкид кардааст, ки корҳои барқарорсозӣ бо сифату суръати баланд иҷро ва шароити зисти мардуми зарардида ҳарчи зудтар муҳайё гардонида шавад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳур хабар додаааст.

Зимни суҳбати телефонӣ, ки имрӯз 5-уми май баргузор шудааст, Зарина Идизода ва Қадриддин Фақерзода, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ гузориш доданд.

Онҳо ба раиси ҷумҳур иттилоъ додаанд, ки барқарорсозии хонаҳои мардум ва биною иншооти дигари зарардида ва сохтмони хонаву муассисаҳои нав “мутташакилона идома дорад”. Аммо манбаъ оид ба дар кадом сатҳ қарор доштани  корҳои бартарафсозӣ маълумот надодааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавриди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои мазкур суҳбат карда, таъкид кардааст, ки ба кишти картошка таваҷҷӯҳи ҷиддӣ равона шавад.

Бояд гуфт, ки раисҷумҳур қаблан ба масъулин супориш дода буд, ки хонаҳои аз заминларза зарардидаи Рашту Тоҷикобод то 1-уми ноябр сохта шавад.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум 65 хонаи истиқоматӣ пурра валангор шуда, 193 хона қисман зарар диданд. Инчунин, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.

То имрӯз ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашту Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, “Тоҷиксуғурта” масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор, маводи ғизоӣ ва кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.